Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) баробари шарҳу тавзеҳ ва баррасии муҳимтарин самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид, ки идомаи мантиқии маҷмӯи ташаббусҳои Роҳбари давлат дар самти дастгирии ҷавонон ба шумор меравад.
Бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва эҷодкор, ҳанӯз дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ, аввалин мулоқоти Пешвои миллат бо ҷавонон баргузор гардид, ки ифодаи такя ба ин неруи созандаро дошт. Минбаъд, марҳила ба марҳила масъалаи дастгирии ҷавонон ва ташаббусҳои созандаи онҳо яке аз самтҳои меҳварии сиёсати Давлат ва ҳукумати кишвар қарор гирифт ва дар ин ҷода тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд. Пешвои миллат зимни ироаи Паём дар мавриди аҳамияти махсус зоҳир намудан ба масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи ҷавонон, кору фаъолият ва зиндагонии шоистаи онҳо ҳамчун ояндасозони давлату миллат изҳор доштанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад». Ҳамчунин, дар идома ишора шуд, ки «солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиму тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароити ҷавобгӯ ба талабот ва ниёзҳои ҷомеаи муосир ва бо ин мақсад мусоидат дар рушди соҳаи маориф аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор мерафт».
Тоҷикистони азизи мо кишвари ҷавонон мебошад ва 70 фоизи аҳолии мамлакатро ҷавонони то синни 30 ташкил медиҳанд. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат пайваста ба ин неруи созандаи саодатманд такя мекунанд.
Нуктаи муҳими дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат ба он таваҷҷуҳи амиқ зоҳир шуд, ҷалби бештари бонувону ҷавонон ба корҳои давлатӣ маҳсуб меёбад. Таъкиди Роҳбари давлат ба масъалаи ҷалби бонувон ба корҳои давлатӣ, аз ҷумла зиёд намудани шумораи онҳо дар низоми фаъолияти бонкӣ, дигар ниҳоду сохторҳое, ки нисбатан корҳои сабуктарро доро мебошанд, водор месозад, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо софдилона хидмат намоем ва дар ободии кишвари азизи хеш саҳми арзанда гузорем. Зеро эътимоди Сарвари давлат ба неруи ақлонӣ ва фарҳанги ахлоқии бонувон масъулиятро дар амри иҷрои вазифаҳо дучанд мегардонад ва мо — бонувон кӯшиш менамоем, ки ба он сазовор бошем.
Саодат Аминҷонова,
муовини сардухтури Беморхонаи клиникавии №1, шаҳри Хуҷанд, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон