Суҳбати Хайринисо Юсуфӣ бо Ҳуҷҷатулло Фағонӣ

№12(3649) 04.02.2017

DSC_0064DSC_0073Дуюми феврали соли равон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ мулоқот кард.

Зимни он ҷонибҳо оид ба  робитаҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду иҷтимоъ, энергетикаву нақлиёт ибрози назар намуданд.   Хайринисо Юсуфӣ аз ҷумла гуфт, ки бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ робитаҳои мутақобилан судманд дар ҳама соҳа ба роҳ монда шудааст. Номбурда, ҳамчунин, зикр кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз аввалин кишварҳое мебошад, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, дар шаҳри Душанбе  сафоратхона боз кард.

Ҳуҷҷатулло Фағонӣ гуфт, ки равобити байни Тоҷикистон ва Эрон реша аз умқи қарнҳо гирифта, раванди муттасил дорад. Инчунин, зикр шуд, ки гурӯҳҳои дӯстии парлумонии ҳар ду кишвар бояд дар таҳким бахшидани муносибатҳо саҳм гиранд. Дар мулоқот раиси Гурӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистон бо парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон Муродулло Давлатов низ иштирок дошт.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,  «Садои мардум»