15 январи соли 2016 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Юе Бинро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Юе Бинро ба муносибати сафир таъин шуданаш шодбош гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ӯ бо фаъолияти пурсамар дар рушду такомули муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд миёни халқу кишварҳоямон нақши сазовор хоҳад гузошт.
Дар ҷараёни мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки таҳкими муносибатҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама, тақвияти робитаҳои байнипарламентии кишварҳо, тақозои замон аст.
Зикр гардид, ки дар доираи амалисозии сиёсати пайгиронаи созандаи сарварони кишварҳо дар самтҳои гуногун, расонидани кумакҳои техникӣ ба кишвари мо, интиқолу азхудкунии инвеститсияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, бахусус дар сохтмони роҳҳою туннелҳо, нақлиёту коммуникатсия ва гидроэнергетика, гувоҳи равшани муносибатҳои ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд мебошад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки кишварҳои мо дар таъмини сулҳу суботи минтақа, мубориза алайҳи даъватҳои номатлуби замони муосир омодаанд ҳамкории судманд дошта бошанд.
Дар навбати худ ҷаноби Юе Бин аз пазироӣ ва муҳтавои суҳбат изҳори сипос намуда, аз номи Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой Чжан Дэтсзян паёми шодбошӣ расонид ва зикр сохт, ки кишвараш барои тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилаи судманд бо мамлакати дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистон манфиатдор аст ва дар ин раванд ӯ ҳамчун сафир саҳми арзандаи хешро хоҳад гузошт.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба фарҷом расид.
Х. Қурбонов, мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои байнипарламентӣ Суратгир А. Исоев