12 ноябри соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжунро, бинобар ба фарҷом расидани муҳлати ваколаташ дар ин мансаби дипломатӣ, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фаъолияти муваффақона анҷомдодаи ҷаноби Фан Сянжун ҳамчун сафир дар рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷабҳаву ҳасанаи Тоҷикистону Хитой, пеш аз ҳама, тақвияти робитаҳои байнипарламентии кишварҳо, ки баҳри густариши фазои ҳуқуқӣ бо татбиқи воқеии потенсиали мавҷуда тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд, изҳори сипос намуд.
Таъкид гардид, ки дар ин муддат дар доираи амалисозии сиёсати пайгирона ва созандаи сарони ду кишвар дар самтҳои гуногун, бахусус сохтмони роҳҳою нақбҳо, нақлиёту телекоммуникатсия ва хатҳои баландшиддати барқӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд, ки гувоҳи равшани муносибатҳои ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳо мебошанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори итминон намуд, ки ҳамчун дипломати варзидаи кишвари дӯст дар густариши робитаҳои минбаъда низ Фан Сянжун нақши муассир хоҳад гузошт.
Ҷаноби Фан Сянжун аз пазиройӣ ва муҳтавои суҳбат изҳори сипос намуда, афзуд, ки минбаъд низ баҳри таҳкими робитаҳои ҳасанаи кишварҳои дӯсту ҳамсоя ва шарикони стратегӣ тамоми таҷриба ва неруи созандаашро равона менамояд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда анҷом ёфт.
Ш. Саидов