Суҳбат бо намояндагони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус

№63 (3857) 22.05.2018

в17 майи соли 2018 мулоқоти аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва ­сиёсати ҷавонон бо кормандони масъули Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус — Албина Давидович ва Светлана Кобачевская баргузор шуд, ки дар он асосан масъалаҳои вобаста ба соҳаи илму маориф баррасӣ гардиданд.

Раиси кумита Лутфия Раҷабова иброз намуд, ки дар натиҷаи роҳандозии як силсила ислоҳоту иқдомоти ҷиддӣ соли 2017 Тоҷикистон аз рӯйи чор нишондиҳанда — дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобат дар миёни 101 давлат ҷойи 54-ум ва дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намуд.

а- Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ба камол расонидани кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду баландихтисос, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас дар давоми панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифро 2,3 баробар зиёд кард. Танҳо тайи соли 2017 дар кишвар ба маблағи умумии беш аз 430 миллион сомонӣ 130 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои қариб 31 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, — гуфт Лутфия Раҷабова.

ҳамин тариқ, барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзошуда муҳим шуморида шуд.

Дар мулоқот аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯс­тии парлумони Ҷумҳурии Беларус — Нурулло Оқилзода, Гулнора Бобоева ва Мусалам Қодирова иштирок намуданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон