Суҳбати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Жозе Алфонсо Зегбе Камарена

№140 (3777) 23.11.2017

DSC_903021 ноябри соли 2017 ­Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири навтаъини Иёлоти Муттаҳидаи Мексика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Жозе Алфонсо Зегбе Камаренаро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот нахуст Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Жозе Алфонсо Зегбе Камаренаро ба муносибати сафир таъин шудан табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаи пурмасъулият ва пуршараф ва ба ин васила дар барпо намудани робита миёни Тоҷикистону Мексика комёбӣ орзу карда, зикр намуд, ки ҳамкориҳои ҷойдошта дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, бахусус дар самти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018 — 2028, ки кишварҳоямон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об мебошанд ва бинобар оқибатҳои тағйирёбии иқлим, масъалаи ҳаётан муҳими глобалӣ маҳсуб мегардад, пайваста тавсеаю тақвият меёбанд.

DSC_9026Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки бояд заминаҳо баҳри ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва ғайра равона гарданд, зеро Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Мексика ҳавасманд мебошад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки феълан нишондодҳо дар самти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба захираю имкониятҳои ҷойдошта ҷавобгӯ нестанд ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд тавассути омода ва ба имзо расонидани созишномаю қарордодҳое, ки заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам месозанд, тақозои замон мебошад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд­ро дар сохторҳои рушдёфтаи истихроҷи маъдану коркарди саноатии он ва соҳаҳои марбутаи индустриалию агросаноатӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуд.

Ҷаноби Жозе Алфонсо Зегбе Камарена ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, робитаҳои байнипарламентӣ, таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни парламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Мексикаро баҳри ба роҳ мондани робитаю ҳамкориҳои тарафайн мувофиқи мақсад донист.

Ҷаноби сафир барои пуштибонии ҷониби Тоҷикис­тон аз намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Мексика хонум Габриэлла Куэвас, ки дар Ассамблеяи 137- уми Иттиҳоди байнипарламентӣ (18 октябри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия) президент интихоб гардид, арзи сипос намуда, паёму дуруди ӯро ба Раиси Маҷлиси миллӣ расонд.

Вобаста ба пешниҳодоти дар раванди вохӯрӣ аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев ­зикршуда Жозе Алфонсо Зегбе Камарена изҳор намуданд, ки ҷиҳати татбиқи онҳо дар доираи ваколат ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

 majmilli.tj