Шумораи давлатҳои узви Иттиҳоди байнипарламентӣ ба 176 расид

№126 (3763) 24.10.2017

IMG_034812 октябри соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи даъвати раиси Иттиҳоди байнипарламентӣ Сабер Чаудҳарӣ, котиби кулли Иттиҳоди байнипарламентӣ Мартин Чанчонг, раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ва раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володин ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафари корӣ намуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев нахуст 13 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва даҳумин ҷаласаи пленарии он, ки дар Қасри Мариинскийи шаҳри Санкт-Петербург доир гардиданд, ширкат варзид.

Дар онҳо аъзои Шӯро як қатор ­масъалаҳоро мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода, рӯзномаи ҷаласаи даҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро тасдиқ намуданд, ки зимни баррасӣ як идда таклифу пешниҳодҳои ироанамудаи Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ гардиданд.

Сипас, аъзои Шӯро раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро оид ба мудофиа ва амният тасдиқ намуда, гузориши котиби генералии СААД Ю. Г. Хачатуровро нисбат ба вазъ дар минтақаи зери масъулияти созмон ва чораҳои андешидашуда дар иртибот ба зиддият ва таҳдидҳо шуниданд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар он аъзои Шӯрои Ассамблея масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро ҳамаҷониба баррасӣ карда, бо қабули қарорҳои дахлдор вобаста ба ҳар кадом, оид ба роҳ надодан ба миллатгаройӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба хотираи ҷанговарони коалитсияи зиддигитлерӣ изҳорот қабул намуданд.

Гузашта аз ин, аъзои Шӯро тибқи рӯзнома гузориши Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизис­тон Чинибай Турсунбековро роҷеъ ба натиҷаҳои баргузории Форуми панҷуми байналмилалии фарҳангӣ – маърифатии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – «Кӯдакони Иттиҳод», ки дар он ҷониби Тоҷикистон ширкати фаъолона дошт, шунида, оид ба мавзӯъҳои марбут ба мониторинги интихоботи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2017, хусусан интихоботи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон ва Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин омодагӣ ба мониторинги интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва мониторинги ҷараёни интихоботи доиршаванда вобаста ба интихоби президентҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Парламенти Ҷумҳурии Молдова дар соли 2018 қарор қабул намуданд.

Ҳамчунин, аъзои Шӯро таъсиси Шӯрои экспертии иқтисодиро зарур шуморида, гузоришро оид ба раисии Федератсияи Россия дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуниданд. Мас­ъалаҳои ташкилӣ ва Нақшаи кори Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои ­Мустақилро барои соли 2018 ҷонибдорӣ намуда, бобати дар ИДМ эълон доштани соли 2019 – «Соли китоб» ва соли 2020 – «Соли 75 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» қарор қабул карданд.

14 октябри соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни ифтитоҳи Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди байнипарламентӣ, ки дар Маркази конгрессию намоишии «Экспофорум» доир шуд ва дар он Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суханронӣ намуд, ширкат варзид.

Иттиҳоди байнипарламентӣ, ки соли 1889 таъсис ёфтааст, яке аз бонуфузтарин созмон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор рафта, Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 2016 ёздаҳум узви ҳаммароми он мебошад.

Дар Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди байнипарламентӣ, ки аз 14 то 18 октябри соли равон ҷараён дошт, аз 173 кишвари аъзо 160 мамлакат, аз ҷумла роҳбарони парламентҳои 96 кишвар ва наздик ба 2500 нафар намоянда ширкат доштанд, ки дар таърихи 128 — солаи Иттиҳод назир надорад.

Дар маросими кушодашавии Ассамблея, ки дар рушди глобалии гуфтугӯҳои байнипарламентӣ саҳми босазою беназир гузошт, инчунин, раиси Иттиҳоди байнипарламентӣ Сабер Чаудҳарӣ, раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко, раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володин ва муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Юрий Федотов фик­ру мулоҳизаҳои хешро оид ба мавзӯи «Гус­тариши гуногунандешии фарҳангӣ ва сулҳ тавассути гуфтугӯйи байни адён ва миллатҳо» иброз доштанд. Аз ҷумла, роҳбари ҳайати парламентии Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко зикр намуд, ки дипломатияи парламентӣ, дар сурати бетаъсир мондани механизмҳои анъанавии ­дипломатӣ, ягона воситаи муассир оид ба нигоҳдории муколамаи мусолиҳатомез боқӣ мемонад ва рисолати парламентарҳо ба тафоҳум расидан аст. Аз ин ҷост, ки дар коҳиш додани шиддатҳои ­муқовима­т­­ёбии муносибатҳои сарди сайёравӣ ва нигоҳдошти пойдории сулҳ дар ҷаҳон шаҳрвандон аз парламентарҳо амалҳои мушаххасу воқеиро интизоранд. Дар ин росто, омезиши касбии принсипҳои демократӣ ва анъанаҳои нодири хос ба ҳар як фарҳанг имкон дорад барои ҳамкории воқеан самараноки байналмилалӣ заминагузор бошад.

Ҳамчунин, дархости парламентҳои Туркманистон ва Ҷумҳурии Вануату ҷиҳати шомил гардидан ба Иттиҳоди байнипарламентӣ қабул гардида, Ҷумҳурии Ӯзбекистон узвияти худро ба Иттиҳод барқарор намуд. Ҳамин тариқ, шумораи давлатҳои узви Иттиҳоди байнипарламентӣ ба 176 расид.

15 октябри соли 2017 дар доираи сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи дархости ҷониби Ҷумҳурии Бенин бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Бенин ҷаноби Андриен Хунгбеҷӣ, ҳайати парламентӣ ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Бенин дар Федератсияи Россия ҷаноби Анисет Габриэл Кочофа мулоқот намуд.

Дар он Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сипосмандӣ аз ҳамовозии ҷониби Бенин ба ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ёдовар шуда, ҳамкориҳои байнипарламентиро байни мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ дар самти дуҷонибаю ­бисёрҷониба амри воқеӣ дониста, ҷонибдории ҳамаҷонибаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт иброз дошт.

Ҷониби Бенин хостори ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳою таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ гардид. Ин нахустин мулоқот дар сатҳи кишварҳо буд ва он дар фазои ҳусни тафоҳуму созанда ба анҷом расид.

Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди байнипарламентӣ воқеан майдони мубоҳисаҳои муфид оид ба тарҳрезии ҳадафҳои ягонаи башардӯстӣ дар роҳи расидан ба тафоҳуми ҳалли масоили мухталифи сатҳи глобалӣ гардид. Аз ин рӯ, Раиси Иттиҳоди байнипарламентӣ Сабер Чаудҳарӣ зимни ифтитоҳи Форуми занон-парламентарҳо афзуд, ки демократия танҳо дар сурати иштироки якхелаи занон ва мардон дар ҳама раванди ҷомеа имкон дорад ва набояд нисбат ба баробарии гендерӣ танҳо сухан гуфт, балки ин равандро бо кору ҳаракатҳои мушаххас пурра кард. Далели ин гуфтаҳоро бо он собит сохт, ки бори нахуст дар кори Ассамблея 30 фоизи ҳайати иштирокдоронро занон — парламентарҳо ташкил медоданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷаласаҳои кории Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди байнипарламентӣ, аз қабили Форуми занон-парламентарҳо, Форуми ҷавонони парламентарҳои Иттиҳоди байнипарламентӣ, Кумитаи доимӣ оид ба демкоратия ва ҳуқуқи инсон ва Шӯрои роҳбарикунанда, ки то 18 октябри соли 2017 идома ёфтанд, узви гурӯҳи миллии парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди байнипарламентӣ Наргис Раҳмонова ва раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода ширкат варзиданд.

18 октябр зимни ҷаласаи Шӯрои роҳбарикунандаи Ассамблея интихоби президенти Иттиҳоди байнипарламентӣ барои се соли оянда сурат гирифт, ки дар он номзадии ду нафар — раиси Кумитаи Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Мексикоӣ оид ба корҳои байналхалқӣ хонум Габриелла Куэвас Баррон ва узви Сенати Ҷумҳурии Шарқии Уругвай хонум Ивонн Пассада ба овоз монда шуд.

Дар натиҷаи овоздиҳии пӯшида ба ҳайси президенти Иттиҳоди байнипарламентӣ, бори нахуст дар таърихи он, зан — хонум Габриелла Куэвас Баррон бо ба даст овардани 287 овоз интихоб гардид. Зимни нахустин суханронӣ дар ин вазифа Габриелла Куэвас махсус таъкид сохт, ки дар таърихи Иттиҳоди байнипарламентӣ Ассамблеяи 137-ум аз сернуфузтаринҳост ва вазифаҳои аввалиндараҷаи Иттиҳодро ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли босамару натиҷабахши масъалаҳое, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеаи башарӣ, аз қабили пешрафти демократикунонӣ, сулҳ, рушди устувор, баробарии миллатҳою ҷинсҳо дар доираи принсипҳои плюрализм гардидаанд, мушаххас намуд.

Инчунин, Ассамблеяи байнипарламентӣ дар ҷаласаи ниҳоӣ «Дар бораи 25-солагии қабули Эъломияи умумӣ оид ба демократия: ягонагии гуногунии мо» Қатънома қабул намуд, ки дар матни он бо ибтикори Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод оид ба эълон гардидани 30 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии парламентаризм ворид карда шуд.

Дар мубоҳисаи мавзӯи асосии Ассамблея — «Густариши гуногунандешии фарҳангӣ ва сулҳ тавассути гуфтугӯйи байни адён ва миллатҳо» раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба фарҳанг, иттилоот ва сайёҳӣ Сергей Рибаков зикр кард, ки фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки муттаҳидкунандаи мақомоти ҳокимияти қонунгузори нуҳ давлат мебошад, на танҳо барои рушди муколамаи байни миллатҳо, балки барои наздиксозии мавқеъҳо нисбат ба ­масъалаҳои ҳассос, чун гуногунандешии ­фикрию фарҳангӣ, гуногунрангии этникию мазҳабӣ равона карда шудааст. Аз ин рӯ, бо қарори Шӯрои роҳбарикунандаи Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар нақшаи чорабиниҳои созмон барои соли 2018 бо мақсади рушди бештари парламентарҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир намудани семинари минтақавии якҷоя шомил карда шуд.

www.majmilli.tj