Соли 2016 ба Маҷлиси намояндагон зиёда аз 700 муроҷиати хаттӣ ворид гардид

№50 (3687) 09.05.2017

DSC_1357Чоруми майи соли равон дар толори китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» семинар — машварат баргузор гардид.

Мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Маҷлиси намояндагон Абдулбасир Сабуров иброз дошт, ки  қонуни мазкур муносибатро вобаста ба  тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ирсол гардидаанд, танзим менамояд.

- Тавре аз моддаи 5 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бармеояд, ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқи муроҷиат маҳдудкунӣ вобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, инчунин шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ, шакли ташкилию ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ манъ аст. Ҳамчунин, дар доираи  қонуни мазкур  таъқиб намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бинобар муроҷиати онҳо ба мақомоту ташкилоти дахлдор вобаста ба танқиди фаъолияти мақомоту ташкилот ё шахсони мансабдору роҳбарони онҳо ҷиҳати барқарор ё ҳимоя  намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ ё ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар манъ мебошад, — гуфт Абдулбасир Сабуров.

Зикр гардид, ки тибқи талаботи қонун зимни муроҷиати хаттӣ шахси воқеӣ бояд насаб, ном, номи падар, суроғаи маҳалли истиқомат, маълумот оид ба маҳалли воқеии истиқомат (агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад), муҳтавои муроҷиатро дарҷ намуда, ба он имзо  гузорад. Дар муроҷиати шахси ҳуқуқӣ бояд номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи маҳалли ҷойгиршавӣ, сана, рақами содиротӣ ва муҳтавои муроҷиат нишон дода, аз ҷониби шахси мансабдор ё ваколатдоршуда имзо карда шавад. Муроҷиатҳои хаттӣ аз тариқи хизматрасонии алоқаи почта, тавассути хаткашон ё бо роҳи сабт намудани арзу шикоят ё таклиф дар китоби арзу шикоятҳои мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

Ӯ афзуд, ки дар муроҷиатҳои электронӣ талабот каме дигар аст. Яъне, муроҷиатҳои электронӣ дар шакли ҳуҷҷати электронии бо имзои электронии рақами тасдиқшуда ва дорои дигар маълумоти барои ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳатмӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, пешниҳод карда мешавад. Муроҷиаткунанда бояд насаб, ном, номи падар, суроғаи поч­таи электронӣ ва муҳтавои муроҷиаташро зикр намояд.

Зимни муроҷиат тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) бояд муҳтавои муроҷиат, насаб, ном ва номи падари муроҷиаткунанда, суроғаи маҳалли истиқомат ё ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, рақами телефон (мобилӣ), суроғаи почтаи электронӣ баён карда шаванд.

Як нуктаи бисёр зарурӣ барои шахсони муроҷиаткунанда ҷуброни зарари расонида ва хароҷоти сарфшуда зимни баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки он бевосита дар моддаи 23-юми қонун зикр гардидааст. Мувофиқи он, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд барои барқарор намудани зарар ва ҷуброни зарари маънавии дар натиҷаи амал (беамалӣ)-и ғайриқонунии мақомоту ташкилоти дахлдор  зимни баррасии муроҷиат расонидашуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд. Дар сурати аз тарафи муроҷиаткунанда дидаву дониста дар муроҷиат нишон додани маълумоти бардурӯғ, хароҷоти мақомоту ташкилоти дахлдор, ки зимни баррасии он сарф шудааст, бо қарори суд аз муроҷиаткунанда рӯёнида мешавад.

- Муроҷиати ­дастаҷамъона низ бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур баррасӣ мешавад, — афзуд А. Сабуров. — Ҳангоми зарурат, агар  муроҷиатҳои дастаҷамъона диққату ­эътибори махсуси ҷамъиятиро талаб намоянд, онҳо ба таври сайёр дар маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии муроҷиаткунандагон баррасӣ мешаванд.

Абдулбасир Сабуров илова намуд, ки мувофиқи талаботи қонун, масъулияти мансабдорон низ дар самти муроҷиати шаҳрвандон бештар шудааст. Мувофиқи моддаи 25-ум, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар робита ба муроҷиати шаҳрвандон ба Маҷлиси намояндагон қайд гардид, ки танҳо дар соли 2016 зиёда аз 700 муроҷиати хаттӣ ворид гардидааст, 3691 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ аз ҷониби роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон пазируфта шуданд.

 С. СУННАТОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ