Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Соли ҷорӣ кишоварзон аз пардохти андози ягонаи замин озод карда мешаванд

№62-63 (4324-4325) 08.05.2021

Дар робита ба ин масъала, бо мақсади таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ дар шароити бемории сироятии COVID-19 вакилони мардумӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» тағйиру иловаҳо ворид карданд

DSC_1788Панҷуми майи соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: - Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа 7 масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳиш мекунам, нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А. Ғ

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ баровардани Холиқзода А. Ғ

3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ озод намудани Холиқзода А. Ғ

4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Холиқзода А. Ғ

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»

6. Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он».

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А. Ғ.» шурӯъ менамоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ баровардани Холиқзода А. Ғ.» мегузарем.

Чӣ гуна пешниҳодҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ озод намудани Холиқзода А. Ғ.» мегузарем.

Чӣ гуна пешниҳодҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Холиқзода А. Ғ.» шурӯъ менамоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Вакилони арҷманд, хизматҳои Холиқзода Абдураҳим Ғафор ҳамчун вакил дар даъватҳои панҷум ва шашум шоистаи таҳсин буда, на ин ки Маҷлиси намояндагон, балки дигар соҳаҳои ҷомеа ба ӯ барин шахсиятҳои кордону пуристеъдод ниёз доранд.

Холиқзода Абдураҳим Ғафор барои хизматҳои шоиста, даст­овардҳои арзандаи меҳнатӣ ва фаъолияти пурсамари қонунгузорӣ, намояндагӣ ва байнипарламентӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагон сарфароз гардонида мешавад.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 ироа гардид, инчунин, қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки танзими онҳо дар буҷети давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад, таҳия шудааст.

Мутобиқи он ба моддаҳои 2, 3, 4, 5, 6, 8, 10, 15, 19, 20 ва замимаҳои 1 ва 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» тағйи­ру иловаҳои зерин ворид карда мешавад.

Аз ҷумла:

- бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзон ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ дар шароити бемории сироятии фарогири COVID -19 кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне, соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда мешаванд;

- пешбинӣ намудани ҷуброни ихтисори сарчашмаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби андози ягонаи замин маҷмӯан ба маблағи 139,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба ВМКБ дар ҳаҷми 1,2 млн. сомонӣ, вилояти Хатлон 49,1 млн. сомонӣ, Суғд 64,4 млн. сомонӣ, шаҳри Душанбе 1,5 млн сомонӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 23,6 млн. сомонӣ аз тариқи ҷудо намудани кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ;

- зиёд намудани нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 139,8 млн. сомонӣ бо дарназардошти дурнамои афзоиши ҳаҷми воридот ва арзиши гумрукии мол дар соли 2021 ва тағйирёбии қурби миёнасолонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ то охири соли молиявӣ;

- зиёд намудани ҳаҷми хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои молиявии беруна, аз ҷумла барои нигаҳдории намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ ва пардохти аъзоҳаққиҳои ҷумҳурӣ дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳаҷми 8,5 млн. сомонӣ ва хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ дар ҳаҷми 68,3 млн. сомонӣ бо дарназардошти тағйирёбии қурби миёнасолонаи пули миллӣ;

- ворид намудани муқаррарот оид ба татбиқ нагардидани муқаррароти моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» вобаста ба уҳдадориҳои андозӣ аз ҳисоби таҳвили неруи барқ;

- озод намудани маблағҳои пардохти хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ аз ҳиссаҷудокуниҳо ба буҷети давлатӣ;

- зиёд намудани нақшаи маб­лағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2021 маҷмӯан ба маблағи 196,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои хариди таҷҳизоти муосири тиббӣ, хариди тестҳои оҷилӣ, доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ки соли 2020 барои амалӣ намудани чорабиниҳо марбут ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 ҷалб шудаанд;

- инчунин, ворид намудани дигар тағйирот вобаста ба таъмини мувозинати буҷети давлатӣ ва танзими муносибатҳои байнибуҷетӣ, ки аз тағйироти болозикр бармеояд.

Новобаста ба иловаҳои зикршуда ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ бетағйир дар ҳаҷми 27,6 млрд. сомонӣ боқӣ монда, қисми хароҷот бо дарназардошти тағйироти зикршуда бо афзоиши 273,3 млн. сомонӣ ба 28,4 млрд. сомонӣ баробар мегардад.

Ворид намудани тағйироти зикр­шуда имкон медиҳанд, ки нишондиҳандаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ сифатнок иҷро гардида, дар баробари ин, чорабиниҳои аввалиндараҷа марбут ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ дар шароити номуътадилии эпидемиологӣ дар ҷаҳон таъмин карда шавад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло МАШРАБ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он ба моддаҳои 2, 3, 4, 5, 6, 8, 10, 15, 19, 20, инчунин, замимаҳои 1 ва 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Ҳамчунин, бояд қайд намоям, ки барои дастгирии соҳибкорон ва кишоварзон дар қисмҳои 1, 9 ва 19 — и моддаи 15 имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардидааст.

Сархатҳои якум ва сеюми қисми 8 моддаи 1-и қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ, сархати якуми қисми 8-и моддаи 1 аз 1 майи соли 2021 ва сархати сеюми қисми 8 — моддаи 1 аз 1 январи соли 2021 мавриди амал қарор мегирад.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуданд. Он бо тартиби муқаррарнамудаи Дас­тури Маҷлиси намояндагон расмиёти дохилиро гузашта, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Он ба моддаҳои 60 ва 75 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 апрели соли 2021 таҳти №119 ба тасвиб расидааст.

Тибқи он, ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли векселҳо ба маб­лағи 1,0 млрд. сомонӣ бо меъёри 2 фоизи солона бо муҳлатнокии 10 сол пешбинӣ шудааст.

Ҳадаф аз қабули қарор ба танзим даровардани қарзи дохилии давлатӣ аз рӯи уҳдадориҳои молиявие, ки аз қарорҳои қаблан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабулгардида, аз ҷумла, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012 таҳти №178 «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 31 марти соли 2014 таҳти №229 «Дар бораи ба тавозуни Вазорати молия қабул намудани 37 қарзи мушкилситони ҶСК «Агроинвестбонк», ба ҳисоб меравад.

Тавассути амалӣ намудани қарори мазкур уҳдадориҳои молиявии Вазорати молия дар назди Бонки миллӣ аз ҳисоби санадҳои зикршуда, ки ба 1 майи соли 2021 дар ҳаҷми 1 млрд. сомонӣ ташаккул ёфтаанд, бо барориши вексели нав мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии молиявӣ пурра пардохт гардида, ҳамчунин, сарбории буҷети давлатӣ бо дарназар­дошти аз 8 то 2 фоиз коҳиш ёфтани меъёри хизматрасонии онҳо бамаротиб коҳиш дода мешавад.

Бояд зикр намуд, ки муҳлати имтиёзноки хизматрасонии вексели нав нуҳ солро дар бар гирифта, пардохти пурраи уҳдадориҳои молиявӣ аз рӯи коғазҳои қиматноки давлатӣ охири соли 2030 муқаррар шудааст.

Муҳлати гардиши коғазҳои қиматноки давлатӣ имкон фароҳам мео­рад, ки хизматрасонии ин қисмати қарзи дохилии давлатӣ ҳар сол дар доираи рушди иқтисодии кишвар ва имкониятҳои афзояндаи буҷети давлатӣ амалӣ карда шавад.

Бо таваҷҷуҳ ба маълумоти манзуршуда, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Обид­зода Фозил Саид дода мешавад. Марҳамат.

Фозил ОБИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои додани ризоят ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Онро кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд. Пешниҳод бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон дар Кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Он ба моддаҳои 57 ва 75 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи қарор «Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ дода мешавад. Марҳамат.

Саъдӣ КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Зарурати таҳияи он мукаммалгардонии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», муайян ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти дахлдори иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба истеҳсол ва муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» аз соли 2018 қабул гардида, дар амалия то ба ҳол пурра мавриди татбиқ қарор нагирифтааст. Дар самти ғалла ва маҳсулоти коркарди он як қатор мақомоти дахлдори давлатӣ фаъолият намуда, ваколатҳои онҳо дар қонуни мазкур мушаххас нагардидаанд.

Тибқи лоиҳаи қонуни таҳиягардида, ба моддаҳои 1, 8, 16, 18 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» тағйирот пешбинӣ гардидааст.

Дар қисми 1 — уми он хориҷ намудани сархати шонздаҳуми моддаи 1 қонуни зикршуда дар робита ба тағйирот ба моддаи 19 қонун пешниҳод гардидааст. Яъне, бо дарназардошти дар моддаҳои 8, 16 ва 19 муайян гардидани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар ин радиф зарурати шарҳ додани мафҳуми мақомоти ваколатдори давлатӣ дар сархати шонздаҳуми моддаи 1 қонун аз байн меравад.

Тағйирот ба қисми 2 моддаи 8 қонуни зикршуда бо мақсади мушаххас намудани мақоми ваколатдори давлатӣ, ки тартиби баҳисобгирии миқдору сифати ғалларо ҳамчун санади зерқонунӣ таҳия ва тасдиқ менамояд, пешбинӣ гардидааст.

Тағйирот ба қисмҳои 1, 3 ва 4 моддаи 16-и қонун бо мақсади муайян намудани бо кадом мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа гардидани истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он ворид карда шудааст.

Хориҷ намудани сархати ҳаштуми моддаи 18 қонуни зикршуда дар робита ба тағйирот ба моддаи 19-и қонун пешбинӣ гардидааст. Дар моддаи 19 номгӯи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ваколатҳои мақомоти мазкур вобаста ба самти фаъолияти низомномавиашон пешбинӣ гардида, дар алоқамандӣ ба тағйироти мазкур сархати ҳаштуми моддаи 18 оид ба аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он хориҷ карда шудааст.

Дар қисми 4 лоиҳа моддаи 19 қонун дар таҳрири нав пешниҳод гардида, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истеҳсол ва муомилоти ғалла мушаххас карда шудааст.

Дар қисми 1 моддаи 19 ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба истеҳсол ва муомилоти ғалла муайян гардидааст.

Дар қисми 2 моддаи 19 ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии соҳаи саноат ва технологияҳои нав оид ба истеҳсоли саноатии маҳсулоти коркарди ғалла пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 19 ваколатҳои мақомоти бехатарии озуқаворӣ, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва захираи моддии давлатиро оид ба бехатарии озуқавории ғалла ва маҳсулоти коркарди ғалла, вобаста ба стандарту сифати ғалла ва оид ба захираи давлатии ғалла муайян намудааст.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур барои танзими меъёрии ҷанбаҳои истеҳсол ва муомилоти ғалла мусоидат менамоянд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб наменамояд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо — муҳтарам вакилон хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Марҳамат.

Ғайрат АЗИЗЗОДА: — Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, қобили дастгирист. Ин ҷо асосан сухан дар бораи мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти дахлдор дар соҳаи ғалла мебошад.

Аз рӯи таҷриба дар соҳаи коркарди ғалла дар Федератсияи Россия, Қазоқистон, Беларус оид ба коркарди ғалла, дастурамали № 9/1-ро, ки аз соли 1978 дар замони шӯравӣ қабул гардидааст, дар таҳрири нав қабул намудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар асоси ин дастурамал мутахассисон кор мекунанд, лекин ҳанӯз дар таҳрири нав қабул ва эътироф нашудааст.

Аз ин рӯ, ҳангоми нигоҳ доштани маҳсулоти ғалла ва орд дар анборҳои захираи давлатибуда мушкилиҳо ҷой доранд. Дар натиҷаи нигоҳдорӣ, намнокӣ, талафоти табиӣ ва шамолдиҳии ғаждиҳо маҳсулот кам шуда, норасоии бақияи анбор ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, ҳангоми санҷиши бақияи анбори маҳсулот ин омилҳоро ҳамчун норасоии бақияи маҳсулот шарҳ медиҳанд, ки нодуруст мебошад.

Хуб мешуд, ки баъди қабули ин қонун барои қабули санади зерқонунӣ, ки ин мушкилотро ҳал менамояд, мусоидат намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ЛАТИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур такмили меъёрҳои қонуни амалкунанда буда, мутобиқи он ба моддаҳои 1, 8, 16 ва 19 тағйирот пешбинӣ карда шудааст.

Тағйироти воридгардида барои бартараф кардани гуногунфаҳмӣ дар асоси мушаххас кардани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти ғалла, коркарди саноатии ғалла, бехатарии озуқавории ғалла, стандартикунонӣ ва нозироти ғалла, маҳсулоти коркарди он ва захираҳои давлатии ғалла пешбинӣ шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2021 таҳти № 603 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, дигар кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Нисбат ба лоиҳаи қонун дар асоси қарори Шӯро ва мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагон расмиёти дахлдор татбиқ карда шудааст. Дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 11 таклифи пешниҳодшудаи кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аз онҳо 4-то қабул, 1-то қисман ва 6-то қабул карда нашуданд.

Кумитаи масъул лоиҳаи қонуни зикргардидаро 21 апрели соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад дониста шуд.

Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаи 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 55 ва 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надош­та, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз ин рӯ, аз шумо — вакилон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардиданд, баррасӣ шуданд.

Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ