Суҳбати Шермуҳаммад Шоҳиён бо Ҳасан Замонӣ

№49-50 (4945-4946) 18.04.2025

DSC_659716-уми апрели соли 2025 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини раиси Девони муҳосиботи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Замонӣ мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ оид ба рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ, муштаракоти таърихӣ, тамаддунӣ, забонӣ ва фарҳангии байни кишварҳо  сухан рафта, таъкид шуд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо кишвари дӯсту бародари Эрон ривоҷ медиҳад.

Дар рафти мулоқот, махсусан, аҳамияти сафарҳои роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва ба имзо расидани  санадҳои муҳими ҳамкорӣ таъкид гардид.

Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки  ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Эрон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат ва илму фарҳанг хеле пурмаҳсул аст. Вазъи кунунии ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт падидаи нек ва самараи дӯстии халқҳои тоҷику эронӣ арзёбӣ гардид.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»