Соли 2016 дар фаъолияти кории шумо аз кадом ҷиҳат хотирмон хоҳад буд?
Бо ин савол ба чанд нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем
Фарҳод РАҲИМӢ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа:
- Яке аз дастовардҳои шоистаи қонунгузорӣ дар соли 2016 ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар натиҷа, меъёрҳои он ба созишномаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намуда, ба имзо расонидааст ва талаботи имлои забони тоҷикӣ мутобиқ гардонида шуданд.
Дастоварди дигари арзанда қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» мебошад. Он меҳнати пурзаҳмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди истиқрори сулҳ, ваҳдати миллӣ, таъмини амнияту оромӣ, адолати иҷтимоӣ, инкишофи иқтисод, боло бурдани сатҳи худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватанпарастӣ, инкишофи фарҳанги миллӣ ва таърихи халқи тоҷик ба инобат гирифта, заминаҳои ҳуқуқии эълон намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат таъмин намуд.
Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ:
- Соли 2016 низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор пешрафт ноил гардид, ки муҳимтарини он бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардидани Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавассути ин чорабинии муҳим, ки 22 май баргузор шуд, ба Конститутсияи кишвар тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид гардид.
Дар ин замина зарурати мутобиқгардонии қонунгузории амалкунанда ба талаботи Конститутсия пеш омад. Аз ҷумла, дар ин робита Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул шуд, ки аз қисми чоруми моддаи 65 Конститутсия сарчашма мегирад. Ҳамчунин, мувофиқи моддаи 71 Конститутсия Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки муносибатҳои ҷамъиятиро бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои самаранок амалӣ намудани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Яке аз қонунҳои дигари муҳим дар фаъолияти парлумон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» мебошад, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Қабули Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав низ муҳим арзёбӣ мешавад. Кодекси мазкур дар таҳрири нав дигаргуниҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятии кишвар, аз ҷумла бозори меҳнат, муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар навигариҳое, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба вуқӯъ омадааст, танзим менамояд.
Меҳринисо БОБОБЕКОВА, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Соли 2016 дар лавҳи хотири ман, пеш аз ҳама, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш бастааст. Зеро он дастур ва роҳнамои воқеӣ барои мо — намояндагони мақоми олии қонунгузор ба ҳисоб меравад. Ташаббусҳои Пешвои миллат дар такмилу инкишофи қонунгузорӣ, идоракунии соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат шоиста ва беназир аст.
Соли гузашта ҷашни чорякасраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва ғайра қабул гардиданд, ки метавон онҳоро хӯшае аз хирмани бобаракати фаъолияти парлумон арзёбӣ кард.
Мутобиқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия ва Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, маросими ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кардани аъзои Маҷлиси миллӣ, ки дар вазъияти тантанавӣ сурат гирифт, низ бароям хотирмон буд. Ин амал масъулияти қонунгузоронро барои фаъолияти софдилонаю содиқона дар таҳия ва қабули қонунҳо дучанд ва онҳоро муваззаф менамояд, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, неру, дониш ва таҷрибаи худро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдат ва истиқлолияти миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона созанд.
ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният:
- Дар соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёди қонунҳо мавриди баррасӣ ва ҷонибдорӣ қарор гирифтанд, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва мутобиқсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шароиту имконият ва меъёрҳои пешрафтаи сатҳи байналмилалӣ нигаронида шудаанд.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз ҳамин қабиланд.
Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон беҳбудиҳои дар натиҷаи қабул ва ҷонибдории ин санадҳо бадастомадаро дар ҳаёти ҳаррӯза эҳсос менамоянд.
ҚУРБОНЗОДА Ҳилолбӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ:
- Соли сипаришуда аз ҷониби кумитаи мо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон 11 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемории пайдошудаи масунияти одам, бемории сил ва вараҷа дар доираи Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон» тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ пешниҳод шуданд, ки баррасӣ ва қабул гардиданд.
Ҳамчунин, тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими солимии оила ва тавлиди фарзандони солим ба як қатор санадҳои қонунгузории амалкунанда, аз қабили Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйиру иловаҳо ворид шуд, ки тибқи онҳо никоҳи хешутаборӣ манъ ва муоинаи тиббии ҳатмии никоҳшавандагон ҷорӣ гардид.
Санади дигари муҳими қабулгардида, ки ба дастгирии оилаҳои камбизоат нигаронида шудааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» мебошад, ки асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоиро ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Насиба СОДИҚОВА, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, доктори илмҳои фалсафа:
- Соли 2016 кумитаи мо ба 38 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 5 қонуни мукаммал хулоса пешниҳод намуд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, санади муҳими тақдирсоз ва гуманистӣ нисбат ба шаҳрвандон маҳсуб меёбад.
Шахсан дар таҳияи лоиҳаи қонунҳои мукаммал «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҳамчун субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ширкат доштам.
Ҳамчун узви Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар семинари омӯзишӣ, ки аз тарафи Форуми осиёгии парламентӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (АФПНР) дар Эстония баргузор шуд, парлумони касбии ҷумҳуриро муаррифӣ намудам. Дар конференсия ва дигар чорабиниҳои байнипарлумонӣ доир ба мавзӯъҳои «Зӯроварӣ дар оила ва роҳҳои пешгирии он», «Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат», «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо», «Ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва масоили консептуалии рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардам. Инчунин, ҳамчун узви Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Покистон аз 14 то 19 март ба Покистон сафари хизматӣ доштам.
Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният:
- Соли 2016 дар таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки баъд мақоми конститутсионӣ гирифт, иштирок намудам. Фаъолият дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти олии қонунгузорӣ имкон медиҳанд, ки таҷрибаи андӯхтаамро дар такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода барам.
Ба ҳайси узви Комиссияи доимии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба мудофиа ва амният дар ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ пайваста ширкат меварзам.
Боиси хушнудист, ки аз тарафи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи фаъолияти ғайридавлатии (хусусӣ) ҷустуҷӯӣ» ва «Дар бораи фаъолияти ғайридавлатии (хусусӣ) муҳофизатӣ» қабул ва барои истифодабарӣ ҳамчун қонунҳои намунавӣ (моделӣ) тавсия гардиданд.
НАЗИРӢ Гулбаҳор, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия:
- Соли 2016 аз ҷониби ман, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» пешниҳод ва қабул гардиданд. Ҳоло лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти риэлторӣ» ва «Дар бораи муфлисшавии шахсони воқеӣ» барои пешниҳод омода шудаанд.
Мансурӣ ДИЛРАБО, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия:
- Иштирок дар ҳамоиши минтақавии байнипарлумонӣ «Оид ба мониторинг ва баҳогузорӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти самарабахши парламентҳо», ки дар шаҳри Катмандуи Непал ва баъдан дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон доир гашт, бароям хотирмон аст. Мавзӯи ин ҳамоиш аз он хотир ҷолиб аст, ки назарсанҷӣ ва баҳогузории парламентҳои миллиро доир ба қабулу татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ бо иттилоот ва таҳлилҳои эътимодбахш таъмин менамояд. Дар ин самт ҳамкориҳои байнипарлумонӣ метавонанд самара ва манфиати зиёд оваранд.
Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», «Оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудам, ки баъди қабул мавриди амал қарор доранд.
Олимҷон САФАРОВ, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин:
- Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар таҳияи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» ва «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» иштирок доштам. Инчунин, зимни муҳокимаи парламентӣ доир ба амалишавии «Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» дар объектҳои пешбинишуда маърӯза намудам.
Дар конференсияи Ассотсиатсияи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Бишкек моҳи июни соли 2016 перомуни «Мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риоя намудани ҳуқуқи интихобкунандагон» баргузор гардид, суханронӣ кардам.
Тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш бо интихобкунандагон оид ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, ҳадафҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тибқи Стратегияи миллии рушд, ки аз Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, вохӯриҳо гузарондам.
Амрихудои ДАМДОР, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ:
- Тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар се маротиба бо интихобкунандагон мулоқот доштам.
Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» тағйиру иловаҳо пешниҳод намудам.
Чун узви Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламентҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ҳиндустон ва Куба 18 сентябр бо сафири Ҷумҳурии Куба Эниреке Валдес Карлос де ла Консепсон бо ҳамроҳии аъзои Гурӯҳи дӯстӣ мулоқот намудем.
Ҷаббор АХМЕДОВ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон:
- Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аъзои кумитаи мо 6 лоиҳаи қонунро пешниҳод намуданд, ки 3-тои он қабул гардид.
Мо кӯшиш дорем, ки дар фаъолият тарзу усулҳои рангоранг ва ҷавобгӯйи талаботи рӯзро ҷорӣ намоем. Бо ин мақсад, муҳокимаи қаблии лоиҳаи қонунҳо то пешниҳод ба Маҷлиси намояндагон бо иштироки мутахассисони соҳа, коршиносон ба роҳ монда мешавад. Чунончӣ, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризми дохилӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» аз тарафи муаллифон, ки 4 нафари онҳо аъзои ҳамин кумита ҳастанд (Л. Н. Раҷабова., Н. Оқилзода, М. Қодирова, Қ. Миралиён), пас аз баррасӣ, бо кормандони соҳа дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Панҷакент ба муҳокимаи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.
Пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», ки яке аз муаллифони он будам, маҳз аз дархосту пешниҳоди интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии №15 ба номи Ӯрунхоҷаев сарчашма мегирад.
Дар ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ низ дигаргуниҳои назаррас ба чашм мерасанд. Ҳангоми гузаронидани муҳокимаи парламентӣ вобаста ба иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» аъзои кумита кӯшиш намуданд, то масъалаи баррасишаванда воқеъбинона сурат гирад. Бо ин мақсад фаъолияти 16 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбута мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Аъзои кумита дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ, Кумитаи ҳамкории Парламенти Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Бешубҳа, фаъолият дар соли ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок буд.
Рузадор МУҲАББАТШО, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот:
- Соли 2016 дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо, аз ҷумла Конуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» иштироки фаъол доштам.
Ҳоло дар фаъолияти парлумони кишвар таҷрибаи хубе рӯи кор омадааст: вакилон ба мамлакатҳои хориҷӣ сафар намуда, баробари ба таҷрибаи кори онҳо шинос шудан, дастовардҳои мақоми олии қонунгузориамонро муаррифӣ менамоянд. Вакилон Ҷобирзода Тоҳир Гул, Исмоилзода Зуфар ва банда дар семинари байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид аз 12 то 14-уми декабри соли 2016 дар шаҳри Алмаато баргузор гардид, ширкат намудем. Дар он масъалаи ниҳоят муҳим барои кишварҳои Осиёи Марказӣ — «Нақши парламентҳо дар тавсеаи дипломатияи превентивӣ (пешгирона ё худ эҳтиётӣ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Намояндагони парлумони кишвари мо дар семинар фаъолона ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
Таҳияи Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ,«Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ