Суҳбати Рустами Эмомалӣ бо Муҳаммад Сайид Сарвар

№149 (4732) 07.12.2023

Покистон6-уми декабри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Сайид Сарварро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст сафири навтаъинро ба муносибати ба ин вазифа таъин гардидан табрик гуфта, дар ин ҷода ба ӯ комёбиҳо орзу намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишҳои тарафайн ва муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ рушд меёбанд. Ҳамчунин, ҳамкории байнипарламентӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои байни ҳар ду давлат шуморида шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкории байни кишварҳоро дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вобаста ба тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

www.majmilli.tj