Суҳбатҳои Маҳмадтоир Зокирзода бо Алимирзамин Гаввам Оглу Аскаров ва Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс

№145 (4407) 02.12.2021

25 ноябри соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқот бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам Оглу Аскаров ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, тавсеаи пояи шартномавӣ-ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

DSC_6338Зикр гардид, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷонро 57 созишнома дар бар мегирад, ки асоси онҳо Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад, ки 16 марти соли 2007 ба имзо расидааст.

Инчунин, таъкид шуд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни ҳар ду давлат, бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мус­таҳкам мегарданд.

Ҷонибҳо доир ба муносибатҳои байнипарлумонӣ низ табодули афкор намуда, изҳор доштанд, ки Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон тавассути талошҳои муштарак ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба сатҳи сифатан нав мебароранд.

DSC_6389- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди робитаҳои байнипарлумонӣ бо кишвари Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми парлумонҳоро дар пешбурди муносибатҳои бисёр­ҷониба ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор баланд арзёбӣ менамояд, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода 25 ноябри соли равон зимни мулоқот бо сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс ва афзуд, ки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи обшинаҳои Шоҳигарии Англия, бо Ассамблея (Парламент)-и Ирландияи Шимолӣ ва Парламенти Шотландия дар алоҳидагӣ фаъолият менамоянд.

Зикр гардид, ки миёни ҳар ду кишвар барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо заминаи хуб бунёд гардида, сатҳи баланди мушорикат, эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омадааст.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон