Суҳбати Рустами Эмомалӣ бо Ҷованни Инфантино

№59 (4642) 03.05.2023

344799301_1736340753507289_4402640754156646293_nДуюми майи соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ Президенти Федератсияи байналмилалии Ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантиноро, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оғози мулоқот Ҷованни Инфантиноро ба муносибати дубора ба вазифаи Президенти ФИФА интихоб шуданаш таб­рик гуфта, аз саҳми ӯ дар рушди футболи ҷаҳон ёдовар шуд.

Дар мулоқоти гарму дӯстона раисони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии футбол дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, рушди имрӯзу ояндаи футболи Тоҷикистонро муфассал баррасӣ карданд.

Президенти ФИФА Ҷованни Инфантино ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар ҳама иқдомҳое, ки ба рушди футбол дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд, комёбиҳо таманно намуд.

АМИТ «Ховар»