Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид

№62 (3856) 19.05.2018

DSC_312016 майи соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум баргузор гардид.

 РАИС: - Вакилони муҳтарам! Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 54 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатиро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин намудани Салимзода С. Ғ.»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

4. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (№46794) байни Муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб»

5. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ (№46794) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб»

6. Дар бораи Созишномаи дастгирӣ (№46794) байни шаҳри Кӯлоб ва Бонки ­аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб»

7. Дар бораи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисоди араб

8. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ

9. Дар бораи лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.

РАИС: — Ба баррасии ­масъалаҳо шурӯъ менамоем. Масъалаи якум «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Салимзода Собир Ғафор» мебошад.

Салимзода Собир Ғафор соли 1961 таваллуд шудааст. Қариб тамоми фаъолияти меҳнатиаш бо соҳаи молия ва назорати молиявӣ алоқаманд мебошад.

Аз соли 2014 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Салимзода дар толор ҳузур дорад. Ба ӯ савол дошта бошед, марҳамат.

Савол нест? Пас, чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин намудани Салимзода С. Ғ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Собир Ғафор савганд ёд кард.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъй­пурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад.

Худоёрзода Бахтиёр Тавар:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси ҳуқуқи қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Мақсад аз он мутобиқ намудани қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иловаҳои пешниҳодшуда ба фаъолияти мушоҳидони миллию байналмилалӣ ва дорои на кам аз як дараҷаи ҳимоя доштани бюллетени овоздиҳӣ вобаста мебошанд.

Тағйирот бошад, ба ғайр аз масъалаҳои таҳрирӣ, инчунин тартиби пур кардани бюллетени овоздиҳӣ, эълони натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии раъйпурсиро низ мушаххас менамояд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии номбурда бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардида, ба такмил ёфтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раъйпурсӣ ва тартиби гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ мусоидат мекунад. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва ­худидоракунии маҳаллӣ Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз дода мешавад.

 РАҲМОНЗОДА Абдулғаффор Азиз:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имлои забони давлатӣ ва шаффофияти баргузории раъйпурсии умумихалқӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2018, № 1708 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 10 майи соли ҷорӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаб­бор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таклифҳои пешниҳодшуда баррасӣ гардид ва бо дарназардошти онҳо лоиҳа такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ ва матни русии он бо матни тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд. Ҳамчунин, ҳангоми таҳияи шакли ниҳоии лоиҳа пешниҳодҳои судманди дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ибрознамудаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ба инобат гирифта шуд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзод Ҷумъахон Муҳаммадалӣ дода мешавад.

 ДАВЛАТЗОД Ҷумъахон Муҳаммадалӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҷиҳати таъмини мувофиқати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо мақсади иҷрои бандҳои 35 ва 65-уми Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 тасдиқ гардидааст ва такмили механизми эъломиякунонии даромадҳои шахсони мансабдори давлатӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳа аз экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он аз ду модда ва моддаи 1 аз шаш қисм иборат мебошад. Дар қисми 1 лоиҳа бо мақсади таъмини мувофиқат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ивази калимаҳо пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, бинобар дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» пешбинӣ гардидани мафҳумҳои «бархӯрди манфиатҳо», «манфиати давлатӣ» ва «манфиати шахсӣ» пешниҳод карда мешавад, ки онҳо аз моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» хориҷ карда шаванд.

Ба ғайр аз ин, аз 29 декабри соли 2017 дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қарор дорад, ки тибқи он мафҳумҳои зикршуда такмил дода шуда, дар таҳрири нав пешниҳод гардидаанд.

Дар қисмҳои 2 ва 3 лоиҳа пешниҳод мегардад, ки сархати панҷуми қисми 3 моддаи 6 ва қисми 1 моддаи 12 бо мазмуни «Хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ) мақомоти давлатӣ» ифода карда шавад, ки ин аз талаботи моддаҳои 1 ва 264 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.

Дар сархати якуми қисми 4 лоиҳа пешниҳод карда мешавад, ки дар қисми 3 моддаи 13 рақами «32» ба рақами «26» иваз карда шавад. Зеро номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрванд бояд ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ пешниҳод намояд, дар моддаи 26 Кодекси нави меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд. Дар ҳамин қисми лоиҳа, ҳамчунин пешниҳод мегардад, ки сархати дуюми қисми 3 моддаи 13 дар таҳрири нав ифода карда шавад ва тибқи он мушаххас мешавад, ки шаҳрванд ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ба ҷойи маълумот оид ба андоз аз даромад ва вазъи молумулкӣ эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худро пешниҳод намояд.

Дар қисми 5 лоиҳа пешниҳод мешавад, ки моддаи 31 дар таҳрири нав ва матни лоиҳа дар шакли меъёри ҳаволакунанда ифода карда шавад. Тибқи он, минбаъд эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» анҷом дода мешавад. Баъди қабули лоиҳаи қонуни мазкур таҳия ва қабули санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ пешбинӣ гардидааст, ки тибқи онҳо низоми эъломиякунонии даромадҳо ва манфиатҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида, заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия мустаҳкам ва дар ин соҳа механизми мониторинги давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.

Дар моддаи 51 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ки ба корманд ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ кумакпулии яквақта ба андозаи на камтар аз маоши семоҳа дода мешавад. Чунин кумакпулӣ ба хизматчиёни давлатӣ то ин вақт низ дар ҳолати доштани собиқаи на камтар аз 15 — солаи хизмати давлатӣ пардохт мегардид. Мувофиқи тағйироти мазкур, пешниҳод мегардад, ки кумакпулӣ, новобаста аз собиқаи хизмати давлатӣ, пардохт карда шавад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.

 АБДУЛЛОЗОДА Иброҳим Ғоибназарӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, ҷиҳати иҷрои бандҳои 35 ва 65- уми Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ки 30 августи соли 2013 тасдиқ гардидааст, бо мақсади мутобиқ намудани қонун ба талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили механизми эъломиясозии даромадҳои шахсони мансабдори давлатӣ, аъзои оилаи онҳо ва эъломияи даромадҳои шахсӣ аз ҷониби шахсони мансабдор таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2018, № 1712 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 10 майи соли ҷорӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои пешниҳодгардида баррасӣ гардида, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳа такмил дода шуд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (№ 46794) байни Муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва некуаҳволии мардум чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар натиҷа, сол то сол сифати хизматрасонӣ, вазъи санитарӣ ва экологии муҳити атроф ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ беҳтар мегардад.

Бо мақсади барқарорсозӣ ва рушди хизматрасонии идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб 29 декабри соли 2017 Созишномаи қарзӣ (46794) байни Муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» ба имзо расонида шудааст.

Арзиши умумии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» 4,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 2,0 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 2,0 млн. доллари амрикоӣ гранти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошад. Инчунин, барои корҳои хизматрасонии муҳандисӣ ва рушди кооперативӣ, кумаки техникӣ дар ҳаҷми 850 ҳазор евро ҷудо гардидааст.

Созишномаи қарзие, ки айни замон ба баррасии шумо пешниҳод гардидааст, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 27 декаб­ри соли 2017 дар ҳаҷми 2,0 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дош­та, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати пардохти қарз – 15 сол;

- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ – 3 сол;

- меъёри фоиз – либор + 1 фоиз.

Шартҳои пешниҳодгардидаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамоянд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур тибқи нақша амалишавии корҳои зерин дар назар дошта шудааст:

- сохтмони партовгоҳи нав (лоиҳакашӣ ва сохтмон);

- барқарорсозии майдонҳои куҳна;

- сохтмони анбори нав ва иншооти амалиётӣ;

- хариди техника ва мошинҳо барои ҷамъоварии партовҳо;

- хариди контейнерҳо барои партовҳо;

- хариди техникаи махсус барои партовгоҳҳо ва тозакунонии кӯчаҳо;

- барқарорсозии нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳо;

- низоми муҳосибӣ ва пардохтӣ (таҷҳизот ва барнома);

- барномаи татбиқи лоиҳа ва хизматрасонии муҳандисӣ.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо хоҳиш менамоям, ки созишномаи қарзии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин масъ­ала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.

  Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Созишномаи қарзӣ (46794) байни Муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» 29 декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии лоиҳа аз ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ бо усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизмат­расонӣ ва беҳтаргардонии вазъи санитарию экологии шаҳри Кӯлоб иборат мебошад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур сохт­мони партовгоҳи нав (дизайн ва сохтан), барқарорсозии партовгоҳи куҳна, сохтмони анбори нав ва иншооти амалиётӣ, хариди техника ва мошинҳо барои ҷамъоварии партовҳо, техникаи махсус барои тозакунонии кӯчаҳо, хариди контейнерҳо барои партовҳо ва барқарорсозии нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳо дар назар аст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи мазкурро пурра дастгирӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 10 майи соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон А. Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба масъалаи баррасишаванда ба ҷаласа муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод Бурҳон ва директори Муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ҳикматулло Қурбонов даъват шудаанд. Марҳамат, шумо оид ба масъала сухан гуфтан мехоҳед?

 ИСМОИЛЗОДА Саидмурод Бурҳон:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд!

- Муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» ба 105 ҳазор нафар сокини шаҳри Кӯлоб хизмат мерасонад ва татбиқи лоиҳа вазъи хизматрасониро ба маротиб беҳтар менамояд. Бинобар ин, аз шумо хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Масъала хеле муҳим аст. Дар доираи ин лоиҳа бунёди партовгоҳҳои нав, хариди техникаю контейнерҳо ва як қатор таҷҳизоти дигар ба нақша гирифта шудааст. Бояд татбиқи лоиҳаро ҳар чӣ зудтар оғоз намуд, зеро то анҷоми лоиҳа – охири соли 2019 муҳлати зиёд боқӣ намондааст. Кӯшиш бояд кард, то ин ки лоиҳа шаффоф татбиқ гардида, ҳадаф ва мақсади асосӣ ба даст ояд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ (№46794) байни Муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ (№46794) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

 ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишномаи кафолатӣ (46794) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» 4,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аз ҷумла 2,0 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 2,0 млн. доллари амрикоӣ гранти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд.

Мақсади асосӣ аз лоиҳа сохтмон ва барқарорсозии майдони партовгоҳ, беҳтаргардонии фаъолияти корхона ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошад.

Беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар самти ҷамъоварӣ ва безараргардонии партовҳо (тозагии санитарӣ) ва хизматрасониҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ – ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳим барои ҳаёти солим ва бехатарии саломатии аҳолӣ дар ҳуҷҷатҳои Стратегияи миллии рушд ва Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст.

Бо дарназардошти муҳимияти масъала, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сармояро ба соҳаи мазкур ба мақсад мувофиқ шуморида, дар ин робита 29 декабри соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаи кафолатӣ ба имзо расонид. Тибқи созишномаи мазкур, Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби Муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» — и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб уҳдадории баргардонидани саривақтии маб­лағҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Яке аз шартҳои оғози татбиқи лоиҳа тасдиқ гардидани созишномаи мазкур аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.

 Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи кафолатӣ (46794) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» 29 декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида,  аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2018 таҳти №1718 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаро дастгирӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 10 майи соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Фелалиев, намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, онро ба баррасии шумо — вакилони гиромӣ, пешниҳод менамояд. Хоҳишмандем, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи кафолатӣ (№46794) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ (№46794) байни шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

 ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Ҷиҳати самаранок истифодабарии маблағҳои ҷалбшуда ва сари вақт татбиқ намудани лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расонида шудааст. Тибқи он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи татбиқи лоиҳа анҷоми як қатор корҳоро ба уҳда мегирад, аз ҷумла:

- кафолати иҷрои уҳдадориро, ки аз созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ бармеоянд;

- пардохти маблағҳои қарзиро аз ҷониби «Хоҷагии коммуналӣ»- и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб кафолат медиҳад;

- дар доираи татбиқи лоиҳа дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳаҷми тарофаи партовҳои сахти маиширо барои самаранокии истифодаи маблағҳои ҷалбшуда баррасӣ намуда, ҷорӣ менамояд;

- маблағгузории пардохтҳоро аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳр назорат мекунад.

Айни замон чунин лоиҳа дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва Турсунзода бомуваффақият амалӣ гардида истодааст, ки созишномаи онҳо аз ҷониби шумо – муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.

 Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Созишномаи дастгирӣ (46794) байни шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» 29 декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 7 майи соли 2018, №1719 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо созишномаи мазкурро пурра дастгирӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикгардидаро 10 майи соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намоядагон А. Фелалиев, намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Кӣ оид ба масъалаи мазкур савол ё пешниҳод дорад? Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз дода мешавад.

 РАҲМОНЗОДА Абдулғаффор Азиз:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Ман миннатдории хеш ва интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Кӯлоб № 37-ро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шумо — муҳтарам Раис ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои дастгирии ин созишномаҳо иброз менамоям. Воқеан ҳам, вазъи ҷамъоварии партовҳо дар шаҳри Кӯлоб ташвишовар аст, вале бо тасдиқи созишномаҳо ва оғози татбиқи лоиҳа он хеле беҳтар хоҳад шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи дастгирӣ (46794) байни шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисоди араб» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

 ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи­хумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисоди араб» 20 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисоди араб дар ҳаҷми 7,5 млн. динори кувайтӣ, баробар ба 25,5 млн. доллари амрикоӣ, ба имзо расидааст.

Ҳадафи асосии лоиҳа идомаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Кӯлоб-Қалъаихумб» мебошад, ки пойтахти ҷумҳуриро бо сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой пайваст менамояд. Қитъаи Кӯлоб – Шӯрообод ба масофаи 32 километр шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва қитъаи Шкев – Қалъаихумб ба масофаи 26 км деҳаи Шкевро бо шаҳраки Қалъаихумб пайваст менамояд. Пас аз татбиқи лоиҳа хароҷоти арзиши аслии ҳамлу нақл паст гардида, сатҳи хизматрасонӣ дар раванди ҳамлу нақл беҳтар мегардад, вақти интиқоли бору мусофирон ба адозаи 20-40 фисад кам ва бехатарии ҳаракат дар роҳи таҷдидшуда таъмин мегардад.

Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 115,5 млн. доллари амрикоиро ташкил намуда, аз ҳисоби:

- қарзи Фонди саудии рушд дар ҳаҷми 30 млн. доллари амрикоӣ;

- қарзи Бонки исломии рушд – 20 млн. доллари амрикоӣ;

- қарзи Фонди кувайтии рушди иқтисоди араб-25,5 млн. доллари амрикоӣ;

- қарзи Фонди рушди Абу-Дабӣ- 20 млн. доллари амрикоӣ;

- қарзи Фонди байналмилалии рушди ОПЕК- 10 млн. доллари амрикоӣ;

- ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 10 млн. доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Созишномаҳои қарзии лоиҳа бо Фонди саудии рушд, Бонки исломии рушд ва Фонди байналмилалии рушди ОПЕК бо дастгирии шумо – муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардидаанд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

 НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисоди араб, ки 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2018, № 1702 созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Лоиҳа аввали соли 2018 оғоз ёфта, охири соли 2020 ба анҷом мерасад ва маблағи он 25,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

8 майи соли 2018 дар ҷаласаи васеи кумита созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи созишномаи мазкур овоз диҳед.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисоди араб» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: Ба баррасии масъала  «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

 НЕЪМАТУЛЛО Ҳикматуллозода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба бо Шоҳигарии Ҳошимии Урдун лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ»-ро омода намуда, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа кард. Лоиҳаи созишномаи мазкур 10 декабри соли 2017 дар рафти сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Аммон – пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ба имзо расид.

Дар доираи созишномаи мазкур Тарафҳо дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, энергетика, маориф, илм ва техника, боигариҳои табиӣ, экология, нақлиёт ва сайёҳӣ ба роҳ монда, иштироки субъектҳои воқеӣ ва ҳуқуқиро дар чорабиниҳо, аз қабили мубодилаи ҳайатҳои тиҷоратӣ, иштирок дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо, мубодилаи иттилоот вобаста ба қонунгузории тиҷоратӣ ва барномаҳои иқтисодӣ ташвиқ хоҳанд кард.

Барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Тарафҳо бахши созмонҳои тиҷорати хориҷӣ, ширкатҳо, ташкилот, бонкҳо ва дигар ташкилоти ҳамсонро дар ҳудуди кишварҳо тарғиб менамоянд.

Барои самаранок амалӣ гардидани бандҳои созишномаи мазкур ва ҳалли масоиле, ки дар рафти иҷрои он ба амал меоянд, Тарафҳо дар асоси моддаи 8-уми ин созишнома мувофиқат менамоянд, ки комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникиро, ки бо навбат дар кишварҳои ҳамдигар ҷаласа доир хоҳад намуд, таъсис диҳанд.

Ҳадафи асосии комиссияи муштарак аз тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ миёни Тарафҳо дар ҳама соҳа иборат буда, он роҷеъ ба масъалаҳои зерин салоҳиятдор мебошад:

- баргузор намудани машваратҳои дуҷониба, вобаста ба масъалаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла минтақавӣ;

- пайгирӣ намудани татбиқи созишномаҳои байни Тарафҳо, баргузории чорабиниҳо ҷиҳати мусоидат ба иҷрои муқаррароти созишнома;

- мусоидат намудан ба пешбурди фаъолият ба манфиати ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноатӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва техникии байни Тарафҳо;

- муайян намудани соҳаҳои нави рушди мунтазами ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноатӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва техникии байни Тарафҳо;

- дарёфти роҳҳои нав ҷиҳати мусоидат ба муносибатҳои тиҷоратӣ барои манфиати мутақобила миёни кишварҳо;

- мубодилаи иттилоот дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, саноатӣ ва техникӣ, инчунин, соҳаҳои марбут ба тиҷорати миёни кишварҳо;

- пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳое, ки метавонанд ҳангоми татбиқи ҳама гуна дурнамо, ки мувофиқи созишномаҳо, протокол ё шартномаҳои алоҳида таҳия шудаанд, ба миён оянд;

- тариқи музокирот ҳамоҳанг намудан ва ҳаллу фасли масъалаҳои баҳсталаби дар рафти иҷрои ин созишнома бамиёномада;

- таҳияи пешниҳодҳо барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба созишнома ҷиҳати пурзӯр гардонидани ҷанбаҳои мубодилаи тиҷоратӣ ва рушди муносибатҳои иқтисодии байни ду кишвар.

Тарафҳо дар рафти ҷаласаҳои комиссияи муштарак самтҳои афзалиятноки ҳамкориро муайян намуда, барои мусоидат ба ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ ва афзун гардонидани гардиши савдо, мус­таҳкам кардани заминаи шартномавию ҳуқуқии байни ҳар ду кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Созишномаи мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надош­та, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

 Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дар доираи созишномаи мазкур Тарафҳо дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, маориф, илм ва техника, боигариҳои табиӣ, экологӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ ба роҳ монда, иштироки субъектҳои воқеӣ ва ҳуқуқиро дар чорабиниҳо, аз қабили мубодилаи ҳайатҳои тиҷоратӣ, иштирок дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо, мубодилаи иттилоот вобаста ба қонунгузории тиҷоратӣ ва барномаҳои иқтисодӣ ташвиқ хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи васеи кумита созишнома бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ масъулини кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ низ ҷавобгӯ мебошад.

Хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи ниҳоӣ — «Дар бораи лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини як­уми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар дода мешавад.

 Хол ҲАЙДАР:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22 декабри соли 2016) баён гардидаанд ва амалисозии маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, техникию технологӣ, сармоягузорӣ ва танзими давлатӣ, ки метавонанд мавқеи пешбарандаи саноатро таъмин намоянд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии стратегия аз таъмини саҳмгузории саноат ба иҷрои ҳадафҳои олии миллии Тоҷикистон – рушди дарозмуҳлати кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, гузоштани пояи устувор ба рушди саноат дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ иборат мебошад.

Дар сиёсати давлатӣ оид ба саноат пурра ба кор андохтани имкониятҳои истеҳсолӣ, ҳар чӣ бештар ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, беҳтар гардонидани сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, рушди содирот ва ивазкунандаи воридот, кам кардани хароҷоти барзиёд ва истифодаи дурусту мақсадноки захираҳо, сода ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Дар ин раванд татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, техникию технологӣ, сармоягузорӣ ва танзими давлатӣ, ки метавонанд мавқеи пешбарандаи саноатро таъмин намоянд, зарур буда, механизми иҷрои онҳо дар стратегияи мазкур инъикос ёфтааст.

Ба хусусияти глобалии иқтисодиёти ҷаҳонӣ мувофиқ гардонидани ҳадафҳои асосии саноати мамлакат ва ҳалли як қатор масъалаҳо: аз қабили аз байн бурдани мавқеи корхонаҳо ҳамчун истеҳсолкунандаи ашёи хом ва нимтайёр, гузариш ба сикли пурраи истеҳсолот (истеҳсоли маҳсулоти тайёри самти содиротию ивазкунандаи воридот), вусъатбахшии раванди интегратсия ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, саҳмгузорӣ дар қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти саноатӣ, фаъол гардонидани раванди навсозии техникӣ ва технологии истеҳсолот, корҳои озмоишӣ – тадқиқотӣ ва азхудкунии лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳои нав бо истифода аз манбаъҳои ашёи хоми табиӣ, кишоварзӣ ва захираҳои меҳнатӣ муносибатҳои нави иқтисодиро тақозо доранд ва онҳо дар доираи ин стратегия роҳандозӣ мегарданд.

Ҷиҳати татбиқи босамари сиё­сати воридотивазкунӣ ва мутобиқсозии муносиби он бо вусъати имкониятҳои содиротӣ «Барномаи мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №21 аз 28 январи соли 2015) ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо қабул гардид. Корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он ва вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, баланд бардоштани қобилияти содиротии саноат иқтидори зарурӣ доранд. Барои истифодаи пурраи иқтидорҳо, ҷалби маблағҳои сармоягузорон ба рушди корхонаҳое, ки лоиҳаҳои таъсиси истеҳсолоти самти содиротӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотро татбиқ карда истодаанд, ба вуҷуд омадааст.

Сиёсати инноватсионӣ бо ҳамкории муассисаҳои илмӣ — тадқиқотии академиявӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таълимии олӣ тибқи амалияи тиҷоратикунонии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар саноат татбиқ мегардад. Дар марҳилаи аввал бо иқдоми ин муассисаҳо идеяи коркарди илмӣ пайдо шуда, дар марҳилаи дуюм коркарди илмии лоиҳа анҷом ёфта, дар истеҳсолоти таҷрибавӣ аз озмоиш гузаронида мешавад. Дар марҳилаи сеюм бо дарназардошти самарабахш будан технологияи тадқиқшуда ба истеҳсолоти саноатӣ гузаронида мешавад.

Рушди инноватсионии саноат дар самти таъсиси технологияҳои нави инноватсионии истеҳсолот ба ташкили паркҳои технологӣ, марказҳои таҷрибавию истеҳсолии маҳсулоти рақобатноки имрӯза эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сиёсати инноватсионӣ ҷиҳати мукаммал гардонидани тадбирҳои стратегия, ки ба татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар саноат дахл доранд, бояд пешниҳодҳои мушаххас манзур гардонад. Стратегияи мазкур ҳуҷҷати танзимдиҳандаи муносибати сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар самти рушди инноватсияи истеҳсолӣ хоҳад шуд.

Вобаста ба он ки татбиқи технологияҳои нав дар соҳаҳои саноати кишвар босуръат идома дорад, тайёр намудани мутахассисони касбӣ аҳамияти хос пайдо карда, зарур аст, ки онҳо дониши устувори асосҳои техника ва технологияи истеҳсолот, усулҳои ташкили меҳнат, дар амал татбиқ карда тавонистани донишҳои назариявӣ ва дарки муносибатҳои навро ба технологияҳои инноватсионӣ омӯзанд. Аз ин ҷиҳат раванди таъмини кадрҳои касбӣ барои соҳаи саноат аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимоти олии техникӣ ва миёнаи махсуси кишвар масъалаи аҳамиятнок буда, ҳалли фаврии он ба танзими давлатӣ ва ҳамкории муштараки вазорату идораҳои дахлдор вобаста аст.

Хусусияти муҳимтарини стратегия аз муайян намудани мақсаду вазифаҳо ва роҳу воситаҳои ба онҳо ноил гаштан иборат мебошад. Бо дарназардошти ин ва вобаста ба далелҳои дар боло зикршуда зарурати қабул намудани он ба вуҷуд омадааст.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуназар Хисрав дода мешавад.

 Хисрав АБДУНАЗАР:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тибқи дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 22 декабри соли 2016 баён ёфтаанд ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2003, №523 «Дар бораи Консепсияи рушди саноати Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Ҳадафи стратегияи мазкур ба таъмин намудани рушди устувори мамлакат бо роҳи диверсификатсияи истеҳсолот, иваз намудани ҷойгоҳи саноат ҳамчун истеҳсол ва содиркунандаи ашёи хом бо роҳи тағйироти технологӣ, аз байн бурдани истеҳсолоти ашёи хом, нимтайёр ва гузариш ба истеҳсолоти маҳсулоти тайёр, бо ин мақсад истифодаи бештари манбаъҳои ашёи хоми табиӣ, кишоварзӣ ва захираҳои меҳнатӣ, афзалият додан ба дигаргунсозии куллии сохторӣ, аз ҷумла тағйир додани самти фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, бо мақсади мутобиқгардонии онҳо ба талаботи тағйирёбандаи иқтисодии бозоргонӣ, нигаронида мешавад.

Таҳкими иқтидори иҷтимоии бахши хусусӣ дар саноат, баланд бардоштани мавқеи он дар ҳалли мушкилоти шуғл, афзоиши баромаднокӣ ва инкишофи хусусиятҳои касбию зеҳнии кормандони соҳа, таҳкими сохтори таркибии истеҳсолот, самарабахш гардонидани сиёсати сармоягузорӣ ва инноватсионӣ ва такмили механизми дастгирии давлатӣ тариқи таъмини санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар стратегия мавқеи асосиро ишғол менамояд.

Самтҳои рушди инноватсионии иқтисодиёти кишвар, алалхусус саноат, дар «Барномаи давлатии рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» пешбинӣ шуда, мақсади асосии он аз баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, таҳкими имконоти истеҳсоли маҳсулот дар асоси технологияи баланди инноватсионӣ бо хусусиятҳои сарфаҷӯии энергия, захираҳои ашёӣ ва бехатарии экологӣ мебошад.

Аҳамияти фаъолияти инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаҳои саноат, афзоиши вазни қиёсии маҳсулоти дар натиҷаи азхудкунии технологияи муосир истеҳсолшуда, содирот ва қонеъ гардонидани бозори дохилӣ аз ин маҳсулот мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо стратегияи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи стратегияи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам Хол Ҳайдар! Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои татбиқи стратегияи мазкур анҷоми кадом корҳо ва татбиқи чӣ гуна барномаҳоро ба нақша гирифтааст? Оё вазорату идораҳое, ки ба амалӣ гардидани стратегия ҷалб мешаванд, ҳама имкониятро доранд ё не?

Хол ҲАЙДАР: — Мақсад ва вазифаҳои стратегия дар қисми 4 лоиҳа инъикос шудаанд. Рушди минбаъдаи саноат, тағйироти сохтории он дар барномаҳои рушди соҳаҳои алоҳидаи саноат инъикос мегарданд. Мо ҳоло ба таҳияи як қатор барномаҳои рушди соҳаҳои саноат шурӯъ кардем. Чанде пеш пешнависи лоиҳаи рушди саноати сабук, ки ба коркарди ашёи хоми ватанӣ такя мекунад, омода шуда, мавриди баррасӣ қарор ёфт ва рӯзҳои наздик он ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод мешавад.

Тибқи лоиҳаи ба шумо пешниҳодшуда, мо он соҳаҳои саноатро рушд доданием, ки он, пеш аз ҳама, ба ашёи хоми маҳаллӣ такя мекунад. Соҳаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ, масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва саноати сабук аз ҳамон ҷумла мебошад. Дар баробари ин, ба рушди соҳаҳои химия ва мошинсозӣ низ диққати махсус дода мешавад.

РАИС: — Дар лоиҳа зикр шудааст, ки шакли моликияти 90 фоизи корхонаҳои соҳаи саноат хусусӣ мебошад. Яъне, ҳиссаи корхонаҳои давлатии соҳа андаке беш ё баробар ба 10 фоиз боқӣ мондааст. Бинобар ин, барои рушди бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ба он бояд шароити мусоид фароҳам намоем. Тадбирҳо бояд ҷуст, то ин ки дар шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои саноатии ба ин ё он самт нигаронида таъсис дода шаванд.

Хол ҲАЙДАР: - Муҳтарам Раис! Тайи солҳои охир барои ҷалби сармоягузорӣ имтиёзҳои андозӣ муқаррар шуданд, ки онҳо дар нав­бати аввал аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд. Дар мулоқотҳои ҳарсолаи Сарвари давлат бо соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорони хориҷӣ аз хусуси пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва дигар сабукиҳо сухан ба миён омада, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ меёбанд.

Масалан, аз 1 январи соли 2018 воридоти таҷҳизоти барои рушди истеҳсолоти воқеӣ пешбинишуда аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудаанд. Ин яке аз роҳҳои ҳавас­манд гардонидани соҳибкорон барои ташкили корхонаҳои саноатӣ ба шумор меравад.

Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ корхонаҳои зиёди коркарди ашёи хоми маҳаллӣ таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, дар натиҷаи пешниҳоди имтиёзҳо ҳаҷми коркарди нахи пахта аз 4 — 5 ҳазор тоннаи солҳои пеш соли 2017 ба 17100 тонна расид. Ин ҳадди ниҳоӣ нест, зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло иқтидорҳои коркарди 80 ҳазор тонна нахи пахта мавҷуд мебошад.

Ҳамин тавр, дар дигар соҳаҳои саноат низ пешравиҳо ҳастанд. Аз ҷумла, чанд сол пеш то ду миллион тонна семент ворид мекардем ва дар ду соли охир ба кишвари содиркунандаи ин ашёи саноатӣ табдил ёфтем.

РАИС: - Аз он ки бештари корхонаҳои соҳа хусусианд, зарур аст, ки онҳо барномаи омодасозии кадрҳо мураттаб намоянду аз рӯйи он мутахассис омода созанд. Агар онро ба инобат гирем, ки корхонаҳои навтаъсис бо таҷҳизоту технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, масъалаи таълими кадрҳо ба мадди аввал хоҳад баромад. Яъне, ба ин кор ҳам вазорату идораҳо ва ҳам мақомоти маҳаллӣ бояд ҷиддӣ машғул шаванд.

Марҳамат, оид ба масъала савол доред ё ягон нафар аз ин хусус сухан гуфтан мехоҳад?

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Албатта, бе рушди соҳаи саноат ба ҳадафи асосӣ – табдил додани Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба кишвари саноатӣ – аграрӣ расидан хеле мушкил аст. Соли гузашта ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 17 фоизро ташкил медод, ҳол он ки ҳиссаи кишоварзӣ дар он ба 23 фоиз баробар буд. Мо ба он бояд ноил шавем, ки ҳиссаи саноат дар ММД нисбат ба соҳаи аграрӣ зиёд шавад, зеро саноат асоси ташкили ҷойҳои кор, инчунин баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва зиёдшавии шумораи синфи миёна маҳсуб меёбад. Дар аксар кишварҳо синфи миёна беш аз 50 фоизро ташкил медиҳад ва мо низ барои расидан ба ин нишондиҳанда бояд саъй намоем. Рушди саноат ин боло рафтани сатҳи донишу таҷрибаю ҳунари мардум аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳамон давлатҳое пеш мераванд, ки агар саноати пешрафта дошта бошанд. Бо рушди ду-се соҳаи саноат, аз ҷумла истеҳсоли семент, пешрафти воқеиро таъмин карда наметавонем. Бинобар ин, бояд ба рушди маҷмӯии соҳаи саноат кӯшиш намоем ва он вақт пешрафти воқеӣ муяссар мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: - Мо соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат»-ро қабул кардем. Чаро дар лоиҳаи стратегияи пешниҳодшуда якчанд муқаррароти қонуни мазкур ворид карда нашудааст?

Масалан, дар қисми 7 роҷеъ ба сиёсати сармоягузорӣ дар соҳаи саноат оид ба истифодаи самараноки маблағҳои сармоягузорӣ сухан меравад. Мо дар қонун ташкили Фонди рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ карда будем. Ҳамчунин, аз хусуси додани афзалият ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳангоми иҷрои фармоиши давлатӣ низ дар лоиҳа ишора нест.

Хол ҲАЙДАР: — Дуруст қайд кардед, вакили муҳтарам. Он меъёрҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» муқаррар шудаанд, татбиқи онҳо дар стратегия пешбинӣ шудаанд. Таъсиси Фонди рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳамин мақсад равона шудааст. Оинномаи фонди мазкур бояд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад ва баъд аз он метавон аз маблағҳои фонд истифода намуд.

Ҷамшед САИДОВ: — Ман бо лоиҳа шинос шуда, ҳамчун мутахассиси соҳаи саноати масолеҳи сохтмонӣ дарк накардам, ки то анҷоми татбиқи стратегияи мазкур ба рушди воқеии саноати масолеҳи сохтмонӣ муваффақ мешавем ё не. Бояд дар доираи ин санади муҳим барномаи махсуси рушди ин соҳа тарҳрезӣ, қабул ва мавриди амал қарор дода шавад. Ба масъалаи омодасозии кадрҳо дар соҳа низ аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст.

 Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Ман ба муҳтарам Хол Ҳайдар ду савол дорам:

1. Имсол истеҳсоли меваю сабзавот аз 2 миллион тонна зиёд хоҳад шуд. Аммо дар лоиҳаи стратегия омадааст, ки то соли 2030 дар ҷумҳурӣ коркарди меваю сабзавот ба 200 ҳазор тонна расонида шавад. Истеҳсол зиёд аст, вале чаро коркард хеле кам пешбинӣ шудааст?

2. Дар санад пешбинӣ шудааст, ки истеҳсоли солонаи равғани растанӣ ба 160 ҳазор тонна расонида мешавад. Магар барои истеҳсоли ин миқдор равған имконият дорем?

Хол ҲАЙДАР: — На ҳама меваю сабзавоти дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда барои коркард равона карда мешавад. Зеро, асосан дар намуди тару тоза дар дохил ва хориҷи кишвар фурӯхта мешавад.

Дигар ин ки нархи меваю сабза­воте, ки истеҳсол мешавад, баланд буда, корхонаҳои коркард онро харидорӣ карда наметавонанд. Мо дар лоиҳа онро ба нақша гирифтем, ки корхонаҳои коркард меваю сабзавот парвариш карда, онро коркарди саноатӣ менамоянд.

Дар ҷавоб ба саволи дуюматон мегӯям, ки ин ҷо танҳо пахта не, балки зироатҳои дигари равғандор низ мадди назар мебошад.

Аҳматҷон ҚОБИЛОВ: — Банди 6 лоиҳаи Стратегияи рушди саноат ба соҳаи саноати мошинсозӣ бахшида шуда, дар он эҳтиёҷ ба мошинсозии кишоварзӣ қайд шудааст. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Новселмаш» яке аз корхонаҳои калони ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Он зиёда аз 60 сол аст фаъолият менамояд. Дар лоиҳа омадааст, ки таъмини таҷҳизоти кишоварзӣ ба воситаи КВД «Тоҷикагролизинг» ба роҳ монда мешавад. Оё корхонаи мазкур то соли 2030 ягон намуди маҳсулот истеҳсол мекунад ё не?

Хол ҲАЙДАР: - «Новселмаш» ба ғайр аз истеҳсоли маҳсулоте, ки таъиноти кишоварзӣ доранд, ҳоло ба истеҳсоли дигар навъи маҳсулот низ машғул аст. Ба он хотир дар лоиҳа КВД «Тоҷикагролизинг» ёдоварӣ шудааст, ки фаъолияти он ба дастгирии хоҷагиҳою соҳибкорони алоҳида барои дастрасӣ ба техникаю мошинолоти кишоварзӣ равона гардидааст.

Ҳаёт ОДИНАЕВ: - Ман мехоҳам аз хусуси усули таҳияи стратегияи мазкур сухан ронам. Бандҳои стратегия аз аввал то ба охир рақамгузорӣ шудааст ва ба тартиби таҳияи стратегияи барномаҳои давлатӣ мувофиқат намекунад.

Дар банди 6 лоиҳаи стратегия сухан дар бораи «Барномаи давлатии мусоидати содирот, воридот ва соҳаи воридотивазкунанда барои солҳои 2017 -2020» меравад. Оё гуфта метавонед, ки то соли 2030 барои пурра иваз кардани маҳсулоти воридотивазкунанда имконият пайдо мешавад? Яъне, аз 20 намуди маҳсулот кадомаш пурра воридотивазкунанда хоҳад шуд?

Хол ҲАЙДАР: — Талаботи нави техникаи омодасозии лоиҳаҳо рақамгузориро талаб менамояд.

Дар мавриди 20 номгӯй маҳсулоти воридотивазкунанда бояд гӯям, ки ин кор то соли 2030 не, балки то солҳои 2022 — 2023 анҷом дода мешавад.

 ЛАТИФЗОДА Рустам Барот:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноатро ҳамчун пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади Буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ арзёбӣ намудаанд. Соли 2014 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бояд ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ- саноатӣ ба мамлакати саноатию аграрӣ табдил додани кишвар тамоми тадбирро андешем.

Лоиҳаи стратегияи мазкур мавқеи саноатро дар иқтисодиёт, омилҳои таъминкунандаи рушди он, мақсаду вазифаҳо, принсипу афзалиятҳои сиёсати давлатӣ, тафсири бахшҳои гуногуни саноат, ҷалби сармоя ва татбиқи инноватсия, технологияҳои нав ва мақоми илмро дар татбиқи ин сиёсат дарҷ намудааст.

Нишондиҳандаҳои дар лоиҳаи стратегия муайяншуда, ки бояд то соли 2030 ба онҳо ноил шавем, водор месозад, ки бахшҳои алоҳидаи саноати кишвар аз як тараф ва аз тарафи дигар, соҳаҳои таъминкунандаи саноат бо ашёи хом низ ҷиҳати тақвияти фаъолият чораҳои мушаххас андешанд.

Соҳаи кишоварзӣ таъминкунандаи асосии амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Он мақсад ва вазифаҳое, ки дар лоиҳаи стратегия нисбат ба коркарди ашёи хоми кишоварзӣ муайян шудаанд, аз ҷумла коркарди меваю сабзавот – 200 ҳазор тонна, зироатҳои равғанидиҳанда – 1060 ҳазор тонна, гандум – 2500 ҳазор тонна, шир – то 450 ҳазор тонна, истеҳсоли консерваю машрубот, коркарди хушкмеваҳо ва дигар имкон медиҳад, ки ба рушди соҳаи аграрии мамлакат низ такони ҷиддӣ дода шавад.

Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд: имтиёзҳои андоз ва боҷи гумрукӣ, таҷдиду барқарорсозии навбати аввали корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотӣ дар шаҳри Сарбанд, сохтмони корхонаи бофандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин ва чанде дигар, ки метавонад омили муҳими таъминкунандаи рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун базаи асосии ашёи хоми саноатӣ шавад.

Татбиқи Стратегияи рушди саноат вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти аксар намуди маҳсулоти хӯрокворӣ, нуриҳои минералӣ, техникаи кишоварзӣ ва дигар масолеҳи барои соҳа зарур бартараф намуда, имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ, сарчашмаҳои нави андозбандӣ фароҳам гардида, рушди иқтисодии мамлакат таъмин карда шаванд.

Аз вакилони гиромӣ хоҳишмандам барои ҷонибдории он овоз диҳанд.

 Баҳром Абдуалимов:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Бояд гуфт, мақсадҳои санади мазкур воқеӣ ва иҷрошавандаанд. Ман мехоҳам аз хусуси фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ёдовар шавам, зеро иқтидорҳое, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуданд, имкон медиҳанд, ки коркарди пурраи нахи пахта дар кишвар анҷом дода шавад.

Дар лоиҳаи стратегия, ҳамчунин то соли 2030 ба 380 ҳазор тонна расонидани истеҳсоли алюминийи аввалия муқаррар шудааст. Далелҳои солҳои пеш гувоҳанд, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» беш аз 400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол мешуд.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ