11 март - рӯзи матбуоти тоҷик

Шукурҷон Зуҳуров: «Рӯзноманигорӣ масъулият, худфидоӣ ва садоқати волои касбиро тақозо мекунад»

№31 - 32 (3825 - 3826) 10.03.2018

DSC_6664Ба муносибати Рӯзи матбуот 7-уми марти соли равон мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо намояндагони ВАО-и мамлакат баргузор гардид. Раиси Маҷлиси намояндагон кормандони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриро бо фарорасии иди касбӣ табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти эҷодӣ комёбӣ таманно намуд.

- 106 сол муқаддам, 11-уми март нахустрӯзномаи тоҷикии Осиёи Миёна бо номи «Бухорои шариф» нашр гардида, барои таъсиси мактаби рӯзноманигории тоҷик заминаи устувори маънавию эҷодӣ фароҳам овард, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.  — Рӯзномаи «Бухорои шариф» дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ ба майдон омада, барои миллати тоҷик чун роҳнамо хизмат намудааст. Дар он даврон афкоре ташаккул дода шуд, ки асолати миллӣ, фарҳангу тамаддун, таъриху адабиёт ва ҳатто вижагиҳои миллиро моро сарфи назар мекард. Ин раванд равшанфикрони тоҷикро нагузошт, ки хомӯш монанд ва онҳо рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро ҳамчун минбари андешаву афкори миллат таъсис доданд.

Шукурҷон Зуҳуров ёдрас шуд, ки зиёиёни тоҷик барои нашри рӯзномаи тоҷикӣ ҳатто аз хориҷи Аморати Бухоро мутахассисонро даъват намуда, чопи онро ба роҳ монданд. Имрӯз дар мамлакат шумораи расонаҳои иттилоотӣ ба 446 номгӯй расидааст, ки аз ин теъдод 270 номгӯй ё зиёда аз 60 фоизи онро нашрияҳои ҷамъиятию хусусӣ ташкил медиҳанд.

- Сарфи назар аз давру замон рӯзноманигорӣ яке аз ихтисосҳои серташвишу заҳматталаб буда, масъулияти баланд, шефтагӣ, худфидоӣ ва садоқати волои касбиро аз шахс тақозо менамояд, — гуфт Раиси парлумони касбӣ.

– Рӯҳи ҷомеа ва афкори умум маҳсули тафаккур ва андешаву аъмоли рӯзноманигорон мебошад. Боиси хушнудист, ки воситаҳои ахбори оммаи кишвар, бахусус рӯзноманигорони парлумонӣ, дар доираи принсипҳои воқеънигорӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон, таъмини озодии афкору андеша ва таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, фаъолият намуда, ба халқу Ватан содиқона хизмат мекунанд.

Шукурҷон Зуҳуров аз нақши муҳими матбуот дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз ба хотири таъмини шаффофияти фаъолият ва наздиктар шудан бо ҷомеа чанде қабл Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Равзанаи парламентӣ»-ро дар матбуоти даврии кишвар амалӣ намуд. Ҳоло аз гӯшаву канори мамлакат мардум ба вакилон саволу хоҳишҳояшонро пешниҳод намуда, шарҳу тавзеҳи қонунҳои қабулшавандаро дархост мекунанд.

- Вазифаи муқаддаси мо – вакилон ин аст, ки сухани мардумро гӯш кунем, ба пурсишу дархости онҳо посух гӯем ва барои ҳалли муаммои рӯзгор чораҳои судманд биандешем, — илова намуд Шукурҷон Зуҳуров. – Мо тасмим гирифтаем, ки пурсишу дархос­ти сокинони мамлакатро якҷо бо посухҳои қонеъкунанда дар рӯзномаи «Садои мардум» ба нашр расонем. Дигар рӯзномаву ҳафтанома ва маҷаллаҳо метавонанд онҳоро бознашр намоянд. Ҳадафи аслии ҳамкории рӯзноманигорон бо «Равзанаи парламентӣ» ин аст, ки фазои иттилоотии кишвар гирифтори бемории ҳангомасозӣ нашавад.

Дар анҷоми мулоқот аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон чун рамзи арҷгузорӣ нусхаи электронии 110 шумораи рӯзномаи «Бухорои шариф» тақдим шуд.

Дар анҷом раиси Иттифоқи журналис­тони Тоҷикис­тон Зинатулло Исмоилзода ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва мудири шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик»-ро тақдим намуд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»