Суҳбати Маҳмадтоир Зокирзода бо Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

№42 (4782) 05.04.2024

20240405090216_CTX_2704Панҷуми апрели соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Зимни мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода чунин иброз намуд: «Итминон дорам, ин мулоқот ба рушди муносибатҳои байнипарлумонии кишварҳои мо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Сатҳи равобити Тоҷикистону Туркманистон, албатта, пеш аз ҳама, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои Шумо ҳамчун Пешвои миллии халқи туркман аст.

Дар ин давра бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатии кишварҳоямон ба давлатҳои мо муяссар гардид, ки як низоми қавӣ ва фарогири шарикии дуҷонибаро, ки дар асоси ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробар асос ёфтааст, бунёд намоянд.

Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба аз 133 санад, аз ҷумла Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои мухталиф танзим мекунанд, иборат аст.

Мехоҳам, махсус қайд намоям, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Гурбонгулевич ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли гузашта як бастаи устувори 24 санади нави ҳамкорӣ байни кишварҳои мо ба имзо расид.

Ман ҳавасмандии парлумони Тоҷикистонро ба рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо Маҷлиси Туркманистон изҳор менамоям».

Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Туркманистон яке аз аввалинҳоест, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва таъсиси парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Ҳар ду ҷониб ҳуҷҷатҳои муҳимеро ба имзо расонданд, ки имкон медиҳанд ҳамкориҳои судбахшро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, маданию гуманитарӣ бомуваффақият инкишоф диҳанд. Инчунин, табодули ҳайатҳо дар сатҳи роҳбарони парлумонҳо ва гурӯҳҳои дӯстӣ ба рушди ин самти ҳамкорӣ мусоидат мекунад.

- Боварӣ дорам, ки мулоқоти имрӯзаи мо ба боз ҳам наздик шудани халқҳоямон хизмат мекунад, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар мулоқот, ҳамчунин, таъкид гардид, ки рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон сафарҳои расмии мутақобилаи сарони давлатҳо ба шумор меравад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Н. АЛИЕВ