Сеюми ноябри соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов мулоқот намуд, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳамкориҳои парлумонӣ ва вазъи минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Президент ва мардуми дӯсти Туркманистонро ба муносибати анҷоми муваффақонаи Бозиҳои панҷуми осиёӣ (сентябри соли 2017) самимона табрик гуфта, зикр намуд, ки ташрифи меҳмони олимақом рӯйдоди хотирмон дар марҳилаи нави муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Туркманистон ба шумор меравад ва ба рушди бемайлони ҳамкориҳо, тақвияти дӯстӣ байни мардуми кишварҳо мусоидат менамояд.
- Бо изҳори хушнудӣ бояд таъкид кард, ки дӯстӣ дар баробари густариши муносиботи байни кишварҳо, дар наздик будани мавқеи ду тараф, вобаста ба масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ инъикос меёбад, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин таъкид намуд, ки натиҷаҳои дидору гуфтугӯҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисоли равшани талошҳои муштараки кишварҳо барои тавсеа ва тақвияти муносиботи дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунсоҳа мебошад.
- Намояндагони Парламенти Тоҷикистон низ ба густариши ҳамаҷонибаи муносибот бо ҷониби Туркманистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Танҳо зарур аст, ки ҳамкориҳои байнипарлумониро тақвият бахшида, ба сатҳи сифатан нав барорем. Хусусан, кори Комиссияи байнипарлумонӣ вобаста ба таҳкими маҷмӯи қарордодиву ҳуқуқии муносиботи байнидавлатӣ, иҷрои қарордод ва созишномаҳои имзошуда мувофиқи матлаб бояд ба роҳ монда шавад, — таъкид кард Раиси Маҷлиси намояндагон ва изҳори итминон намуд, ки ҳамкориҳои зич миёни Тоҷикистон ва Туркманистон дар оянда низ ба манфиати мардуми ду кишвари дӯст идома меёбанд.
Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Конститутсия муборакбод намуда, ба онҳо хушбахтию саодатмандӣ орзу намуд ва аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ибрози қаноатмандӣ карда, хоҳони густариши ҳар чӣ бештари онҳо гардид.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти
Дастгоҳи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон