Сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат бо қонуни мукаммал ба танзим дароварда мешавад

№12(3649) 04.02.2017

DSC_0692Якуми феврали соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки бо дарбаргирии масъалаҳои зерин доир ба рӯзномаи он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озод намудани Давлатзода Д. А. аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани Ҳамрализода Ф. М. ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ».

РАИС: — Ба баррасии масъалаи аввал «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи озод намудани Давлатзода Д. А. аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озод намудани Давлатзода Д. А. аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи дуюми рӯзнома «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъин намудани Ҳамрализода Ф. М. ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Мову шумо Фаррух Ҳамрализодаро хуб мешиносем. Номбурда солҳои охир дар вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ фаъолият карданд.

Ҳоло Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаррух Ҳамрализода эътимод намуда, вазифаи басо масъул – раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро бовар карда, пешниҳоди мазкурро ба Маҷлиси намояндагон ирсол доштаанд. Бовар дорем, ки Фаррух Ҳамрализода дар ин мансаби баланди давлатӣ низ боварии Сарвари давлатро ба ҷой меоранд.

Ба Фаррух Ҳамрализода савол доред? Пешниҳодро ба овоз монам?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъин намудани Ҳамрализода Ф. М. ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, мутобиқи моддаи 19 Қонуни ­Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба вазифа таъин шудан савганд ёд мекунад.

(Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода савганд ёд кард).

РАИС: — Ба баррасии ­масъалаи навбатӣ — «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ дода мешавад.

Иззатулло САТТОРӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд, ­ҳозирини гиромӣ!

Кишоварзӣ бахши муҳими пешбарандаи иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, таъмини амнияти озуқаворӣ аз рушди он вобаста аст. Тараққиёти соҳаи кишоварзӣ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ алоқамандии зиёд дорад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси намояндагии ин ташкилотро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 феврали соли 2016, №51) маъқул донистанд ва он дар 30 — юмин Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (6 майи соли 2016) дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ба имзо расид.

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 фаъолият менамояд ва ин муддат 89 лоиҳаи сармоягузориро ба маблағи 37,0 млн. доллар дар бахшҳои илм, таълим, истеҳсолоти кишоварзӣ, мелиоратсияи замин ва об, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бозомӯзии мутахассисон ва ғайра амалӣ намудааст. Имрӯз ин ташкилот аз рӯйи 7 лоиҳа оид ба дастрасӣ ба тухмиҳои баландсифат, идоракунии обёрӣ бо дарназардошти хизматрасонӣ, мубориза бар зидди малах, механиконии кишоварзӣ, тақвият додани иқтидори Вазорати кишоварзӣ фаъолият мекунад.

Таъсиси намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сармоягузории институтҳои молиявӣ вусъат бахшида, ҷабҳаҳои фаъолият ва робита бо намояндагии марказӣ, шуъбаҳои минтақавӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ тавассути ин намояндагӣ дар ҷумҳурӣ густариш меёбанд.

Бо дарназардошти муҳимияти масъала, аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳишмандам таъсиси намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

 Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 январи соли 2017 таҳти № 1048 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Намояндагии мазкур ҷиҳати расонидани кумаки техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои мушаххас ё дигар шаклҳои кумакрасонӣ мутобиқи қоидаҳо ва тартиботи ФАО таъсис дода мешавад. ФАО кумаки техникиро дар соҳаҳои ваколати худ ва бар асоси бартарии муқоисавӣ мутобиқи афзалиятҳои муқарраршуда дар чорчӯбаи барномавии кишвар ё банақшагирии дахлдор амалӣ ва таъмин менамояд.

Дар доираи Созишнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагии ФАО барои ҳамкории муфид тадбирҳои заруриро барои ворид шудан ба кишвар, будубоши муваққатӣ ба шахсоне, ки дафтари ФАО ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад ва сафари онҳо ба фаъолияти ФАО вобастагӣ дорад, мусоидат менамояд. Тибқи Созишнома, масъулини ФАО дар асоси машварат бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсон ва мақомоти таъинкардаи Ҳукумати мамлакат фаъолият намуда, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои кишвар ҷиҳати амалисозии барномаҳо зердафтарҳо таъсис медиҳад.

Созишнома аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи хаттии охирин тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи аз ҷониби тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои амалӣ гардидани Созишнома зарур мебошад, эътибор пайдо мекунад.

Созишнома ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи масъалаи баъдии рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» сухан ба сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод дода мешавад.

 ҚОДИРЗОДА Саъдӣ Сангинмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012, № 96 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2015», тақвият бахшидан ва такмили пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ, бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия шудааст.

Лоиҳаи қонун, пеш аз ҳама, манфиатҳои иқтисодиёти миллӣ, сохти иҷтимоии давлат ва аҳолии ҷумҳуриро фарогир буда, ба самаранокии фаъолияти бозорҳои мол ва рушди соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Лоиҳаи қонун аз 6 боб ва 32 модда иборат мебошад.

Қобили зикр аст, ки бо дарназардошти вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шароити кунунии кишвар бо мақсади ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон аз рӯи болоравии беасоси нархҳои маҳсулоти аввалияи истеъмолӣ, дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳимояи рақобат» меъёрҳо ҷиҳати танзими нархи маҳсулоти аввалия дар бозорҳои моли ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»-ро бо ­дарназардошти таҷрибаи давлатҳои аъзои ИДМ таҳия намудааст. Вобаста ба ин, дар лоиҳаи қонун меъёри ниҳоии ҳиссаи мавқеи субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои мол аз 25 то ба 15 фоиз тағйир дода шудааст. Тибқи қонунгузории зиддиинҳисории Федератсияи Россия, муқаррар намудани меъёри ниҳоии ҳиссаи субъекти хоҷагидор ба салоҳияти мақомоти зиддиинҳисории кишвар вогузор шудааст, ки он аз рӯи натиҷаи таҳлилҳо муайян карда мешавад. Таҷрибаи татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон низ меъёри ниҳоии ҳиссаи субъекти хоҷагидорро 15 фоиз муқаррар намудааст. Дар шароити иқтисоди бозорӣ меъёри пешбинигардида ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ имконият медиҳад, ки ба пешгирии созишҳо дар самти тағйирёбии нархҳои мол, кор ва хизматрасонӣ мусоидат намояд.

Дар қонуни амалкунанда — «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» танзими бозорҳои хизматрасонии молиявӣ муқаррар карда нашудааст. Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти вазъи имрӯзаи иқтисодиёти кишвар ва ҳимояи манфиати истеъмолкунандагон дар ин самт, дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» танзими давлатии зиддиинҳисорӣ дар бозорҳои хизматрасонии молиявӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба пешгирӣ намудани амалҳои зиддирақобатии субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи хизматрасонии молиявӣ, аз қабили бонкӣ, суғуртавӣ, лизингӣ ва клирингӣ мусоидат менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ба самарабахш фаъолият намудани мақомоти зиддиинҳисорӣ мусоидат карда, танзими муносибатҳои рақобатпазирии бозорҳои молро таъмин менамояд.

Лоиҳаи қонун, бо ­дарназардошти пешниҳоди сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мавриди такмил ва таҳрир қарор дода шуд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳимояи рақобат» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз он тақвият бахшидан ва такмили пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҳимояи рақобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Қабули қонун имкон медиҳад, ки камбудиҳо дар самти хизматрасонии молиявии субъектҳои хоҷагидор ба истеъмолкунандагон бартараф гардида, масъалаҳои ҳолатҳои рақобат дар бозори мол ба танзим дароварда шаванд.

Бо дарназардошти вазъи воқеии иқтисодиёт, дар лоиҳаи қонун низоми танзими давлатии зиддиинҳисорӣ дар бозори хизматрасонии молиявӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» танзими хизматрасонии молиявӣ ба таври истисно дода шудааст.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 128 таклиф пешниҳод намуданд, ки 91-тои он пурра ва 17-то қисман қабул гардид. 20 таклиф қабул нашуд.

Вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»-ро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан ба вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Абдуҳалим Ғаффоров дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:

- Ман ба сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду савол дорам:

1. Дар тӯли мавҷудияти Хадамот кадом созмонҳо ё ташкилотҳо ба рақобат дар бозорҳо монеъ шуданд?

2. Дар муқаррароти қисми дуюми моддаи 15 — уми лоиҳа аз ҷумла омадааст, ки дар сурати афзоиш ё болоравии нархҳо мақомоти зиддиинҳисорӣ назорат мебарад. Оё чунин назорат ягон маротиба аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ гузаронида шудааст ё не?

Саъдӣ Қодирзода: - Вобаста ба саволи аввал мехоҳам зикр намоям, ки субъектҳои хоҷагидорие, ки мол ворид мекунанд, фаъолияти онҳо дар алоқамандӣ бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда мешавад. Кормандони Хадамот омӯзиши вазъи воқеии нархгузорӣ дар бозорҳоро анҷом медиҳанд. Дар асоси пешниҳодҳои онҳо барои беасос болоравии нарх хулосаҳо бароварда мешаванд. Яъне, нарх дар бозорҳо ва дигар фурӯшгоҳҳо таҳти назорат аст ва дар таҷрибаи фаъолияти Хадамот то ин дам маҳдуд кардани рақобат ё таъсиррасонӣ ба нарх ба мушоҳида нарасидааст.

Дар иртибот ба саволи дуюм бояд гуфт, ки моддаи мазкур нав аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе айём, аз ҷумла, фарорасии иду ҷашнҳо, нархҳо боло мераванд. Аз ин рӯ, дар ин моддаи қонун танзими назорати зиддиинҳисорӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар банди панҷуми модда номгӯйи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон мавриди танзими давлатӣ қарор дода мешавад, бо пешниҳоди Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Ба молҳои мазкур, баъди омӯзиши дар давраи муайян ҷараёнгирифта (тақрибан 90 рӯз) нархҳои муътадил ё сарбории муайяншудаи савдо гузошта мешавад.

РАИС: - Ин ҷо дар посух шумо гуфтед, ки болоравии нархҳо дар давраи кӯтоҳ, яъне, арафаи ҷашну идҳо, ба амал меояд. Шарт набудагист ин масъала тӯли 90 рӯз омӯхта шавад, балки чораҳои пешгирии болоравии нарху наворо бояд андешид. Мунтазири воридшавии арзу шикоят набояд бошем ва масъа­лаҳоро доимӣ пайгирӣ кунем. Дар ин масъала омӯхтани таҷрибаи дигар давлатҳо низ аз аҳамият холӣ нест.

Лоиҳаи қонун модда ба модда, боб ба боб ва яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба муҳокимаи масъалаи навбатии рӯзнома- «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.

МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти мунтазаму самараноки иқтидорҳои саноатӣ, саноатикунонии мамлакат ва дар 15 соли оянда табдил додани Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ дар назди масъулин ва аҳли ҷомеаи кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Баҳри амали­гардонии ҳадафҳои зикргардида ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» пешниҳод мегардад.

Мақсад аз пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, аз лиҳози ҳуқуқӣ танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ташаккул ва амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, рушди босубот ва инноватсионии он, афзунгардонӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва дар ҳамин асос ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат, таъмини амнияти миллӣ мебошад.

Лоиҳаи қонун аз 3 боб ва 18 модда иборат буда, дар боби 1 меъёрҳои умумипазируфта инъикос шудаанд. Аз ҷумла, принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат муқаррар карда шудаанд, ки махсусан, бартарии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, азнавкунии саривақтии истеҳсолоти саноат, тамоюл ба иҷрои фармоиши давлатӣ, таҳкими истеҳсолоти маҳсулоти воридот­ивазкунанда ва содиротшаванда ҷолиби қайд мебошанд.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонун намуд­ҳои дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро, ки он аз маблағгузорӣ дар шакли грантҳо, мусоидати молиявӣ, кумаки молиявӣ барои таъсис, рушди истеҳсолоти саноатӣ ва инфрасохтори он, ҷорӣ намудан ва азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, пешниҳоди қарзҳо ҷиҳати мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ғайра иборат мебошад, муқаррар менамояд.

Дар боби II лоиҳаи қонун, алалхусус дар моддаҳои 13, 14, 15, 16 механизмҳои алоҳидаи дастгирии фаъолият дар соҳаи саноат дар самтҳои гуногун пешбинӣ гардидаанд. Чунончӣ, тибқи талаботи моддаи 15 — уми лоиҳаи қонун, ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизмат­расонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ афзалият ба маҳсулоти саноатии кишвар, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дода мешавад, ки иқдоми саривақтӣ мебошад.

Мутобиқи моддаи 16 — уми лоиҳаи қонун мусоидат ба тайёр кардани кадр­ҳои баландихтисоси соҳаи саноат ва ҳамкории бевоситаи муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён пешбинӣ шудааст, ки барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин ҷода шароит муҳайё месозад.

Навоварии дигаре, ки лоиҳаи қонун ба амал меорад, таъсис додани мақоми машваратию маслиҳатӣ, яъне Шӯрои миллӣ оид ба рушди саноат дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мақсад аз он мусоидат намудан ба амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, баҳисобгирӣ, таҳлил ва ҷамъбасти пешниҳодҳои субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, расонидани кумак ба онҳо мебошад.

Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат минбаъд ташкил додани Фонди рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъсис дода, низомномаи он тасдиқ карда мешавад. Молу мулк ва дороиҳои дигари Фонд аз ҳисоби пардохтҳои молумулкии муассис, пардохтҳои хайриявию ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории мамлакат манъ накардааст, ташаккул меёбад. Тартиби дастгирии молиявии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро аз тариқи Фонд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Боварӣ дорем, ки қонуни мазкур барои рушди минбаъдаи соҳаи саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзизода Акрам Ҳамроқул дода мешавад.

 РӮЗИЗОДА Акрам Ҳамроқул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Тавре дар Паёмашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии ­Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъкид намуданд: «Тағйироти сохтории саноати мамлакат бояд дар асосҳои илмӣ ва истеҳсолӣ суръат гирифта, ба ташкили истеҳсолоти рақобатноки самти содиротӣ ва воридотивазкунанда дар асоси истифодаи захираҳои дохилии ашёи хом мусоидат намояд».

Дар робита ба ин, гузариши корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, аз бозори дохилӣ хориҷ намудани молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳисоби барқарорсозӣ ва рушди корхонаҳои коркарди ватанӣ, ки маҳсулоти рақобатнок истеҳсол мекунанд, масъалаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.

Дар нақшаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати иҷрои «Барномаи содирот ва ивазкунандаи воридот барои давраи солҳои 2016 — 2020» дар давраи миёнамуҳлат зиёд кардани 20 номгӯйи молҳои содиротӣ ва 23 намуди нави молҳои ивазкунандаи воридот пешбинӣ шудааст.

Муқаррар намудани намудҳои дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, ки аз маблағгузорӣ дар шакли грантҳо, кумаки молиявӣ, мусоидати молиявӣ, рушди истеҳсолоти саноатӣ, ҷорӣ ва азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, пешниҳоди қарзҳо тариқи Фонди рушди саноат иборат мебошад, дар лоиҳаи қонуни мазкур мавқеи муҳим доранд.

РАИС: - Муҳтарам Рӯзизода, дар ҷаласаи имрӯза иштироки вазири соҳа ҳатмӣ буд, зеро суолҳое, ки ин ҷо матраҳ мешаванд, асосан ба вазир дахл доранд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноати кишвар аст. Бояд иқрор шуд, ки дар кишвар корхонаҳои саноатӣ камшуморанд. Ду — се корхонаи бузурге, ки бо сармоягузории ватаниву хориҷӣ сохта шудаанд, наметавон онро пурра саҳми бевоситаи вазорат унвон кард. То соли 2020 бояд 25 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро маҳсулоти саноат ташкил намояд.

Имрӯз дар бораи технологияҳои нав бояд фикр кард. Онро ҳам таъкид кардан лозим аст, ки то ҳол қонун дар бораи саноат мавҷуд набуд. Тасаввур кунед, ки вақте соҳа қонун надорад, чӣ гуна рушд меёбаду тараққӣ мекунад. Мо ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — муаллифони лоиҳаи қонуни имрӯз баррасишаванда миннатдорӣ баён менамоем, ки онҳо ҷойи ниҳоят муҳими холимондаи соҳаро пурра карданд.

Лоиҳаи қонун бо Ҳукумат мувофиқа гардида, дастгирӣ ёфт. Тибқи он барномаҳо, консепсияҳо таҳия ва қабул карда мешаванд. Аз ҳоло бояд ба нақша гирифт, ки то соли 2020 номгӯйи кадом маҳсулоти соҳа афзуда, чӣ қадари он ба содирот нигаронида хоҳад шуд. Муайян кардан лозим аст, ки бо ин мақсад дар кадом минтақаҳои кишвар корхонаҳо бунёд карда шаванд. Зарур аст, ки маҳсулоти онҳо рақобатпазир бошад, ҳам талаботи дохилиро қонеъ созад ва ҳам зиёдатии он ба хориҷа содирот шавад. Ташкили марказҳои бозомӯзии техникаву технологияҳои нав низ вазифаи муҳим аст. То соли 2030 барои мо бунёди на кам аз ҳазор корхонаи саноатӣ лозим мебошад, то ин ки ба ҳадафи дарпешгузоштаамон расида тавонем. Истеҳсоли маҳсулот бояд зиёд карда шавад. Дур намеравем, истеҳсоли тиллоро мисол меорем. Ҳатто дар даврони шӯравӣ беш аз 3,5 тонна тилло истеҳсол мекардем. Ҳоло бо муҳайё кардани шароити хуб истеҳсоли солонаи онро ба панҷ тонна расонидем.

Нақшаю чорабиниҳои рушди мушаххаси соҳа заруранд. Ҳамкории вазоратро бо вазорату кумитаҳои дигар ба куллӣ тағйир додан лозим аст. Минтақаҳоро омӯхта, мавҷудияти неруи кориро муайян ва бо соҳибкорон муколамаро роҳандозӣ намудан ҳатмист. Онҳоро ба ҳамкорӣ даъват кунед, омӯзонед, кумак расонед. Барои қарз гирифта тавонистанашон ёрӣ расонед. Технологияи нави соҳаро тарғиб намоед, то ин ки соҳибкорон ҳавасманд шаванд. Ҳоло бо чунин вазъе, ки дорем, ҳолати соҳаро беҳтар кардан амри маҳол аст.

Вакилони муҳтарам, оид ба ин масъала ягон кас сухан гуфтан мехоҳад? Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад.

ЛАТИФЗОДА Рустам Барот:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Мо лоиҳаи қонунеро баррасӣ карда истодаем, ки шояд санади ҳуқуқии калидӣ дар ташаккул ва тат­биқи сиёсати саноатии мамлакат ба шумор равад. Лоиҳаи қонуни мазкур аввалин санади ҳуқуқие мебошад, ки мақсад, ҳадаф ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи саноат муайян ва воситаҳои нави ҳавасмандгардонии истеҳсолоти саноатиро пешбинӣ менамояд. Мушоҳидаи раванди тағйироти солҳои охир дар кишвар нишон медиҳад, ки рушди саноат ҳамчун яке аз афзалиятҳои рушди устувори иқтисодӣ муайян гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «соҳаи саноат пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади Буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ­мебошад».

Ҳанӯз соли 2014 дар Паёми худ Пешвои миллат дастур дода буданд, ки бояд ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ — саноатӣ ба мамлакати саноатию аграрӣ табдил додани кишвар тадбирҳо андешем. Бо ин мақсад тақвияти иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиши коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла ҳангоми коркарди пурраи нахи пахта, ­сохтмони иншооти муҳими саноатӣ ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ба роҳ монда, як қатор имтиёзҳо тат­биқ карда шуданд. Ин имконият дод, ки дар чанд соли охир барои рушди соҳаи саноат зиёда аз 24 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда шавад. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо бунёди минтақаҳои саноатӣ, аз ҷумла ду корхонаи коркарди нафт бо иқтидори қариб 2 млн. тонна, се корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори беш аз 3 млн. тонна, корхонаҳои бофандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 млн. метри мураб­баъ матои пахтагин, корхонаҳои саноати кимиё, металлургӣ, аз ҷумла коркарди металлҳои ранга, дар назар дошта шудааст. Рӯйдоди дигари муҳим оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотӣ дар шаҳри Сарбанд дар ҳаҷми 2,9 млрд. сомонӣ мебошад, ки имконият медиҳад дар як сол 300 ҳазор тонна аммиак ва 500 ҳазор тонна карбамид, дар маҷмӯъ, 800 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол ва талаботи соҳаи кишоварзӣ ба нуриҳои азотӣ пурра қонеъ гардад.

Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи саноат вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти нуриҳои минералӣ, ангишт, семент ва як қатор навъҳои масолеҳи сохтмон бартараф намуда, имкон медиҳад, ки содироти минбаъдаи онҳо ба роҳ монда шавад. Яке аз самтҳои муҳими соҳа барқарорсозӣ ва тақвияти корхонаҳои комплекси агросаноатӣ мебошад. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи бунёду барқарорсозии боғу токзорҳо дар кишвар барои солҳои 2010-2014» муваффақона татбиқ ва дар натиҷа, зиёда аз 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд. Бо дарназардошти таъмини рушди соҳа «Барномаи давлатии бунёди боғу токзор барои солҳои 2016-2020» қабул гардид. Ин, албатта, таваҷҷуҳи соҳибкорони ватаниро ба бунёди корхонаҳои муосири коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ зиёд намуда, такони ҷиддӣ дар рушди соҳаи саноат мегардад.

Нақшаҳои азиму таъминкунандаи рушди устувори иқтисодии мамлакат моро дар пеш аст. Аз ҷумла, мо имкониятҳои бузурги рушди саноати сохтмон, химия, кӯҳкорӣ, металлургӣ, аз ҷумла металлҳои ранга ва нодир, фармасевтӣ, коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва дигарро дорем. Бинобар ин, ба мо зарур аст, ки тавассути истифодаи технологияҳои муосир корхонаҳои нави саноатӣ бунёд ва ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти таъминкунандаи бозори дохилӣ ва ивазкунандаи воридотро зиёд намоем.

Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» низ саноатикунонии мамлакат ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллӣ пешбинӣ шудааст.

Боварии комил дорем, ки бо қабули қонуни мазкур заминаи ҳуқуқии танзими муносибатҳо дар соҳаи саноат таъмин мегардад.

Аз вакилони гиромӣ хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам Раҳматович дода мешавад.

 

Қудратов Рустам Раҳматович:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Имрӯз дар назди иқтисодиёт вазифаи муҳим — гузаштан ба модели нави идоракунӣ истодааст. «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар асоси се принсип таҳия ва қабул гардидааст: Якум, пешгирии осебпазирии рушди иқтисодиёт, дуюм, индустриаликунонии иқтисодиёт ва самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ ва сеюм, рушд дар асоси навовариҳо.

Мо бояд дар солҳои оянда ба рушди саноат ноил шавем. Тибқи нишондодҳои омории солҳои 2015 — 2016, саҳми саноат дар ММД 13,5 фоиз буд. Рушди саноат то давраи соли 2030 аз рӯи се сенария мушаххас гардонида шудааст. Тибқи сенарияи инертсионӣ саҳми саноат  дар ММД бояд ба 19,5 фоиз, сенарияи саноатӣ ба 20 фоиз ва сенарияи саноатӣ — инноватсионӣ то ба 21 фоиз расонида шавад. Яъне, зарур аст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 5 маротиба зиёд карда шавад, то ин ки ҳадафи дар Стратегия пешбинишуда ба даст ояд.

Муҳтарам Раис, шумо дар мавриди истеҳсоли тилло ишора кардед. Мехоҳам ин фикри шуморо тақвият бахшам. Мо 49 ҳазор километр дарё дорем ва аз рӯи меъёрҳои ҷаҳонии шусташавии тилло ҳар сол 53 тонна тилло аз онҳо ба кишварҳои поёноб шуста мешавад. Ин шаҳодати он аст, ки бояд дар оянда сиёсатро дар ин соҳа тағйир диҳем. Бо дарназардошти ҳолати воқеии дар соҳа баамаломада саволе ба миён меояд: Оё мо мақсадҳои дар Стратегия муайяншударо амалӣ карда метавонем?

Бояд барои рушди соҳа қонунҳои нав қабул кунем, қонунҳои амалкунандаро мукаммал гардонем. Лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ аввалин санади меъёрии ҳуқуқии соҳа аст. Қабул ва амалигардонии он дар ҳалли масъалаҳои стратегияи миллии рушд саҳми калон  хоҳад дошт. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Cухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

 

Шариф РАҲИМЗОДА :

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Дар шароити ниҳоят сахти рақобат дар бозори ҷаҳонӣ, агар хоҳем, ки кишвари рушдёфта  бошем, бояд, саноати пешрафта дошта бошем. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат дар Паёмашон саноатӣ кардани иқтисодиёти мамлакатро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим маънидод карданд. Дар Паёми охири соли гузашта  ироанамудаашон дар назди масъулони соҳа якчанд вазифаҳои нав гузошта шуд ва рушди неруи инсонӣ яке аз онҳост. Яъне, барои ба сатҳи кишварҳои пешрафта ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон корро хеле барвақт оғоз кардан лозим аст. Ба ҳадафҳои стратегии мо ҳоло ҳадафи нав – вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул илова шуд, ки ноил шудан ба он танҳо дар натиҷаи омӯзиши навгониҳо ва технологияи пешқадам мумкин аст. Мо бояд ба баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат  комёб  шавем ва дар соҳаи саноат ин омили муҳим хоҳад буд. Мо имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ мол мефурӯшем  ва арзиши  иловашудаи он шояд аз 10-20 фоиз зиёд набошад.

Молҳое, ки худамон аз бозори ҷаҳонӣ харидорӣ мекунем, дар онҳо то 300 фоиз арзиши иловашуда мавҷуд аст. Барои мисол, телефонҳои мобилии тамғаҳои охирин, ки аз ин ҳам бештар арзиши иловашуда доранд.

Бинобар ин, барои иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат муайян шудааст, бояд барои рушди воқеии ҳама соҳа кӯшиш ба харҷ диҳем. Аз ин лиҳоз, қабули лоиҳаи қонуни баррасишаванда хеле муҳим буда, аз шумо, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонуни мазкур модда ба модда, боб ба боб ва яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Мавзуна Шарофидинова дода мешавад.

Мавзуна Шарофидинова:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Абдураҳмонзода ва вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Холиқзода, А. Раҳмонзода ва М. Шарофидинова бо мақсади мутобиқ намудани мазмуни он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мувофиқ намудани он ба талаботи имлои забони тоҷикӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Ғояи асосии лоиҳаи қонуни мазкур ба таъмини иштироки ҳар чӣ бештари сокинон дар баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта, саҳмгирии шаҳрвандон дар беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ ва татбиқи бемайлони қонун нигаронида шуда, он дар ҷаласаи васеъ 30 декабри соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва шахсони дигари масъул баррасӣ ва бо дарназардошти таклифу пешниҳоди вакилон ва дас­тури Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насиба Содиқова дода мешавад.

Насиба Содиқова:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни   Ҷумҳурии  Тоҷикистон   «Дар  бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» бартараф намудани ихтилофоти қонунгузориро таъмин ва меъёрҳои навро пешбинӣ менамояд, ки барои дақиқ намудани ваколати ҷамоатҳо доир ба масъалаи иқтисодиёт ва молия, назорати истифода ва ҳифзи заминҳои ҳудуди шаҳрак ва деҳот равона шудаанд. Аз ҷумла, иловаи ба моддаи 25 пешбинишуда вазъи молумулкии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас менамояд. Моддаи 27 дар таҳрири нав баён гардида, асосҳои иқтисодии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро мустаҳкам менамояд ва сатҳи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро баланд мебардорад.

Лоиҳаи қонуни мазкур қобили дастгирӣ аст. Хоҳишмандем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи охири рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Мусаллам Қодирова дода мешавад.

Мусаллам Қодирова:

 Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ф. Раҳимӣ, М. Имомзода ва И. Шафеиён пешниҳод шудааст. Лоиҳа бо мақсади мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, бахусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бартараф сохтани номутобиқатии дохилии меъёрҳои ҷойдошта, бинобар мавриди амал қарор гирифтани қонунгузорӣ доир ба қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ, пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 46 таклифу пешниҳод ирсол намуданд. Аз онҳо 19 –то қабул ва 10 –то қисман қабул гардида, 10 пешниҳод қабул нашуд. Таклифу эродҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баён гардид, барои такмил ёфтани лоиҳа ба инобат гирифта шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Хоҳишмандем, онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Гулнора Бобоева дода мешавад.

 Гулнора БОБОЕВА:

Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ, тартиби фаъолияти субъектҳои онро муқаррар ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ба гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмин менамояд.

Ба қисми чоруми он дар сархати ҳафтуми моддаи 1 калимаи «донишҷӯ» ба калимаи «таълимгиранда» иваз шуд, чунки мафҳуми «таълимгиранда» васеътар буда, дар моддаи 1 боби 1 — Муқаррароти умумӣ маънои калимаи – «таълимгиранда» ҳамчун тарбиягиранда, хонанда, донишҷӯй, шунавандаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ шарҳ дода шудааст. Ба моддаҳои 9, 16, 20 бо мақсади бартараф кардани номутобиқатии дохилии меъёрҳои ҷойдошта тағйиру иловаҳо пешниҳод шуданд.

Ба қисми 4 моддаи 7 илова пешниҳод шудааст, ки тибқи он муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ низ метавонанд тибқи фармоиши давлатӣ, оинномаи муассиса ё қарори муассиси онҳо, таҳсилоти ройгонро ба роҳ монанд, ки ин имкониятҳои хубро барои ҷавонон муҳайё менамояд.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ