11 сентябри соли 2017 вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сокинони ноҳияи Рашт дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи омӯзгории ноҳия баргузор гардид.
Вохӯриро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшоҳ Холиқ ифтитоҳ бахшид ва суханро ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дод.
- Бо камоли эҳтиром ва ифтихор самимитарин саломи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шумо, сокинони заҳматқарину ватандӯсти ноҳияи Рашт, мерасонам, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва идома бахшид: — Шодам, ки бори дигар ба дидори мубораки шумо расидем. Ду рӯз пеш мардуми кишвар 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифт ва ман бо истифода аз фурсат ин рӯзро барои ҳамаи шумо табрик мегӯям. Даҳ рӯз пеш мо дар мамлакат иди саиди Қурбонро мутобиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бешубҳа, ҳама ба нафъи мардуманд, таҷлил намудем ва хабар дорам, ки сокинони ноҳия рӯзи ид аз доираи қонун берун нарафтаанд.
Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин ба ҳозирин оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла зикр кард, ки сиюми июни соли равон, баъди нуҳ моҳи заҳмати пурмаҳсул, мо аз бурду бохти Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ намудем. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ҳама самтҳо натиҷаҳо назаррасанд. Дар давраи мавриди назар 175 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 11 қонуни мукаммал, 1 кодекс, 2 қонуни конститутсионӣ ва ғайра қабул шуд. Бори аввал дар таърихи қонунгузории тоҷик Кодекси тандурустии Тоҷикистонро қабул намудем. Ҳангоми таҳияи кодекси мазкур қонунҳои амалкунандаи соҳаи тандурустии кишвар ва таҷрибаи пешрафтаи қонунгузории ҷаҳонӣ истифода шуданд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки бо қабули кодекси мазкур 16 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ аз эътибор соқит гардиданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳо оид ба рушди саноат, истеҳсоли масолеҳи ватанӣ ба рақобат устувор ва афзоиши иқтидори содиротии саноат, дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин саноатикунонии мамлакат, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, таҳия ва қабул гардид.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва имконоти қабули васеи сайёҳони хориҷӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» таҳия ва қабул гардид.
Дар давраи зикршуда ба Маҷлиси намояндагон 388 муроҷиати хаттӣ ворид ва 594 шаҳрванд қабул карда шуд. Аксарияти аризаву шикоятҳо аз рӯи иртибот барои баррасӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру вилоят ва ноҳияҳо фиристода шуданд. Инчунин, як қисм ариза ва шикоятҳо аз тарафи вакилон бо супориши Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷойҳо омӯхта шуданд ва ҳалли худро ёфтанд.
Вакилони мардумӣ аз 11 то 20 январи соли равон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ба сафари хизматӣ баромада, пешниҳод ва дархостҳои интихобкунандагонро, ки дар ҷараёни вохӯриҳо ироа шудаанд, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ карда, беш аз сесад адади онҳоро барои ҳаллу фасл ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол намуданд.
- Мо кӯшиш менамоем, ки рӯҳия ва табиати қонунҳо ба фалсафаи ҳаёт, урфу одат ва анъанаҳои халқамон ҷавобгӯ бошанд ва ба рафъи мушкилоти мардум кумак намоянд. Вақте ки мо қонуни як кишвари пешрафтаро мехоҳем ба низоми ҳуқуқии худ ворид намоем, тамоми нуктаҳои онро дар тарозуи манфиати миллат ва давлат гузошта, мувофиқати онро ба табиати низоми ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ бояд пурра ташхис намоем. Мазмуни ҳастии фаъолияти мо ҳам дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат, заҳмату талош барои шукуфоии бештари кишварамон ва сазовор будан ба боварии мардуми шарифи Тоҷикистон — интихобкунандагони азизи мо мебошад. Мо — вакилони мардумӣ ба зиндагӣ бо чашми сокинони одии кишвар бояд назар андозем. Кӯшиш намоем, ки қонунҳои қабулгардида барои ҳар шаҳрванд фаҳмо бошанд ва зиндагии онҳоро беҳтар намоянд, -афзуд Шукурҷон Зуҳуров.
Дар идомаи суханронии номбурда зикр шуд, ки пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз ташаббусҳои нодири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳанӯз даҳ сол муқаддам ба ислоҳоти вазъи маънавии ҷомеа оғоз бахшид. Қонун ислоҳоти ҳаёти иҷтимоӣ ва тартиби гузаронидани ҷашну маросимҳои мардумиро масъалагузорӣ намуда, дар озод намудани мардум аз хурофот ва одатҳои вазнин хизмати арзанда кард. Қобили зикр аст, ки ин қонун мутобиқ ба муқаррароти ислом ва фарҳанги миллӣ буда, дар доираи арзишҳои пурғановати ниёгонамон таҳия шудааст. Амри воқеист, ки ҳар як қонун ё санади меъёрии ҳуқуқии ба ҳаёт пайванд бо мурури замон ба тағйирот ва иловаҳо ниёз пайдо мекунад. Зарурати тағйирот талабу дархостҳои шаҳрвандони кишвар ва ҳанӯз боқӣ мондани маросимҳои азодории серодам ва тӯйҳои серхароҷот ба хотири худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ мебошад. Аз ин хотир, бо пешниҳоди Президенти мамлакат гурӯҳи кории босалоҳият таъсис дода шуд ва дар асоси дархосту пешниҳоди шаҳрвандон тағйиру иловаҳо ба қонун ворид гардиданд. Мо — вакилон баъди баррасии ҳамаҷониба барои қабули ин санади бениҳоят муҳим овоз додем. Бовар дорам, ки мо бо ин иқдоми худ як амали бузурги таърихиро дар раванди қонунгузорӣ иҷро намудем, ки он ба беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини кишвари азизамон, эмин доштани ҷашну маросимҳои миллӣ аз хурофот ва мутобиқ ба манфиатҳои халқамон гиромӣ доштани урфу одатҳо нигаронида шудааст.
Ба қонун як қатор меъёрҳои нав ворид гардидааст, ки ба ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона шудааст. Дар рӯзҳои идҳои Рамазон ва қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ аз ҳамин ҷумлаанд. Дар қонун тартиби нави гузаронидани хатнасур муқаррар гардидааст. Мувофиқи он хатнасур дар доираи оила ва бе хизмати санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуд то рӯзи бистуми баъди таваллуд ба таври ройгон сурат мегирад. Дар ин маврид таҷрибаи давлатҳои пешқадам ба назар гирифта шудааст.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муайян мекунад.
Маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд. Ин ҷо як масъалаи нозук аст. Бояд коре кард, ки шахси мусибатдор зери бори хиҷолат намонад, зеро то имрӯз дар ин маросим чорво забҳ карда мешуд ва мардумро ба маърака даъват менамуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дар ҷаласаи ғайринавбатӣ қабулгардида батафсил ва бо забони содаву фаҳмо сухан кард. Дар баробари ин, барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва таъмини зиндагии шоиста маслиҳатҳои муфид дод.
- Шумо хуб медонед, ки агар мо Тоҷикистонро ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил надиҳем, наметавонем зиндагии шоистаро барои сокинони мамлакат таъмин кунем, — гуфт ӯ. — Барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки мардумро бо ҷойи кори шоиста таъмин кунем ва соҳибкориро рушд диҳем. Пӯшида нест, ки дар навоҳии кӯҳистон барои амалӣ гардидани ниятҳои нек имконият ҳаст. Фақат ба мо лозим аст, ки имкониятҳоро дуруст истифода барем. Барои ин таъсис додани гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби мутахассисон ва шахсони соҳибтаҷриба зарур аст. Мо бояд лоиҳа тартиб диҳем, канданиҳои фоиданокро истихроҷ намоем, заминро дуруст истифода барем. Яъне, дар асоси лоиҳаҳои асоснок тавонем диққати соҳибкоронро ба истифодаи захираҳои табиӣ ҷалб созем. Заминро дуруст истифода барем. Ҳанӯз заминҳои бекорхобида кам нестанд. Мо бояд ҳар ваҷаб заминро истифода барем. Эътироф бояд кард, ки айни замон тухмӣ ба талабот ҷавобгӯ нест, тухмии босифат ёфтан лозим аст.
Ёдовар бояд шуд, ки водии Рашт метавонад ҳар сол садҳо сайёҳи дохиливу хориҷиро қабул кунад. Фақат лозим аст, ки дар ин самт корҳоро хубтар ба роҳ монем. Мутахассисонро тарбия ва меҳмонхонаҳои ҳозиразамон бунёд кунем.
Занбӯриасалпарварӣ низ соҳаи сердаромад аст. Рушди соҳа метавонад мардуми зиёдро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намояд. Асали ноҳияи Рашт беҳтарин асал аст. Дар ояндаи наздик ба роҳ мондани заршӯйӣ низ аз манфиат холӣ нест.
Баъд аз суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров собиқадори меҳнат Сафарбек Каримов, сарвари ҷавонони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Шамсиддин Шарифов ва донишҷӯйи ҳамин донишкада Шамсия Абдураззоқова дар баромадҳояшон таъкид карданд, ки сокинони ноҳияи Рашт барои дар амал татбиқ намудани қонуни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мунтазам талош меварзанд.
Сафари кории Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар минтақаи Рашт идома дорад.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев