Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупоро ба ҳузур пазируфт

№130 (3767) 04.11.2017

Сеюми ноябри соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро таҳти раёсати Ивета Григули, ки барои иштирок дар ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба шаҳри ­Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Таваҷҷуҳи асосӣ дар мулоқот ба масъалаҳои тақвияти ҳамкории байни Маҷлиси намояндагон ва Парлумони Аврупо зоҳир карда шуд.

Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки рушди устувори муносиботи байни Парлумони Аврупо ва Парлумони Тоҷикис­тон дар такмилёбии қонунгузории марбут ба ­масъалаҳои таҳкими демократия, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва ғайра нақши муҳим дорад.

- Дар нишасти Кумита оид ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ вобаста ба масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳо, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, муносиботи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои муташаккил, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи муҳити зист, тандурус­тӣ Изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он роҳҳои амалишавии вазифаҳои гузошташуда ­инъикос ёфтаанд, — ёдовар шуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин мулоқот ба манфиати мардумони кишварҳои мо хоҳад буд.

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки «мо ба идома додани ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати амалишавии барномаҳои муносибот ва иҷрои уҳдадориҳо вобаста ба узвияти мо дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, ҳамчунин шомилшавӣ ба Шабакаи умумибашарии проференсияи Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ҳавас­мандем. Мехостем Парлумони Аврупо Тоҷикистонро барои шомил шудан ба узвияти Шабакаи умумибашарии проференсияи Иттиҳоди Аврупо (GSP+) дастгирӣ намояд».

Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо дигар кишварҳо, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайра ба меҳмонон  маълумот дод.

Раиси ҳайати Парлумони Аврупо Ивета Григули иброз дошт, ки умед доранд, масъалаҳои дар ҷараёни боздид баррасишаванда ҳалли мусбат ва ниҳоии худро хоҳанд ёфт.

- Парлумони Аврупо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақа шарики боэътимод медонад ва дар заминаи масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ аз мавқеи он пуштибонӣ хоҳад кард, — гуфт ӯ.

Дар мулоқот, ҳамчунин ­аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Иттиҳоди Аврупо иштирок доштанд.

 Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти

Дастгоҳи Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии

Тоҷикис­тон