25 августи соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока, ки моҳи гузашта ба ин вазифа таъин шудааст, мулоқот намуд.
Шукурҷон Зуҳуров сафирро хайра мақдаму табрик гуфта, зикр намуд, ки ӯ дар таърихи муносибатҳои байнидавлатии мо нахустин сафир бо қароргоҳаш дар Душанбе мебошад ва ин, бидуни шубҳа, ба густариши бештари ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония мусоидат хоҳад кард.
Равобити давлатҳои мо аз нимаи дувуми солҳои 90-уми асри гузашта густариш пайдо намуд. Давлати Япония ҳам аз тариқи бахшҳои СММ ва ҳам мустақим дар барқарор намудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон, баргардондану ҷо ба ҷо кардани фирориёну муҳоҷирони иҷбории тоҷик саҳми шоиста гузошт. Мутаассифона, як шаҳрванди Япония — доктор Акино ҳангоми иҷрои вазифа дар кишвари мо ба ҳалокат расид. Мо, албатта, хотираи неки ӯро пос медорем, мактаберо ба исми ӯ номгузорӣ намудаем. Дар маҷмӯъ, тоҷикон аз дастгириҳои беғаразонаи давлати шумо миннатдоранд.
Ҳанӯз баҳори соли 1997 дар шаҳри Токио мулоқоти кишварҳои кумакрасон барпо гардида буд, ки дар он масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Моҳи майи соли 2001 сафари расмии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония сурат гирифт. Ин ташриф ба робитаҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Япония дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешниҳоди грантҳо барои татбиқи лоиҳаҳо аз тариқи ниҳодҳои байниҳукуматӣ ва дигар», ки ба рушди иқтисодиёти кишварамон нигаронида шуда буд, тақвият бахшид.
Солҳои охир Ҳукумати Япония дар чаҳорчӯбаи барномаи грантҳои хурду миёна дар Тоҷикистон беш аз 350 лоиҳаи иҷтимоиро муваффақона татбиқ намуд, ки лоиҳаҳои обтаъминсозии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Панҷ, таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар масири Дӯстӣ – Панҷи Поён ва Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ аз қабили онҳост.
Ташрифи нахустини Сарвазири Япония ҷаноби Шиндзо Абэ ба Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта на танҳо рӯйдоди таърихӣ шуд, балки равобити дӯстонаи Тоҷикистону Японияро таҳкими ҷиддӣ бахшид. Дар доираи ин сафар нуҳ ҳуҷҷати муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид.
Айни замон миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Парламенти Япония равобити хубе роҳандозӣ шудааст. Аз соли 2000-ум Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парламентии ҳар ду кишвар амал мекунанд. Вакилони парламентҳои мо зуд-зуд ба меҳмонии якдигар мераванд. Вале, ба назари мо, имрӯз зарурати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои байнипарламентӣ пеш омадааст.
Раиси Маҷлиси намояндагон, инчунин таъкид намуд, ки барои Тоҷикистон роҳандозии ҳамкории густурдаи иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишвари пешрафтае чун Япония аз самтҳои афзалиятноки сиёсати берунӣ маҳсуб меёбад.
- Имрӯз дар кишвари мо барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Мо ба сармояи мустақими японӣ дар соҳаҳои энергетика, туризм, геология, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, саноат ва ғайра ниёз дорем, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Сафир барои пазироии гарм ба Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори сипос намуда, гуфт, ки то ин дам бо чанд тан аъзои Ҳукумати Тоҷикистон дидору гуфтугӯ доштааст ва онҳо низ аз ӯ хостори ҳамкориҳои густурдаи иқтисодӣ шудаанд.
Профессор Китаока зикр намуд, ки дар ҳақиқат табодули мол миёни кишварҳоямон ночиз аст. Дар Тоҷикистон алҳол танҳо як ширкати японӣ фаъолият дорад. Ва ӯ ҷиҳати ислоҳи вазъият ҳамчун сафир чораҷӯйӣ хоҳад кард.
Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир А. ИСОЕВ