Бисту шашуми апрели соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад.
Шералӣ МИРЗО:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ, пойдор гардонидани иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Вазорати мудофиа мебошад, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила маблағгузорӣ шуда истодааст. Бинобар ин, моро зарур аст, ки фаъолияти худро дар доираи қонунҳо, оинномаҳои ҳарбӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ тақвият бахшида, барои баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, маҳорату малакаи касбии сарбозону афсарон ва омодабошии ҷангии онҳо мунтазам чораҷӯйӣ намоем. Ҳамчунин, ба шумо — вакилони арҷманд, барои кумаку мусоидат дар такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» миннатдорӣ баён менамоям.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ҷиҳати мутобиқ намудан ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1 ва 2-юми моддаи 1-уми лоиҳаи қонун пешбинӣ менамояд, ки аз матни қонуни номбурда калимаи «Сарқонун» хориҷ, калимаи «қаламрав» ба калимаи «ҳудуд» иваз карда шавад.
Қисмҳои 3 ва 4-и моддаи 1-ум бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» таҳия гардидаанд. Чунончӣ, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» муҳлати собиқаи хизматӣ, ки барои таъин намудани нафақа ҳуқуқ медиҳад, аз 20 то 25 сол зиёд карда шудааст, ки дар натиҷа зарурати зиёд намудани синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будани хизматчиёни ҳарбӣ ба амал омадааст.
Бо ин мақсад ба моддаҳои 43 ва 47-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйироти дахлдор пешниҳод гардидааст, ки мутобиқи он синни ниҳоӣ дар адои хизмати ҳарбӣ барои хизматчиёни ҳарбии дорои унвони генерал-полковник аз 60 то 63 сол, генерал-лейтенант ва генерал-майор аз 55 то 58 сол, полковник аз 50 то 53 сол ва унвонҳои дигари ҳарбӣ аз 45 то 48 сол зиёд карда мешавад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайниддин Сафаров дода мешавад.
Зайниддин САФАРОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2017, № 1167 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон се таклиф пешниҳод гардид, ки дар лоиҳаи қонун ба инобат гирифта шуд.
Дар ҷаласаи кумитаи масъул низ, ки 20 апрели соли 2017 бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ сурат гирифт, масъалаи мазкур ҷонибдорӣ ёфт.
Аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Доир ба ин масъала кӣ савол дорад?
Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.
Ҷаббор АХМЕДОВ: - Муҳтарам вазир, ман ба шумо ду савол дорам:
1. Магар ҳоло зарурати ҷорӣ кардани хизмати алтернативӣ ба вуҷуд наомадааст?
2. Оё дуруст намешавад, агар кафедраҳои ҳарбӣ дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шаванд?
Шералӣ МИРЗО: - Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адои хизмати алтернативӣ» таҳия шудааст ва ҳоло дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар бораи тақдири он ҳоло сухан гуфтан бармаҳал аст, зеро татбиқи он харҷи маблағро тақозо менамояд.
Доир ба саволи дуюм. Дар шароити имрӯза ҷумҳурии мо ба 45000 афсари эҳтиётӣ зарурат дорад. Дар асл ҳоло дар кишвар 1270000 нафар афсари эҳтиётӣ ҳастанд, ки нисбат ба талаботи воқеӣ даҳҳо маротиба бештаранд. Танҳо соли 2016 беш аз 7000 нафар донишгоҳҳоеро хатм карданд, ки дар онҳо кафедраҳои ҳарбӣ фаъолият менамоянд. Бинобар ин, мо таъсиси кафедраҳои ҳарбиро танҳо дар он донишгоҳу донишкадаҳо ба роҳ мондаем, ки талабот ба ин гуна мутахассисон эҳсос мешавад.
РАИС: — Оид ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» сари вақт таҳия ва пешниҳод шудааст. Ман бовар дорам, ки он қабул хоҳад шуд.
Ин ҷо бо истифода аз ҳузури вазири мудофиа, баъзе андешаҳоямро мехоҳам иброз намоям.
Хизмат ба Ватан – Модар барои ҳар як ҷавонписар шарт ва зарур аст. Вазорати маориф ва илм ва Вазорати мудофиа бояд ба он ноил гарданд, ки аз оғоз, аз зинаи боғчаи бачагона то хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва минбаъд дар донишгоҳу донишкадаҳо тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Ба пиндори ман, кайҳо фурсати он расидааст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ як сол муқаррар гардад. Ҳамчунин, барои шахсоне, ки бо маълумоти олӣ хизмати сарбозиро адо мекунанд, маблағ пардохт карда шавад. Онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намекунанд, ба Буҷети давлатӣ маблағ супоранд ё то даме ки хизмати аскариро адо накунанд, ҳамчун хизматчии давлатӣ ба кор гирифта нашаванд.
Ман лоиҳаи қонунро дастгирӣ мекунам ва хоҳишмандам ба ҷонибдории он овоз диҳед.
РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дода мешавад.
МИРАЛИЁН Қиёмиддин Абдусалимзода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар шароити рушди муносибатҳои геополитикӣ ва эмин нигоҳ доштани ҷомеа ва давлат аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои фалокатовар таҳкими рукнҳои ҳарбии мудофиавии кишвар хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Барои кишвари мо, ки беш аз 25 сол мустақилияти комил дорад, амалӣ намудани тадбирҳо ва ташаккул додани василаҳои гуногуни ба шароиту имконияти мамлакат мувофиқ саривақтӣ ба шумор меравад. Яке аз чунин тадбирҳо, ки аз «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бармеояд ва ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, рушди сармояи инсонӣ мебошад. Зимнан, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи асосии инсониро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстии ҷавонон, омодагии ҳарбии варзишию равонии онҳо ҳамчун сипари устувор ва аслиҳаи пуриқтидор кафолати амну осоиштагии ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.
Боиси хурсандист, ки сол то сол Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфта, тарбия ва омодагии ҳарбӣ — ватандӯстии ҷавонон оид ба дифоъ ва таъмини амнияти миллӣ ба сатҳи сифатан нав мебарояд. Бинобар ин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» боиси дастгирист.
РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.
САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Тағйироте, ки бо лоиҳаи қонуни баррасишаванда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ворид карда мешавад, асосан ба боло бурдани синни ниҳоии адои хизмати ҳарбӣ дахл дорад. Ин нишонаи равшани эътиқод ва эътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати кадрии соҳаи ҳарбӣ мебошад.
Аз ин рӯ, аз ҳузури вазири мудофиаи кишвар истифода бурда, гуфтаниам, ки ҳайати мазкур бояд аз пештара дида бештар ба тарбияи насли наврас ва кадрҳои ҷавон машғул шаванд. Солҳои охир ҳайати кадрии хизмати ҳарбӣ, бахусус Вазорати мудофиа, аз ҳисоби кадрҳои ҷавон ва таҳсилдидаи муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии кишварҳои хориҷӣ зиёд шуда истодааст. Дар баробари ин, донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳои махсусгардонида дар дохили кишвар фаъолият доранд. Ҳамаи ин ба он мусоидат менамояд, ки хоҳишмандони хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳисоби ҷавонон зиёд шаванд.
Хоҳиши мо – вакилон аз он иборат аст, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ ва ҳисси баланди худшиносӣ аз ҷониби ҳайати афсарон боз ҳам хубтар ба роҳ монда шавад.
Вакилони муҳтарам, аз ҳамаи шумо хоҳишмандам лоиҳаи қонуни баррасишавандаро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» сухан ба директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид дода мешавад.
СУЛТОНЗОДА Сулаймон Саид:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» тибқи талаботи банди 45 — уми нақша — чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1504 аз 30 августи соли 2013 тасдиқ гардидааст, бо мақсади ҷорӣ намудани механизми таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ таҳия ва пешниҳод шудааст. Дар ҳамин замина, дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон методологияи «Тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» мавриди амал қарор дорад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон методологияи «Тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» барои иҷро ба вазорату идораҳо ирсол шудааст, ки тибқи талаботи он, вазорату идораҳо вазифадоранд дар ҷамъбасти сол оид ба фаъолияти анҷомпазируфтаашон дар самти таҳлили хавфҳои коррупсия ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Дар банди 6 методологияи «Тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» пешбинӣ гардидааст, ки дар ташкилотҳо, вобаста ба гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ гурӯҳ оид ба баҳодиҳӣ таъсис дода мешавад, ки ба он як нафар намояндаи Агентӣ низ шомил мегардад. Ваколати интихоб намудани Ташкилот оид ба гузаронидани баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ ба зиммаи Агентӣ вогузор шудааст.
Ҳарчанд методологияи «Тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» мавриди амал қарор дошта бошад ҳам, вале ин меъёр дар қонунгузорӣ пешбинӣ нагардидааст. Аз ин рӯ, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» пешбинӣ намудани меъёре, ки гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсиониро аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешбинӣ менамояд, масъулияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектони хоҷагидоре, ки дар онҳо на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалиеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар ин самт зиёд мегардонад.
Мақсади асосии гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, пеш аз ҳама, муайян намудани фаъолияти воҳидҳои вазорату идораҳо, ки масъулияти пешгирии коррупсия ба зиммаашон гузошта шудааст, муқаррар намудани хавфҳои коррупсионӣ дар ин вазорату идораҳо ва пешниҳод намудани тавсияҳо ҷиҳати бартараф намудани омилҳои номатлуби коррупсионӣ мебошад. Баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ бояд ба мақсади ошкору пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби ин кирдорҳо, таъмини ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт, таъмини амнияти кишвар дар ҳама шохаи ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда шуда, барои муайян намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ дар сатҳи умумидавлатӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.
Аҳматҷон ҚОБИЛОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2017, №1166 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади ҷорӣ намудани механизми таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ ва баҳри иҷрои банди 45 — уми нақша-чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1504 аз 30 августи соли 2013 тасдиқ шудааст, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ таклиф пешниҳод гардид, ки дар лоиҳаи қонун ба инобат гирифта шуд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 20 апрели соли 2017 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз шумо — вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.
УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар асоси нақша — чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни зикршуда моҳияти уҳдадоркунанда дорад. Яъне, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти пешниҳодшуда, таҳлили хавфҳои коррупсиониро дар мақомоти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидор, ташкилотҳои давлатӣ ё ғайридавлатӣ ҷамъбаст менамояд.
Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолиятро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Масъала хеле муҳим аст, агар онро ба назар гирем, ки сатҳи коррупсия дар бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, хеле баланд аст, масъалаи мазкур таваҷҷуҳи махсусро тақозо менамояд.
Зарур аст, ки фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавре ба роҳ монда шавад, ки камбудӣ дар он ба мушоҳида нарасад. Ҳоло ҳам шахсони мансабдори зиёд барои рӯйпӯш намудани камбудиву норасоиҳо пора медиҳанд, ба ин ё он қонунвайронкунӣ даст мезананд.
Бояд барои чунин ашхос шароите фароҳам овард, ки онҳо дер ё зуд фош шаванд ва ҷазои сазовор гиранд. Мо, аҳли ҷомеаро низ зарур аст, ки бо муайян кардани хавфҳо коррупсияро пешгирӣ намоем.
Ҳоло дар ҷомеа мансабдорони зиёде ҳастанд, ки ҳалли ин ё он масъаларо кашол медиҳанд, яъне тамаъҷӯйӣ мекунанд. Бояд ҳама чораро андешид, то ин ки бовари мардум ба мансабдорон бештар шавад. Дар ин кор роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи назаррас гузошта метавонанд.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ