Шукурҷон Зуҳуров ба «Дарахти сулҳ» нишони хотиравӣ гузошт

№119-120 (3420-3421) 07.09.2015

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 3 сентябри соли 2015 дар радифи сад раиси парлумони кишварҳои дунё  дар маросими гузоштани нишони хотиравӣ ба «Дарахти сулҳ»-и қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд.

Ҳайати парлумонии  Тоҷикистон ҳамзамон дар доираи Конфронси  чоруми ҷаҳонии  раисони парлумонҳои дунё аз осорхонаи марказии Ню -Йорк  ва дигар ёдгориҳои таърихии Амрико дидан намуданд. Бо ҳамин сафари  ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Амрико ба анҷом расид.

 АМИТ «Ховар»