8 феврали соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Фармондеҳи Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Геннадевич Ковилинро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оғози суҳбат Е. Г. Ковилинро ба муносибати Фармондеҳи Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш самимона табрик гуфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо бештар ба мавзӯъҳои такмили робитаҳо дар доираи муносибатҳои шарикии стратегии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дахл карданд. Таъкид гардид, ки тайи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ҳар ду кишвар ҳамкориҳо сатҳу уфуқҳои навро касб карданд.
Қисми бештари мулоқот ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо субъектҳои Федератсияи Россия дар соҳаҳои гуногун бахшида шуд.
«Садои мардум»