Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 3 сентябри соли 2015 дар радифи сад раиси парлумони кишварҳои дунё дар маросими гузоштани нишони хотиравӣ ба «Дарахти сулҳ»-и қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд.
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамзамон дар доираи Конфронси чоруми ҷаҳонии раисони парлумонҳои дунё аз осорхонаи марказии Ню -Йорк ва дигар ёдгориҳои таърихии Амрико дидан намуданд. Бо ҳамин сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Амрико ба анҷом расид.
АМИТ «Ховар»