Соли 2018 аз кадом ҷиҳат хотирмон буд ва аз соли нав чӣ интизорӣ доред?

№156 (3950) 31.12.2018

Бо ин суол дар арафаи соли нав ба чанд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем

DSC_1275Ҷаббор АХМЕДОВ -

узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон:

- Соли 2018 дар таърихи Тоҷикис­тони соҳибистиқлол, бешубҳа, бо рӯйдодҳои хотирмон сабт хоҳад шуд. Мавриди истифода қарор додани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро аз нигоҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ метавон ҳатто дар радифи рӯйдодҳои муҳимтарини аср ном бурд. Фарзан­дони миллати тоҷик, сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои бешумор, баҳри амалӣ шудани он қудрати азалии созандагӣ, дониши амиқ ва иродаи шикастнопазир нишон доданд. Ин дастоварди бузург, албатта, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.

Боиси сарфарозӣ аст, ки ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон якчанд маротиба бо ҳамкасбонам ба макони сохтмони неругоҳ сафар ва бо бунёдкорони он дидору гуфтугӯ доштам. Дар маросими пуршукӯҳи ба истифода додани нахустагрегат низ иштирок намуда, шоҳиди рӯйдоди таърихӣ шудам.

Ростӣ, ҳар боре, ки неругоҳи сохташавандаро тамошо мекардам, маро ҳам ифтихор ва ҳам ҳайрат фаро мегирифт ва боварам намеомад, ки ин ҳама маҳсули заҳмати инсон аст. Неругоҳ дар назарам ба шаҳри зебои зерикӯҳӣ монанд буд. Шукри сулҳу осудагии кишвари азиз мекардам ва дилам ба ояндаи неки он гармтар мегардид.

Рӯйдоди дигари муҳимтарини соли 2018, бидуни шубҳа, роҳандозии дигарбораи робитаҳои воқеан дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳсуб мешавад. Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расидани даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ ва шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни ду кишвари ҳамсоя ва аз тарафи Маҷлиси намояндагон тасдиқ гаштани онҳо гувоҳи равшани ҷидду ҷаҳди тарафайн барои идомабахшии дӯстии бисёрасра мебошад.

Соли 2018 дар фаъолияти вакилиам низ рӯйдодҳои муҳим ба вуқӯъ пайвастанд. Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ як лоиҳаи қонуни мукаммал ва ду лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишварро пешниҳод намудам, ки онҳо пазируфта шуданд. Дар ҷаласаи Кумитаи муштараки байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Парламенти Иттиҳоди Аврупо иштирок намуда, дар бораи мубориза алайҳи терроризм, ифротгаройӣ, густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ назари худ ва пешниҳодҳои Маҷлиси намояндагонро изҳор доштам.

Барои хидматҳои тӯлонӣ дар мақомоти давлативу ҷамъиятӣ 30-юми август аз тарафи Президенти маҳбуби кишвар ба унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз шудам, ки хеле сипосгузорам.

Умед дорам, ки соли 2019 бо саъю кӯшиши ҳадафмандона, заҳмати ҳалолу фидокорона ва ифтихори баланди ватандорӣ Тоҷикистонро ба сафи давлатҳои мутараққии ҷаҳон боз ҳам наздик мекунем. Итминон дорам, ки ҳар як шаҳрванди бонангу ори кишвар дар пешрафту ободии кишвар бедареғ саҳм мегирад.

DSC_1110АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод -

узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия:

- Соли 2018 дар заминаи ташаб­буси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, оғоз ёфт. Ин имкон медиҳад, ки кишвар дар миқёси ҷаҳон ҳамчун давлати дорои захираҳои бузурги обӣ ва истеҳсолкунандаи «барқи сабз», яъне, аз ҷиҳати экологӣ тоза, шинохта шавад ва як қисми аҳолии сайёра аз танқисии оби нӯшокӣ, ба воситаи дастгирии байниҳамдигарии давлатҳои ҷаҳон раҳоӣ ёбанд.

Шонздаҳуми ноябри соли 2018 чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт ва ман ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон дар он лаҳзаи бароям бениҳоят хотирмон иштирок доштам.

Соли 2019 боз як чархаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» мавриди истифода қарор мегирад ва ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ хоҳем расид. Дар натиҷа, на танҳо худ бо неруи барқ таъмин мегардем, балки онро ба хориҷи кишвар интиқол дода, иқтидори иқтисодии кишварро беҳтару хубтар менамоем.

Дар охири соли 2019 пешниҳоди номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад ва ман мекӯшам, ки дигарбора ба чунин шараф ноил гардида, неруи худро баҳри шукуфоии Ватани азиз сарф намоям.

DSC_1193Баҳром АБДУАЛИМОВ -

муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия:

 - Аз ҳама лаҳзаи хотирмони соли 2018 барои ман оғози кори агрегати якуми НБО-и «Роғун» мебошад. Он рӯз дар таърихи на танҳо энергетикаи тоҷик, балки дар саҳифаҳои зиндагии мардуми кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

Аъзои кумитаи мо ба якчанд қонун ва санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо пешниҳод манзур карданд, ки онҳо ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат менамоянд. Ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозӣ аз ҳамон ҷумла мебошад.

Фарорасии соли навро бо умеду орзуҳои нек интизорам. Бовар дорам, ки сокинони ҷумҳурӣ мунтазири ба истифода додани агрегати дуюми НБО-и «Роғун» дар ин сол мебошанд ва он низ барои таърихи давлатдорӣ  фаромӯшнашаванда хоҳад буд.

Аъзои кумита тасмим гириф­тем, ки соли 2019 ба якчанд санади меъёрии ҳуқуқии фарогири соҳаҳои энергетика, саноат ва коммуникатсия барои рушди минбаъдаи ин соҳаҳо тағйиру иловаҳои зарурӣ пешниҳод намоем, зеро энергетика муҳаррики асосии инкишофи саноат буда, дар амри табдил додани кишвар аз ҷумҳурии аграрӣ ба индустриалӣ — аграрӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

DSC_1240Мавзуна ШАМСИДДИНЗОДА -

узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ:

 - Соли 2018 аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки агрегати якуми НБО-и «Роғун» ба фаъолият шурӯъ намуд. Ин воқеаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ба ифтихори миллӣ табдил ёфт. Пурра мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нодири аср барои шукуфоии минбаъдаи кишвар ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Дигар рӯйдодҳои муҳими сол, аз назари ман, Саммити сарони давлатҳои аъзои ИДМ ва баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ҳамчунин, доир шудани ҷаласаи шӯроҳои сарони ҳукуматҳо ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, ҷаласаи сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб меёбанд.

Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ эълон гардидани соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бисёр бамаврид буд. Ин ибтикор боис гардид, ки мардум ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дубора ҳавасманд шаванд. Дар ин радиф, муаррифии шоистаи соҳаи сайёҳӣ ва афзоиши сафи сайёҳон ба кишвар барои шинохти фарҳанги миллӣ дастоварди арзишманд аст.

Фарорасии соли нав барои ҳамватанон муборак бошад!

Олимҷон САФАРОВ - 

муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин:

- Барои ман соли 2018 бо як қатор рӯйдодҳои таърихияш бобарор ва фаромӯшнашаванда буд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз ва бахшида ба он моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи сатҳи баланд баргузор гардид.

Шодиву нишоти мардуми шарифи ҷумҳурӣ аз рӯйдоди тақдирсоз, орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар — ба кор даромадани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳадду канор нест. Бо оғози фаъолияти ин иншооти муҳим, ки бо ибтикор ва дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, афсона ба воқеият табдил ёфт.

Дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе низ корҳои зиёди созандагиву бунёдкорӣ ба анҷом расонида шуд. Бо риояи санъати меъмории миллӣ, биноҳои нави бисёр­ошёнаи замонавӣ қомат афрохтанд ва азнавсозии роҳҳои автомобилгард босуръат идома ёфт. Теъдоди зиёди автобус ва дигар воситаҳои нақлиёти замонавӣ ба хизмати мусофирон вогузор гардид. Боғҳо, кӯчаву гулгаштҳои нав, майдонҳои варзишӣ ва дигар объектҳои иҷтимоӣ мавриди истифода  қарор гирифтанд.

Соли нави мелодии 2019-ро ба мардуми кишвар аз самими қалб муборакбод мегӯям ва барояшон сулҳу осоиштагӣ, бахту саодат, дастовардҳои беназир таманно мекунам.

Мусоҳиб Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»