6 июни соли 2022 дар доираи сафари ҳайати парлумонии кишвар ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуд.
Зимни он масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам дар шакли дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкории хуб ба роҳ монда шудааст.
Таъкид гардид, ки парлумонҳои ҳар ду кишвар дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии СААД ҳамкории пурсамар дошта, барои тақвияти робитаҳои дуҷониба саъю кӯшиши бештар хоҳанд кард.
Ерлан Кошанов изҳор дошт, ки кишвараш Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дӯстони асосӣ ва шарики боэътимод дар минтақа медонад ва барои таҳкими муносибот аз ҳама фурсат истифода мебарад.