Ширкати Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи сарони парлумонҳо

№58-59 (4320-4321) 01.05.2021

DSC_9564Бисту ҳаштуми апрели соли равон ҷаласаи сарони парлумонҳо перомуни «Нақши парлумонҳо дар таҳкими сулҳ ва эътимоди байналмилалӣ» доир гардид, ки дар қатори сарварони парлумонҳои 14 кишвари дигар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода низ дар он аз тариқи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Ҷаласа ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Туркманистон ва 25-умин солгарди бетарафии он бахшида шуд.

Маҳмадтоир Зокирзода зикр кард, ки баргузории чорабинӣ далели садоқати Ҷумҳурии Туркманистон ба ҳадафҳои таҳкими сулҳ, амният ва эътимоди ҷаҳонӣ мебошад. Аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод» эълон гардидани соли 2021, ки бо ибтикори Туркманис­тон сурат гирифт, идомаи мантиқии талошҳои кишвар арзёбӣ гардид.

- Чорабинии имрӯза дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ва шароити мураккаби байналмилалӣ сурат мегирад. Тамоюли рақобати ҷаҳонии геополитикӣ тақвият меёбад, муносибатҳои байналмилалӣ ноус­тувор боқӣ мемонад ва буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омад, тӯлонӣ мегардад, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд: — Дар асоси воқеиятҳо, Тоҷикистон пайваста ҷонибдори рафъи ҳама гуна таҳдид ба сулҳу субот, амнияти ҷаҳонию минтақавӣ дар асоси равишҳои бисёрҷониба мебошад. Бинобар ин, Тоҷикистон татбиқи тадбирҳои муассир ва пурсамарро барои ба ҳам наздик намудани манфиатҳои миллӣ ва талошҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани давлатҳо барои вокуниши муносиб ба таҳдидҳои ҷаҳони муосир дастгирӣ менамояд. Ғояи ҳамкории минтақавӣ дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн нақшаҳои нави амалиро касб мекунад.

DSC_9583Ҳамчунин, зикр гардид, ки истиқрори сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кафолати таҳкими амният ва оромӣ дар минтақа мебошад. Зимнан, Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли мусолиҳаомези мушкилоти марбут ба Афғонистон буд ва боқӣ мемонад.

- Мо ҳар чӣ бештар кӯшиш мекунем, ки дар ин раванд саҳмгузор бошем. Парлумонҳо бояд дар ташкил ва пешрафти босамари ин раванд нақши муҳим дошта бошанд, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон. — Натиҷаҳои мулоқот омили рушди ҳамкориҳои байни кишварҳо барои таҳкими сулҳу субот мегардад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон