Понздаҳуми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз: чораҳои оянда барои татбиқ» суҳбати мизи мудаввар баргузор гардид.
Пешбари суҳбат раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода ва раиси Комиссияи назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода доир ба аҳамияти қонуни мазкур маълумот доданд. Зикр гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро муайян ва низоми ҳуқуқии пешгирӣ, ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шакли табъизро танзим ва муқаррар менамояд.
Ҳамчунин, дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси намояндагон Раънохон Бобоҷониён дар мавзӯи «Муаррифии қонун ва тавсияҳо оид ба ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ дар самти мутобиқгардонии заминаи меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Шараф дар мавзӯи «Тадбирҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода дар мавзӯи «Татбиқи қонун, таҳияи усулҳои ягонаи татбиқи он аз ҷониби Дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» ва директори Фонди ҷамъиятии «Нота Бене» Нигина Баҳриева дар мавзӯи «Нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурди сиёсати зидди табъиз» баромад карданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон