Дуюми майи соли 2018 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Бори мулоқот намуд.
Суҳбат дар атрофи масъалаҳои марбут ба тақвияти заминаи ҳуқуқии равобити Тоҷикистону Словакия, аз ҷумла таҳия ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, кишоварзӣ, энергетика, фанноварӣ ва сайёҳӣ сурат гирифт.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон, — гуфт Абдуҷаббор Азизӣ, — тибқи сиёсати «дарҳои кушода» ҳамеша ҷонибдори рушду тақвияти муносибат бо ҳама кишвари дунё, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Словакия, дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра мебошад.
Дар доираи робитаҳои мавҷуда ҳар сол ҳукумати Словакия ба донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар риштаи магистратура аз рӯйи соҳаҳои гуногун бурсия пешниҳод менамояд.
Абдуҷаббор Азизӣ, ҳамчунин роҷеъ ба вазъи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Словакия ибрози назар намуда, афзуд, ки 15 сентябри соли 2008 дар шаҳри Братислава «Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Словакия дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ» ба имзо расид. 4 ноябри соли 2016 зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон гурӯҳи соҳибкорони бонуфузи словакӣ дар суҳбати гирди мизи соҳибкорони тоҷик ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур имконияти тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои мустақим миёни соҳибкорону сармоягузорони тоҷику словакӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.
Сипас, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон аз машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Словакия, ки 20 апрели соли 2018 дар шаҳри Братислава баргузор гардиданд, ёдовар шуда қайд кард, ки зимни мулоқот бо Петер Марачек – раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Словакия масъалаҳои марбут ба тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла зарурати табодули боздидҳои тарафайни вакилони мардумии ҳар ду кишвар баррасӣ гардиданд.
ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Словакия дар оянда боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон