Соли 2020 барои ҷомеаи ҷаҳон соли осон набуд. Паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҳама самти фаъолиятро дарҳаму барҳам сохт. Буҳрони молиявӣ, гаронии нарху наво, маҳдудият дар омадурафти шаҳрвандон аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ, мустақим баргузор нагаштани чорабиниҳои муҳим аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ба миён омаданд. Бо вуҷуди ин, фаъолият дар баъзе аз самтҳо, аз ҷумла, Маҷлиси Олии мамлакат, мувофиқи нишондодҳо ҷараён дошт. Дар ин замина, андешаи ду тан аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва се нафар аз вакилони Маҷлиси намояндагон пешкаш мегардад.
МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло,
муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ:
- Соли 2020, новобаста ба мушкилиҳо, хотирмон буд. Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо амри дил ва садоқати бепоён ба обу хоки меҳани азиз маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд доир намуданд ва собит карданд, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сидқан дастгирӣ менамоянд.
Ҷиҳати самаранок фаъолият намудани Маҷлиси намояндагон бархе аз корҳои ташкилию ҳуқуқӣ, ба монанди таъсиси ҳайати роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, фраксияҳо, гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳандозӣ намудани курсҳои бозомӯзии санадҳои танзимкунандаи фаъолияти вакилӣ ва омӯзиши забонҳо анҷом дода шуд.
Аз моҳи марти соли 2020 зиёда аз 116 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 9 қонуни мукаммал, 70 тағйиру илова ба кодексу қонунҳо, 37 созишнома, ёддошт ва барномаҳои барои давлату ҷомеа муҳим ҷиҳати баррасӣ, таҳия ва қабул ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд. Дар ин фосила 9 қонуни мукаммал, тағйиру илова ба 3 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 тағйиру илова ба кодексҳо, 38 тағйиру илова ба қонунҳо, 30 Созишнома, 6 Протокол, се Ёддошт, як Дурнамо ва як Барнома қабул гардиданд.
То ҳол ҷиҳати баррасии лоиҳаи кодексу қонунҳо, созишномаву протоколҳо 28 маротиба ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва 19 маротиба ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон баргузор гардида, беш аз 200 қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва 154 қарори ҷаласаи Маҷлиси намояндагон қабул карда шуданд.
Инчунин, дар Маҷлиси намояндагон беш аз 10 муҳокима ва соати парламентӣ, хониши вакилию суҳбатҳои гирди миз барпо шуда, дар онҳо масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Илова бар ин, соли 2020 таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ҳамоиши таҳлилию омӯзишӣ дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръати кишвар ва шуғли пурмаҳсули аҳолӣ» бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.
Мақоми олии қонунгузорӣ, новобаста ба паҳншавии пандемияи коронавирус, дар самти таҳкими муносибатҳои дӯстона бо парламентҳои давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, конференсия ва ҳамоишу нишастҳоро бо тариқи фосилавӣ ба роҳ монд. Хусусан, роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон беш аз 30 конференсияи байналмилалии фосилавӣ, зиёда аз 15 мулоқоту вохӯрӣ бо сафирону намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ҳайати гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ, мушоҳидин ва созмонҳои байналмилалӣ анҷом доданд. Ҳамчунин, муносибатҳои тарафайнро бо парламентҳои беш аз 70 мамолики ҷаҳон мустаҳкам намуданд, ки дар роҳандозӣ намудани робитаҳои дӯстонаи байнипарламентӣ, инчунин, ба рушди муносибатҳои сиёсати хориҷии кишвар мусоидат менамояд.
Умед дорем, соли 2021 барои сокинони кишвар соли барору комёбиҳо хоҳад гашт. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд. Аз ин рӯ, ба сокинони меҳандӯсти кишвар дар соли нав, пеш аз ҳама, саломативу иқболи нек ва ба Тоҷикистони азиз суботу оромӣ, ваҳдати ҷовидонӣ ва пешрафти рӯзафзун таманно менамоям.
ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ,
раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор:
- Соли нави мелодии 2021 барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли махсус аст. Зеро дар он ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунем. Дар рафти омодагӣ ба он, соли 2020 дар мамлакат корҳои зиёди ободонӣ анҷом ёфта, баҳри амалӣ гаштани нақшаю барномаҳои созандагӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Дар ин сол фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас буд. Аз ҷумла, дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон се маротиба ҷаласа баргузор шуд, ки дар онҳо қонунҳо «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи сайёҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, аъзои Кумита зимни ҷаласаҳои корӣ, дар баррасии ҳашт лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва чорабиниҳои дигар фаъолона ширкат варзиданд.
16 — 17 сентябри соли 2020 дар конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Таъсири пандемия ба Осиёи Марказӣ: таҷрибаи аввал, буҳрон ва дурнамои дигаргунсозӣ», ки бо ташаббуси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо Донишгоҳи иқтисодии ҷаҳон ва дипломатияи Ӯзбекистон ва намояндагии доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар он кишвар аз тариқи фосилавӣ баргузор шуд, иштирок ва маърӯза намудем. 1-3 ноябри соли 2020- ум 206 — умин ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир гардид, ки дар он низ ширкат доштем.
Ёдовар шудан бамаврид аст, соли 2020 барои мардуми дунё чандон соли осон набуд. Зеро бемории сироятии коронавирус ба фаъолияти инсонҳо таъсири манфӣ расонида, вазъи сиҳатии мардумро таҳти хатар қарор дод. Бо вуҷуди ин, мардуми шарифи кишвар тавонистанд, ки ба таҳлука дода нашуда, аз он бо талафоти кам дар амон қарор гиранд.
Умед дорем, ки соли нави 2021 соли барору комёбиҳо гардида, бо иттифоқу якдилӣ ҳама мушкилиро пушти сар хоҳем кард.
ФАЙЗУЛЛО Машраб Қурбоналӣ,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор:
- Ҳар соле, ки сипарӣ мешавад, ҳодисаю рӯйдод, комёбиву дастовардҳо, барору нобарориҳо дорад. Аз нобарориҳояш ғамгин набояд шуд ва ҳама вақт умед ба ояндаи дурахшону нек бояд кард. Аз ҷумла, соли 2020 барои баъзеҳо соле буд, ки ҳам барор оварду ҳам каме нокомиҳо дошт. Ягона ҳодисаи манфии соли 2020 он буд, ки ҷаҳонро пандемияи COVID-19 фаро гирифта, вазъияти иҷтимоию иқтисодии кишварҳоро мураккаб гардонид. Ба иқтисодиёти ҷумҳурии мо ҳам пандемияи COVID-19 таъсири манфӣ расонид. Бо вуҷуди мушкилиҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш карда истодааст, ки рушди иқтисодиро нигоҳ дошта, масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеаро ҳаллу фасл намояд.
Мутобиқи маълумоти расмии оморӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 55,6 млрд. сомонӣ ва суръати рушди он, новобаста ба таъсири пандемия, ба 4,2 фоиз баробар гардида, нисбат ба соли 2019 ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 2,8 млрд. сомонӣ зиёд гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 бо ифодаи реалӣ 10,7 фоиз, кишоварзӣ — 8,1 ва гардиши савдои хориҷӣ 8,3 дарсад афзоиш ёфт. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра ба 3,4 млрд. доллари амрикоӣ баробар гардида, нисбат ба давраи қиёсшаванда 261,1 млн. доллари амрикоӣ (8,3 фоиз) зиёд мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия 2 қонуни мукаммал, тағйиру иловаҳо ба 17 қонун, 15 созишнома, 1 барнома, 1 дурнамо, 1 ёддошт ва 1 пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дод, ки қабул шуданд.
Рӯйдоди таърихии соли 2020 он аст, ки халқи сарбаланди тоҷик фарзанди барӯманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Бовар дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат ба сӯи фатҳи қуллаҳои баланд қадамҳои устувор мегузоранд.
Рустам ЛАТИФЗОДА,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин:
- Солеро, ки сипарӣ гардид, соли фаъолияти пурсамар дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта меҳисобам. Пеш аз ҳама, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки сарвари он ҳастам, дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзид. Интихобкунандагон бори дигар, бо бовар кардани эътимоди бештар, 7 намояндаи Ҳизби аграрӣ, аз ҷумла, каминаро ҳамчун вакил ба мақоми олии қонунгузори мамлакат дастгирӣ карданд. Ин имкон дод, ки дар парлумон фраксияи ҳизбро таъсис диҳем ва дар таҳия, баррасӣ ва қабули қонунҳои муайянкунанда ва таъминкунандаи сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу илми кишвар саҳм гузорем.
Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби аграрии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, баъд аз ҲХДТ овози бештарро ба даст овард. Ин боварии мардум моро водор месозад, ки баҳри беҳбудии рӯзгори онҳо ва рушди Тоҷикистони азиз бештару хубтар фаъолият намоем. Ба ин мақсад дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро баҳри татбиқи нақшаҳои азими давлатӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушди устувори кишвар ба роҳ мондаем.
Агар ба фаъолияти парламентӣ дар соли 2020 баҳогузорӣ намоем, онро метавон назаррасу пурсамар арзёбӣ намуд. Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, ки сарварии онро ба уҳда дорам, дар самти қонунгузорӣ, муҳокимаҳои парламентӣ ва қабули шаҳрвандон корҳои муайянро ба анҷом расонид. Давоми сол аз тарафи аъзои кумита ҳафт лоиҳаи қонун, аз ҷумла, ду қонуни мукаммал таҳия гардид. Аз ин шумора ду қонун аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шуда, барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ирсол гардид.
Лоиҳаи қонунҳои таҳиякардаи кумита «Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ» ва «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар суҳбатҳои гирди миз, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар онҳо намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Таклифу пешниҳодҳои аз ҷониби иштирокчиёни ироашуда барои таҷдид ва такмили лоиҳаи қонунҳои зикршуда истифода гардиданд.
Инчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», Созишномаи грантӣ (лоиҳаи Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», ки барои хулоса ба кумита супорида шуд, дар муҳлатҳои муқарраргардида, дар асоси хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва такмил гардида, ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуданд.
Бо дарназардошти муҳимияти масъалаҳои идоракунӣ ва истифодаи самараноки захираҳои об, хусусан оби полезӣ, кумита соли 2020 муҳокимаи парламентиро оид ба рафти татбиқи Созишномаи грантӣ (гранти №TFOA6507) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд баргузор намуд.
Илова бар ин, соли 2020 аъзои кумита қабули мунтазами шаҳрвандон, баррасӣ ва назорати муроҷиати онҳоро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ монда, муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии воридшударо сари вақт мавриди баррасӣ қарор доданд.
Кумита барои соли 2021 ҷиҳати такмили қонунгузории соҳавӣ, ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон ва таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ нақшаҳои мушаххас таҳия кардааст, ки бо дарназардошти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ва барои таъмини пешрафти минбаъдаи кишвар равона карда хоҳанд шуд. Умед дорем, ки соли 2021 барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз бобарор хоҳад омад.
Бозоралӣ ОДИНАЗОДА,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ:
- Соли 2020 дар кишвар рӯйдодҳои муҳиму хотирмон ба вуқӯъ пайвастанд ва дар бисёре аз соҳаҳо дастовардҳо назаррас буданд.
Он ҳама муваффақияту комёбиҳо, пеш аз ҳама, бо ҳидоят ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид. Маҳз ба шарофати роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат Тоҷикистони соҳибистиқлол давоми чоряк аср роҳи таърихиеро тай намуда, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як давлати амну осуда эътироф гардид.
Боиси сарфарозист, ки соли 2020, ба ман ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки дар баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Молдова ҳамчун мушоҳиди байналхалқӣ иштирок намоям.
Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, якҷо бо вакилони Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрук», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» таклифу хулосаҳои мушаххас пешниҳод намуда, инчунин, ба лоиҳаи Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентӣ пешниҳодҳои худро ба Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ирсол намудам. Аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия дар мавзӯи «Иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои имконпазири ҳалли он дар доираи қонунгузорӣ оид ба содироти молу маҳсулот» муҳокимаи парламентӣ доир карда шуд. Дар он масъалаи зикршуда васеъ баррасӣ гардида, баҳри бартараф намудани норасоии қонунгузории ҷорӣ тавсияҳо ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардиданд. Инчунин, се ҷаласаи Кумита баргузор гардида, дар онҳо қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дигар санаи хотирмон барои ман 22 октябри соли 2020, ба ҳайси узви комиссия аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат дар ҷаласаи комиссияи буҷети Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд.
Соли 2020, ҳамчунин, аз он ҷиҳат хотирмон боқӣ мемонад, ки дар он чорабинии муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, чун тамоми сокинони кишвар дар он фаъолона иштирок карданд.
Ҳоло сокинони ноҳия ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо, баробари рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳамчунин, то ҷашни фархунда бунёду таъмири 242 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Соли нави мелодии 2021-ро ба ҳамватанон аз самими қалб муборакбод мегӯям ва барояшон сулҳу осоиштагӣ, бахту саодат, дастовардҳои беназир таманно мекунам. Итминони комил дорам, ки сол бобаракат мегардад ва кишвари азизамон ободу зеботар шуда, рушд менамояд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»