Нуҳуми декабри соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Халқии Хитой Рустам Латифзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой Тсзи Шумин мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҳамкорӣ байни парлумонҳои ҳар ду кишвар, хоса дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, баррасӣ гардида, вобаста ба онҳо табодули андеша сурат гирифт.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон