Шиносоии Рустами Эмомалӣ бо вазъи кӯчаю хиёбонҳои пойтахт

№29 (4769) 04.03.2024

photo_2024-03-04_07-08-45- Дуюми марти соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рус­тами Эмомалӣ бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки сохторҳои гуногуни шаҳрдорӣ аз як қатор кӯчаҳою хиёбонҳои шаҳр дидан намуда, ба муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин, ба масъулин супориш дода шуд, ки барои сари вақт тоза намудани барф аз назди биною корхона ва мағозаю фурӯшгоҳҳо корбарӣ намуда, баҳри омода намудани каналу селпартоҳо ва сари вақт таъмин намудани сокинон бо оби ошомиданӣ ва неруи барқу гармӣ чораҳои судманд андешанд

Ҳамзамон супориш дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни қишрҳои ҷомеа баҳри самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва сарфаю сариштакорӣ тақвият бахшанд, — хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»