Якуми апрели соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати парлумонии Бундестаги Ҷумҳурии Федеролии Олмон Фолкмар Фогел, Дагмер Шмидт, Катрин Кунерт ва Йоханнес Дитрих мулоқот намуд.
Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон зиёда аз 40 созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ ба имзо расидааст. Дар доираи созишномаҳои мазкур ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст. Аз ин хусус алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ – сафари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон, вакилони парлумони Бундестаг ва дигар нафарони воломақоми Олмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ афзуд, ки тайи солҳои охир лоиҳаҳои бешумор аз ҷониби ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар кишвар татбиқ мегарданд.
Ҷумҳурии Федеролии Олмон бо иқтидор ва таҷрибаи бойи худ дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи минтақа, гирифтани пеши роҳи таҳдидҳои трансмиллӣ, аз қабили терроризм, фурӯши одамон, ҷиноятҳои мансуб ба маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳо низ саҳми бузурги худро метавонад гузорад.
Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба масъалаи Афғонистон гуфт, ки Тоҷикистон ҷонибдори роҳи мусолиматомези барқарор сохтани иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар ин давлати ҳамсоя мебошад. Дар иртибот ба ин, истифодаи иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ҷиҳати барқарорсозии иқтисодиёти дар натиҷаи ҷанги тӯлонӣ харобгаштаи Афғонистон метавонад омили бузурги пешравии иқтисодиёт, таъминкунандаи сулҳ ва субот дар минтақа гардад.
Шукурҷон Зуҳуров бо ишора ба равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Олмон ёдовар шуд, ки миёни Маҷлиси намояндагон ва Бундестаги Олмон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият дорад ва фаъолияти ин гурӯҳҳо барои ривоҷу равнақ ёфтани ҳамкориҳо дар дигар бахшҳо заминаи мусоид ба вуҷуд меорад.
Роҳбари ҳайати парлумонии Олмон Фолкмар Фогел иброз дошт, ки парлумони кишвараш барои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад ва дар минтақа Тоҷикистон метавонад ҳамчун яке аз шарикони асосии стратегии Аврупо гардад.
Дар мулоқот, ҳамчунин аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бундестаги Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олимҷон Салимзода, Лутфия Раҷабова, Нурулло Оқилзода, Толибхон Азимзода ва Бахтовар Сафаров ширкат варзиданд.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон