Шукурҷон Зуҳуров бо раисони ҳар ду палатаи Парлумони Покистон мулоқот намуд

№36 (3516) 17.03.2016

IMG_9047Понздаҳуми марти соли 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии  Исломии Покистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Сардор Аёз Содиқ мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров сипоси самимонаи худро ба Сардор Аёз Содиқ барои даъват ва меҳмоннавозиву пазироии гарм иброз намуда, гуфт, ки густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Покистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии  Исломии Покистон аз 6 июни соли 1992 муносибатҳои дипломатии худро барқарор кардааст ва зиёда 40 санади дуҷонибаро ба имзо расонидааст.

Сафари ҳайатҳои парлумонии ҳар ду ҷониб ба кишварҳои ҳамдигар, иштироки онҳо дар конфронс ва ҷаласаҳои парлумонӣ робитаҳои ҳар ду ҷонибро беш аз пеш тақвият мебахшанд.

Соли гузашта Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориро бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис дода, рӯйхати аъзои онро фиристод, ки барои ба сатҳи нав ва баланд бардоштани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мусоидат хоҳад кард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин таъкид намуд, ки дар робита ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мо пешниҳоди ҷониби Покистонро дар мавриди созмон додани Парлумони Осиё ҷонибдорӣ менамоем, зеро ин ибтикор ҷавобгӯи ниёзҳо дар самти тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини сулҳу субот мебошад.

- Дар иртибот ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун мехостам баъзе ишораҳо намоям, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров: — Яке аз  самтҳои авлавиятнок густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика мебошад. Ин масъала барои кишварҳои мо муҳим арзёбӣ мегардад. Мо алоқамандем, ки ҷалби сармоягузории покистонӣ ба лоиҳаҳои  гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла иштироки ширкатҳои покистонӣ дар лоиҳаи дуюми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистон (аз тариқи долони Вахон ва минтақаи Читрали Покистон), ба ғайр аз лоиҳаи CASA-1000, фаъолтар  сурат гирад.  Дар оянда ният дорем, ки бо дӯстони покистонии худ лоиҳаҳои муштаракро, ки ба суди на танҳо ду кишвар, балки минтақа низ мебошанд, амалӣ намоем.

Воситае, ки имконияти баррасии ҳаматарафаи ҳамкории байни ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф фароҳам меорад, Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникии Тоҷикистону Покистон мебошад, ки то имрӯз чор ҷаласа барпо намудааст ва тибқи ҳамоҳангии қаблӣ, ҷаласаи навбатӣ бояд  дар Исломобод баргузор гардад. Баргузории он имкониятҳои иқтисодию тиҷоратиро боз ҳам васеъ гардонида, ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад. Дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ дар Тоҷикистон ширкатҳои покистонӣ метавонанд ҳузури бештар ва фаъолтар дошта бошанд.

- Таи даҳ соли охир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 100 ҳазор то ба 100 млн. доллари ИМА расидааст, ки боиси қаноатмандист, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров ва идома дод: — Азм дорем, ки бар асоси мувофиқаи миёни роҳбарони олии кишварҳои мо ҳосилшуда ҳаҷми гардиши молро дар се соли оянда то ба 500 млн. доллари ИМА афзоиш диҳем.

Кушодани корхонахои муштарак ва истеҳсоли маҳсулоти  ниҳоӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, коркарди пӯст, бешубҳа, ба манфиати ҳар ду кишвар ва мардуми минтақа хоҳад буд.

Мо борҳо омодагии худро ҷиҳати пайвастани роҳҳои оҳану мошингард, шабакаҳои барқии миёни ду кишвар ва ифтитоҳи хатсайри доимии ҳавоӣ, чун василаи густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таъкид намудаем.

Айни замон баррасии Созишномаи сеҷонибаи тиҷоратии  транзитӣ байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, ки лоиҳаи онро ҷониби покистонӣ пешниҳод намудааст, идома доранд. Дар ин самт мутахассисони тарафҳо санади ниҳоиро омода карда истодаанд. Умед дорем, ки он дар вохӯрии сарони кишварҳо, ки моҳи майи соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, ба имзо мерасад.

Санади номбурда метавонад такондиҳандаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ин се кишвар гардад. Тоҷикистон имкон дорад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба яке аз кишварҳои транзитӣ ва ё пайвасткунандаи ду минтақа табдил ёбад. Бинобар ин, мутмаинам, ки Покистон бо мавқеи муҳими ҷуғрофии транзитиаш ва ҳамчун кишвари бонуфузи минтақа метавонад ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ба имзо расонидани санади мазкур саҳмгузор бошад.

Инчунин, дар фурсати наздиктарин ворид гардидани Тоҷикистон ба Созишномаи чорҷонибаи Покистон – Чин – Қирғизистон – Қазоқистон  барои расидан ба ин ҳадафҳо созгор мебошад.  Дар ин хусус мо дархости расмиро ба ҷониби Покистон ҳамчун кишвари маҳфуздорандаи созишномаи мазкур ирсол намудем ва бовар дорем, ки дар наздиктарин фурсат бо кумаки дӯстони покистонӣ ин масъала низ ҳалли мусбати худро пайдо мекунад.

Масъалаи ифтитоҳи хатти парвоз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки пайвандгари робитаи мардуми дӯст ва василаи рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои мо мебошад, дар баррасии ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон қарор дорад ва дар марҳалаи амалишавист. умед аст, ки ширкатҳои масъул дар вохӯрии моҳи марти соли равон дар Душанбе  санади ниҳоиро ба имзо мерасонанд.

Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин ба масъалаҳои байналмилалӣ  дахл намуда, афзуд, ки яке аз масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон вазъияти  Афғонистон мебошад. Пайдо шудани гурӯҳҳои гуногуни террористӣ, аз қабили бо ном «Давлати исломӣ» дар Афғонистон ин кишварро ба макони терроризми байналмилалӣ табдил медиҳад. Чунин вазъият кишварҳои моро водор месозад, ки дар мубориза алайҳи  таҳдидҳои муосир дастаҷамъона мубориза барем. Мавҷудияти ин созмони террористии байналмилалӣ дар Афғонистон ба амнияти миллии кишварҳои мо таҳдидҳои мустақим ва бузургро эҷод месозад.

Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Сардор Аёз Содиқ ҳайати парламентии Тоҷикистонро ба кишвараш хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки ташрифи ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон қадами ниҳоят муҳим дар рушди равобити байнипарлумонии ду кишвар ба шумор меравад.

Сардор Аёз Содиқ сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сарони ду кишвар ва мавҷуд будани як қатор умумиятҳои муштарак байни мардуми тоҷику покистонро, ки аз умқи қарнҳо маншаъ мегиранд, барои боз ҳам мустаҳкам гардидани дӯстии миёни Тоҷикистону Покистон  омили муҳим арзёбӣ намуд.

Сардор Аёз Содиқ таъкид намуд, ки Покистон Тоҷикистонро ҳачмун яке аз сарчашмаҳои тамаддун, таърих, динию фарҳангӣ ва «Дарвозаи Осиёи Марказӣ» мешиносад. Тасдиқи ин гуфтаҳо забони урду аст, ки шаст фоизи онро калимаҳои форсӣ ташкил медиҳанд.

Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон гуфт, ки ҳарчанд сатҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо қаноаткунанда аст, мо ҳанӯз аз тамоми имконоти мавҷудаи ҳамкориҳоямон ба таври комил истифода накардаем. Дар ин замина бояд рафтуомади ҳайатҳои парлумонӣ  ба кишварҳои ҳамдигар вусъат дода шаванд.

Ҷаноби Сардор Аёз Содиқ, инчунин  даъвати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро барои анҷоми сафар ба Тоҷикистон бо хушҳолӣ қабул намуд.

***

IMG_9087Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Исломобод бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Ризо Раббонӣ мулоқот намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки Покистон, дарвоқеъ, кишвари дӯст ва шарики Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Покистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Шукурҷон Зуҳуров аз ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар имкониятҳои амалӣ ва сатҳи муносиби иқтисодиро доро мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти имкониятҳои васеъ барои коркарди ашёи хоми ватанӣ, қувваи арзони корӣ ва зарурати таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ба рушди корхонаҳои саноатӣ ниёз дорад. Дар ин раванд Покистон метавонад ҳамкориҳои судмандро ба тариқи маблағгузории лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монад.

Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Ризо Раббонӣ иброз дошт, ки Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон аз дастовардҳои парлумони Тоҷикистон дар самти қонунофарӣ, ба хубӣ огоҳ аст ва густариши ҳамкорӣ бо чунин парлумони ботаҷрибаро муҳим мешуморад.

Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон истифода аз таҷрибаи якдигарро яке аз омилҳои таҳкими муносиботи дуҷонибаи парлумонӣ дониста, изҳор дошт, ки бояд танҳо бо иштирок кардан дар чорабиниҳо ва конфронсҳои муштарак маҳдуд нашавем, балки бевосита дар ҷараёни баргузории иҷлосияҳои парлумонҳои якдигар ширкат варзида, таҷрибаи ҳамдигарро омӯзем ва истифода намоем.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, фарҳанг ва туризму варзиш баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм, ифротгаройӣ ва қочоқи маводи мухаддир низ мавқеи муштарак доштанд. Таъкид шуд, ки дар шароити ниҳоят мураккаби глобалӣ робитаҳо бояд бештар густариш ёбанд ва барои мубориза бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб аз имконоти мавҷуда ба таври муштарак истифода гардад.

 Муҳаммадато СУЛТОНОВ, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон