10-уми июни соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи форуми парлумонии «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» бо муовини Раиси Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов мулоқот намуд.
Дар он ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба изҳори қаноатмандӣ шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд.
Густариши равобити байнипарлумонӣ ва баргузор намудани мулоқоти гурӯҳҳои дӯстии парлумонии ҳар ду кишвар аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.
Зикр шуд, ки мулоқоти имрӯза ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мусоидат хоҳад кард.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ