20 ноябри соли 2018 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси палатаи қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоиловро, ки бори нахуст бо ҳайати баландпояи парлумонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаю ташаббусҳои созандаи сарварони давлатҳоямон муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз пеш тавсеа ёфта истодаанд, ки дар пешрафти пайвастаи соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва таъмини шароити зиндагии арзандаи шарҳрвандонамон саҳми беназир мегузоранд.
Ҳамчунин, қайд шуд, ки арзишҳои ягонаи фарҳангию маънавӣ, анъанаҳои эҳтироми мутақобила, ки аз умқи асрҳо сарчашма мегиранд ва ҳусни ҳамҷаворӣ пояҳои устувори муносибатҳои абадиро миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон асос гузоштаанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев тақвият бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва комиссияҳои ҳамкории байнипарламентиро дар татбиқи созишномаю қарордодҳои баимзорасонидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муҳим арзёбӣ ва изҳори итминон намуданд, ки парламентарҳои кишварҳо барои ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаҳои гуногун чораҳои муассир хоҳанд андешид.
Нурдинҷон Исмоилов бо қаноатмандӣ аз барқарор гардидани муносиботи неки ҳамҷаворӣ, аз дастовардҳои Тоҷикистон, бахусус, дар бахши гидроэнергетика ва ба истифодадиҳии нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки ба манфиати минтақа ва дар навбати аввал, ҳамсоякишварҳо, садсолаҳо хизмат хоҳад кард, ёдовар шуда, барои қабул ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос ва аз мавқею назари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки тарафи Ӯзбекистон омода аст баҳри татбиқи ҳадафҳои мутақобилан судманд қадамҳои боз ҳам устувор ниҳода, бо истифода аз имконият, аз ҷумла, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ ва комиссияҳои байнипарламентӣ, тадбирҳои мушаххас меандешад.
Ҷонибҳо омодагии худро баҳри истифодаи самараноки дипломатияи парламентӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ зикр намуданд. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО