Шукурҷон Зуҳуров: «Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба стандартҳои байналмилалӣ созгор мебошанд»

№18 (3498) 11.02.2016

DSC_003710 феврали соли 2016 таҳти раёсати  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он, аз ҷумла масъала «Дар бораи пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини раъйпурсии умумихалқӣ» баррасӣ гардид.

Дар муҳокимаи масъала вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азимзода, Ҷӯрахон Маҷидзода, Акрамшо Фелалиев, Мавлуда Қаландарзода, Ҷаббор Ахмедов, Бибидавлат Авзалшоева, Бахтовар Сафаров, Саидҷаъфар Усмонзода, Амрихудои Дамдор, Дилшод Исматуллоев, Иброҳим Абдуллозода, Қиёмиддин Миралиён, Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, Мирзоанвар Ахмедов, Муродулло Давлатов, Ҳилолбӣ Қурбонзода ва Олимҷон Бобоев иштирок карданд.

- Аз омӯзиш ва таҳлили пешниҳоди аъзои Маҷлиси  миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва қарори Суди конститутсионӣ  дар мавриди ин пешниҳод  метавон  натиҷагирӣ кард, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар ҳақиқат ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсияи мамлакат равона гардида, ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ  созгор  мебошанд, — иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гузориши муфассал аз ҷараёни ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар шумораи оянда нашр мешавад.

Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум», Суратгир Аҳлиддин Исоев