Панҷуми августи соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо маърӯзачии махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ Лео Хеллер ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи мазкури Созмони Милали Муттаҳид, нақши Парламенти Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, баргузор намудани семинар ва ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ бо иштироки мутахассисон ва коршиносони кишварҳои минтақа вобаста ба ин мавзӯъ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Шукурҷон Зуҳуров дар бораи нақши Парламенти Тоҷикистон дар бахши фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ ҷиҳати мусоидати мустақим ба ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба масъалаи ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ маълумот дода, таъкид кард, ки Парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина қонунҳои алоҳида қабул намуда, ҳамзамон вобаста ба талаботи рӯзмарра ба як қатор қонунҳо тағйиру иловаҳо ворид кардааст.
Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки аз фурсат истифода бурда, мехостам ба кулли ҳамшарикони мо, аз ҷумла муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахши хусусӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидати фаъолашон дар татбиқи амалии тадбирҳои «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» изҳори сипос намоям.
Имрӯз масъалаи асосие, ки дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, аз он иборат аст, ки ба чӣ тариқ уҳдадориҳои эълоншуда метавонанд ба амалиёт ва нақшаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об пайваста, татбиқи комилу амалии худро ҷиҳати беҳбуди ҳаёти ҳар фард пайдо намоянд. Дар оғози фаъолияти муштараки мо дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», ки бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола иртиботи ногусастанӣ дорад, дар пешорӯи мо айнан чунин масъала меистод.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин зикр намуд, ки тавре дар ҳисоботи солҳои охир оид ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола зикр шудааст, тайи ду даҳсолаи охир зиёда аз 2,1 миллиард одамон бо об беҳтар таъмин гашта, шароити санитарии 1,9 миллиард сокинони Замин рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
Дар баробари ин, айни замон тақрибан 768 миллион нафар аз сарчашмаҳои хатарнок об истеъмол намуда истодаанд ва барои 2,5 миллиард сокинони сайёра шароити аввалияи санитарӣ дастнорас аст. Зиёда аз ин, пешрафти бадастомада на танҳо дар байни минтақаҳо ва кишварҳо, балки дар байни аҳолии деҳот ва шаҳрҳои мамлакатҳо номутаносиб аст.
Имрӯз дар Тоҷикистон танҳо 58,5 фоизи аҳолии кишвар аз сарчашмаҳои хушсифати оби нӯшокӣ ва қариб 30 фоизи он аз шароити хуби санитарӣ истифода мебаранд.
Дар панҷ соли охир Ҳукумати кишвар барои ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об зиёда аз 20 стратегия ва барномаву нақшаҳои корӣ қабул кардааст, ки дар чаҳорчӯби онҳо барои лоиҳаҳои мушаххас зиёда аз 500 миллион доллари амрикоӣ масраф мешавад.
Дар иртибот ба таъсири тағйироти иқлим тайи солҳои охир дар Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров таъкид сохт, ки 93 фоизи қаламрави ҷумҳуриро, ки кӯҳҳо ташкил медиҳанд, афзоиши офатҳои табиии бо захираҳои об алоқаманд ба мушоҳида мерасад, ки боиси зиёни бузурги иқтисодиву маънавӣ мегарданд. Аз ин лиҳоз, дар сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам мавриди баҳсу муҳокима қарор додани масъалаи офатҳои табиии бо захираҳои об алоқаманд мувофиқи мақсад мебошад.
Раиси Парламенти касбии мамлакат ҳамчунин иброз намуд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба хотири мусоидат ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, алалхусус дар соҳаи об, тамоми тадбирҳои лозимаро андешида истодааст. Аз ҷумла кишвари мо дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ аз соли 1992 Созишномаро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идораи муштараки истифода ва ҳифзи захираҳои оби сарчашмаҳои байнидавлатӣ имзо намуда, дар соли 1993 ҳаммуассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал гардид.
Ба хотири таъмини аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тозаи ошомиданӣ мо бунёди Консорсиуми байналмилалиро оид ба истифодаи кӯли Сарез пешниҳод карда будем. Зимнан, вақте ки дар минтақа афзоиши камбуди захираҳои оби ошомиданӣ ба мушоҳида мерасад, лоиҳаи номбурда қобили таваҷҷуҳи хос аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо оид ба истифодаи муштараки захираҳои бойи обу энергетикиаш ибтикор нишон додааст. Аз неруи эҳтимолии барқи мо, ки ба андозаи 527 миллиард киловатт — соат дар як сол арзёбӣ мегардад, то ҳол фақат ба қадри 3-4 фоиз истифода мешаваду халос.
Азхудкунии минбаъдаи ин неруи бузурги аз лиҳози экологӣ тоза метавонад ба ҳалли фарогири масъалаҳои сершумори муосир ва ояндаи минтақа, аз ҷумла марбут ба таъминот бо об ва амнияти энергетикиву озуқаворӣ мусоидат намояд.
- Аз фурсат истифода бурда, мехостам бори дигар изҳор намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки густурда буд ва хоҳад монд. Мо хуб мефаҳмем, ки танҳо ҳамкории мутамаддин ва иродаи сиёсӣ метавонад барои мо пешрафту инкишофро дар ин ҷода таъмин намоянд. Тоҷикистон ба чунин ҳамкорӣ комилан омода аст, — гуфт дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.
Дар навбати худ Лео Хеллер аз талошҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Комиссияи экологии ин мақоми олии қонунгузор барои фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ таъмин намудани аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки барномаи онҳо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар мулоқот ҳамчунин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев иштирок намуданд.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир А. ИСОЕВ