Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Сокинони 13 деҳаи ноҳияи Файзобод бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд

№80 (4500) 30.06.2022

Сессия29 июни соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред. Ҳоло дар толор 55 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини якуми  вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа се масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар хусуси Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод»

2. Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод»

3. Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала «Дар хусуси Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷамшед Каримзода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» 11 марти соли 2022 ба имзо расонида шуда, тибқи он, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:

- на дертар аз 36 моҳи тақвимӣ пас аз ба имзо расидани Созишномаи қарзӣ бо субъекти лоиҳа (тибқи муқаррароте, ки барои бонк қобили қабул мебошад) созишнома оид ба хизматрасонии коммуналӣ ба имзо расонад;

- бе розигии пешакии хаттии бонк набояд амалеро анҷом диҳад ё ба он розӣ шавад, ки боиси тағйир додани уҳдадориҳо, бекор кардан, аз худ кардан, даст кашидан ё қатъ кардани созишнома оид ба хизматрасонии коммуналӣ ё ягон муқаррароти он гардад. Чунин шартҳои созишномаро пурра бо ҳамон қувваю эътибор бе тағйир нигоҳ дошта, муқаррароти онро риоя намояд ва иҷрои ҳама гуна ҳуҷҷат ва амалҳои дигаре, ки бонк барои иҷрои созишнома зарур ё матлуб мешуморад, таъмин созад.

Мақсади асосии лоиҳа, пеш аз ҳама, аз барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизмат­расонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани даст­расии аҳолии ноҳияи Файзобод ба оби нӯшокӣ, инчунин, баланд бардоштани устувории фаъолияти молиявии корхонаи хизматрасонии ноҳия иборат мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа 4,4 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз он 1,8 миллион қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 2,6 миллион евро гранти Ҳукумати конфедератсияи Швейтсария мебошад.

Инчунин, барои омода ва тарҳрезӣ намудани нақшаи самаранокии лоиҳа ҷудо гардидани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 0,8 миллион евро низ пешбинӣ гардида, татбиқи он аз соли 2022 шурӯъ ва муҳлати ­ниҳоии амали он соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа бояд 13 деҳа дар 4 ҷамоат бо фарогирии 2520 хоҷагӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда шаванд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» 11 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар доираи лоиҳа чор ҷамоат бо фарогирии 19717 нафар аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда мешаванд.

Лоиҳа соли равон оғоз гардида, муҳлати анҷоми он 31 декабри соли 2026 пешбинӣ гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дода мешавад.

Ҷамшед КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Мақсади асосии Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод», пеш аз ҳама, барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунӣ, беҳдошт ва беҳтар намудани даст­расии аҳолии ноҳияи Файзобод ба оби нӯшокӣ, инчунин, баланд бардоштани устувории фаъолияти молиявии корхонаи хизматрасонии ноҳия мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа 4,4 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз он 1,8 миллион евро қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 2,6 миллион евро гранти Ҳукумати конфедератсияи Швейтсария мебошад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи грантии пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашурзода дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин АШУРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» 11 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он, тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон, расмиёти дохилиро гузаштааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Мақсади асосии Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод», пеш аз ҳама, барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии ноҳияи Файзобод ба оби нӯшокӣ, инчунин, баланд бардоштани устувории фаъолияти молиявии корхонаи хизматрасонии ноҳия мебошад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа корҳои сохтмонӣ, хариди таҷҳизоти махсуси моделсозии гидравликии қубурҳои обгузар, шабакаҳои тақсимоти об ва хариди таҷҳизоти идоракунӣ, аз ҷумла барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва ҷамъоварикунанда, тозакунанда, азнавсозии биноҳои нигоҳдории мошинҳо ва насби ҳисобкунакҳои об, хариди экскаватор, мошини борбардори манипуляторӣ, гидродинамикӣ, маҷмӯи таҷҳизот барои таъмиру нигоҳубини қубурҳо, зарф барои оби ғайриистеъмолӣ пешбинӣ гардидаанд.

Тибқи созишномаи қарзӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — «Қарзгиранда») дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:

- мувофиқи созишномаи зерқарзӣ ва созишномаи интиқоли маблағ аз рӯи шакл ва моҳияте, ки барои бонк қобили қабул аст, ба Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод маблағҳои қарзӣ ва грантӣ бо муқаррароти барои бонк қобили қабулро дастрас намояд;

- Қарзгиранда аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда, инчунин Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзободро водор месозад, ки ҳуқуқҳои худро дар доираи созишномаҳои амалиётӣ, ки онҳо дар маҷмӯъ манфиатҳои Қарзгиранда ва Бонкро ҳимоя месозад,      истифода намуда, муқаррароти созишномаи мазкур ва иҷрои ҳадафҳое, ки барои он қарз дода шудааст, таъмин намояд;

- МИҲД ноҳияи Файзобод ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзободро вазифадор месозад, ки уҳдадориҳояшонро мувофиқи созишномаҳои амалиётӣ иҷро намоянд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи қарзии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.

Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи  қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» 11 марти  соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади амалӣ намудан, барқарорсозӣ, васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии ноҳия бо оби нӯшокӣ мебошад.

Аз арзиши умумии лоиҳа 1,8 миллион евро қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошад. Инчунин 0,8 миллион евро кумаки техникӣ пешниҳод шудааст. Тат­биқи лоиҳа аз соли 2022 пешбинӣ гардида, муҳлати ниҳоии амали он соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Созишнома тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон, расмиёти дохилиро гузаштааст. Он ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Ҳоло барои супурдани  медалҳои ҷашнӣ ва нишонҳои сарисинагии хотиравӣ сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дода мешавад. Марҳамат.

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Барои хизмат дар рушд ва таҳкими парламентаризм,  саҳмгузорӣ дар рушд ва такмили асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо медалҳои ҷашнӣ ва нишонҳои сарисинагии хотиравии 30 — солагии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои ­аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва бо нишон ва ифтихорномаҳои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сарфароз гардонида мешаванд:

Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло, раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло, раиси Комиссияи экологӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, раиси Комиссия оид ба назорати Дас­тур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода, Баҳриддин Зиёӣ, Раънохон Бобоҷониён, Мироҷ Абдуллоев, Фазлиддин Икромӣ, Саодатшо  Матробиён, Гулбаҳор Назирӣ, Азиз Гиёзода, Мавзуна Шамсиддинзода, Зоир Раҳмонзода, Файзулло Қосимӣ, Сурайё Дустмуродзода, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, Ғиёсиддин Шарифзода, Файзулло Наҷмиддиниён, Гулбаҳор Ашурзода, Солеҳа Холмаҳмадзода, Парвиз Шодизода, Шариф Ҳакимзода, Ғайрат Азиззода, Муҳаммад Шодиён, Бахтиёр Аҳмадзода, Рустам Раҳматзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Сатторзода, мудири Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагон Амриддин Қосимзода ва мудири шуъбаи кадрҳо  ва коргузории махсуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Сафарзода.

РАИС: - Барои хизматҳои шоён раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо «Ифтихорнома»-и Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста  мешавад.

Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Ба ҳамаи шумо барои иштироки фаъолона изҳори  миннатдорӣ карда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ