Имрӯзҳо вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар бо интихобкунандагон оид ба тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Аз ҷумла, ёздаҳуми январи соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолон ва ҷавонони ноҳияи Рашт мулоқот намуд.
Шукурҷон Зуҳуров, қабл аз ҳама, паём ва таманниёти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинони ноҳияи Рашт расонид ва аз комёбиҳои тайи 25 соли соҳибистиқлолӣ бадастомада таҳти сарварии Пешвои миллат бо мисолҳои мушаххас ёдовар шуд. Дар робита ба Паёми Сарвари давлат Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки он, пеш аз ҳама, диққати моро ба воқеаҳои оғози солҳои навадуми асри гузашта, ки бо мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ, мардуми ноогоҳи мо ба гирдоби мухолифатҳои шадид гирифтор шуд, ҷалб менамояд. Маҳз Сарвари давлат бо талошу кӯшишҳои мардонаашон тавонистанд пеши роҳи хунрезиро бигиранд ва шароитро барои барқарории сулҳ дар саросари мамлакат фароҳам оваранд. Ҳамин тариқ, аз 25 соли соҳибистиқлолӣ даҳ соли он барои таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар сарф шуд ва мо танҳо аз аввали солҳои 2000- ум ба марҳилаи рушд дохил гардидем ва тайи солҳои минбаъда ба дастовардҳои назаррас ноил шудем, ки худ шоҳидед.
Мехостам, ин ҷо махсусан, аз ба вуҷуд омадани низоми ягонаи энергетикӣ ёдовар шавам. Пешвои миллат хуб ба ҳисоб гирифтанд, ки ягон давлати дунё бе таъмини неруи барқ пеш рафта наметавонад. Ҳамин буд, ки бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар мамлакат низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар Тоҷикистони мо дарёҳо зиёданд ва мо аз ҳама зиёдтар имконият дорем, ки ба истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ноил шавем.
Ҳамаи мо шоҳиди оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» будем ва бо оғози бунёди сарбанд умедамон зиёд шуд, ки соли 2018 нахустин агрегати он ба кор шурӯъ мекунад.
Ҳамчунин, худатон шоҳидед, ки чанд сол пеш аҳолӣ дар як шабонарӯз ҳамагӣ шаш соат бо неруи барқ таъмин буд. Хушбахтона, имсол ин рақам ба 18 соат расидааст, ки аз ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбат ба сокинони мамлакат гувоҳӣ медиҳад.
- Як нуктаи муҳим дар Паём, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — масъалаи сохтмони роҳҳо буд. Хушбахтона, баъди анҷоми бунёди роҳҳои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтем. Дар ин давра беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 30 километр нақб ва 190 километр роҳи оҳан сохта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба масъалаи кишоварзӣ ҳам диққати ҷиддӣ додаанд. Аз ҷумла, масъалаи ба истифода додани заминҳои бекорхобида, беҳ гардонидани ҳолати заминҳои дар истифодабуда ва дарёфти тухмии хушсифатро махсусан таъкид намуданд. Тибқи дастури Сарвари давлат, кишоварзон набояд аз ҳосили гирифтаашон қаноатманд бошанд. Ҳосилнокии заминро афзоиш додан ва фарҳанги заминдориро боло бурдан аз ҷумлаи вазифаҳои хеле муҳим аст.
Дар соҳаи маориф он нуктаро мехоҳам ёдовар шавам, ки агар соли аввали соҳибистиқлолӣ дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд. Тавре аз Паём бармеояд, ба масъалаи ҷалби ҷавонони боистеъдод барои аз бар намудани донишҳои муосир эътибори ҷиддӣ ва ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи бештар зарур аст. Дар ин масъала ҳамкории мактаб бо оила муҳим мебошад. Падару модар ва омӯзгорон бояд ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.
Тоҷикистон мамлакати аграрӣ-саноатӣ мебошад ва тибқи барномаҳои давлатии қабулкарда ба сӯи мамлакати саноативу кишоварзӣ қадам мегузорад. Акнун вазифа аз он иборат аст, ки ба масъалаи тарбияи мутахассисони соҳибтаҳсилот кӯшиш ба харҷ диҳем, зеро барои сохтмони корхонаҳои гуногун мутахассисони соҳибкасб заруранд. Маҳз бунёди корхонаҳо имкон медиҳанд, ки аз як тараф, ҷойи кори нав пайдо ва аз ҷониби дигар, ашёи хом дар дохили кишвар бештар коркард шавад. Инро метавон дар мисоли пахта гуфт. Деҳқон як кило пахтаро се сомонӣ мефурӯшад, вале соҳибкорони мо аз хориҷи кишвар нахи онро бо арзиши якуним доллари америкоӣ харидорӣ мекунанд.
Рушди соҳибкорӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, зеро бе рушди соҳибкории хурду миёна пешравӣ ғайриимкон аст. Барои соҳибкорон бояд шароит фароҳам овард, ки корхонаҳои хурд таъсис диҳанд. Мутаассифона, аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки соҳибкорон аз ҷониби масъулин хуб дастгирӣ намеёбанд.
Соҳаи сайёҳӣ ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор дорад. Тоҷикистон бо табиати зебо ва мардуми меҳмоннавозаш диққати оламиёнро ба худ ҷалб кардааст. Зарур аст, ки дар кишвар соҳаи сайёҳӣ инкишоф ёбад. Бо дастури Пешвои миллат соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад. Бояд хизматрасонӣ дар ин самт беҳтар карда шавад ва бо ин мақсад омода намудани кадрҳои болаёқат вазифаи муҳим мебошад.
Чуноне мегӯянд: «Оянда аз ҷавонон аст». Бояд онҳо ҳамчун меросбари ҳақиқӣ ба воя расанд. Соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намудани Пешвои миллат низ ба ҳамин хотир аст.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша барои амалӣ гардидани ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавонон онҳоро дастгирӣ менамояд. Дар ҷавоб ҷавонони мо бояд ба илмомӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунарҳои муосир кӯшиш намоянд ва донишу истеъдоду неруи худро барои ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Терроризм ва экстремизмро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вабои аср номидаанд. Мушоҳида ва таҳлилҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ягон давлати дунё аз хатари терроризм ва экстремизм эмин нест. Дар Паём Сарвари давлат ин масъаларо бори дигар ёдовар шуда, онро хатари глобалӣ номиданд, зеро он ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Агар мамолики олам сарҷамъона пеши роҳи онро нагиранд, оянда вазъ печидатар мегардад.
Мушкилоти дигар, ки боиси нигаронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидааст, авҷ гирифтани коррупсия дар кишвар аст. Дуруст аст, ки дар рух додани ҳолатҳои коррупсионӣ, пеш аз ҳама, худи мардум гунаҳкоранд. Онҳо ба хотири зудтар ҳал намудани мушкилоташон ба ин кор даст мезананд. Рух додани ҳолатҳои коррупсионӣ рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро халалдор менамояд. Вақти он расидааст, ки ба хотири пешгирии коррупсия масъулони идораҳои болоӣ дар масъалаи интихоби кадрҳои арзанда аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Бояд ҷомеа барои решакан намудани он саҳм гузорад. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.
Дар интиҳо Шукурҷон Зуҳуров оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар соли гузашта мухтасар маълумот дод. Аз ҷумла, иброз дошт, ки дар давоми сол 277 қонун ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва ё таҳрир шуданд.
Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода»-ро интихоб кардааст. Мо бо кишварҳои олам муносибатҳои хуб дорем. Бо шарофати сиёсати хориҷии мутавозин Тоҷикистони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ монд.
Сипас, аз ҷумлаи интихобкунандагон собиқадори меҳнат Аъзам Ҳасанов, донишҷӯйи соли чоруми Коллеҷи тиббии ноҳия Сайёра Азимова ва раиси Ҷамоати деҳоти «Ясман» Исматулло Абдухалилов дар тақвияти суханони Шукурҷон Зуҳуров таъкид карданд, ки сокинони ноҳияи Рашт барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, софдилона меҳнат мекунанд.
Сафари кории Шукурҷон Зуҳуров дар минтақаи Рашт идома дорад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир Неъматулло АЛИЕВ