Суҳбати Рустами Эмомалӣ бо Ван И

№95 (4515) 01.08.2022

Коллаж

1 августи соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ узви Шӯрои давлатӣ ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот дар ҳошияи 30 — солагии барқарорёбии муносибатҳои дипломатӣ ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Хитой дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ чун самти афзалиятдори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуда, ҷаҳду талоши роҳбарони давлатҳо дар рушди бемайлони ҳамкории ҳар ду кишвар бесобиқа арзёбӣ гардид.

Дар ин раванд ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуд. Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, маориф ва ҷалби сармояву технологияҳои пешрафтаи Хитой ба иқтисодиёти Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар фарҷом атрофи вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ва ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши амният мубодилаи афкор сурат гирифт.

www.majmilli.tj