Ин масъулияти касбии шахсони мансабдори мурофиавиро зимни қабули қарорҳо боло мебарад
Даҳуми феврали соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 55 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Шермуҳаммад, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Маҳмадсаид Убайдулло, муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ»
5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Замимаи №2 оид ба басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 дар таҳрири нав».
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Шермуҳаммад дода мешавад. Марҳамат.
Шоҳиён Шермуҳаммад:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати амалигардонии «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021» таҳия гардидааст.
Мақсад аз пешниҳоди қонуни зикршуда таҳкими минбаъдаи сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат мебошад.
Дар лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда ворид намудани тағйиру иловаҳои зерин пешниҳод гардидааст:
1. Дар моддаи 14 қонун талабот нисбат ба судя ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ, аз ҷумла дар муносибатҳои ғайрихизматӣ худдорӣ кардан аз содир намудани ҳама гуна амале, ки боиси паст задани обрӯи ҳокимияти судӣ, қадр ва номуси судя мегардад, муқаррар шудааст.
Дар аксари қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Кодекси андоз муайян гардидааст, ки шахсони мансабҳои давлатиро ишғолкунанда уҳдадоранд ҳар сол оид ба вазъи молумулкиашон ба мақомоти дахлдор эъломия пешниҳод намоянд. Мутобиқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016 таҳти №737 тасдиқ шудааст, мансаби судягӣ ба мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ мансуб мебошад. Аз ин лиҳоз, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар қисми 3 моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррарот оид ба пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии судя илова карда шавад.
Ҳамчунин, ворид намудани талабот вобаста ба пешниҳоди эъломияи даромад ва вазъи молумулкӣ аз ҷониби судя бо мақсади роҳ надодан ба суиистифодаи вазъи ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ, гурӯҳӣ ва дигар манфиати ғайрихизматӣ равона гардидааст.
2. Бояд қайд кард, ки дар қонуни конститутсионии амалкунанда, гарчанде матни савганди шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин мешаванд, пешбинӣ шуда бошад ҳам, аммо тартиби савгандёдкунӣ муайян нашудааст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар моддаи 17 қонуни конститутсионӣ матни савганд дар таҳрири нав пешниҳод ва дар он тартиби савгандёдкунӣ ва раванди баргузор намудани ин чорабинӣ мушаххас карда шавад.
3. Пешниҳод мегардад, ки моддаи 18 қонуни конститутсионӣ такмил дода, сархати 5 — ум хориҷ, ҳамчунин, асосҳои бозхонд ва озод намудани судя бо илова намудани сархатҳои нав мушаххас карда шавад, аз ҷумла:
- «бинобар нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан» ва
- «маълумоти бардурӯғ пешниҳод кардани судя бо мақсади пинҳон доштани маълумот оид ба вазъи молумулкии худ».
4. Инчунин, дар лоиҳаи қонуни конститутсионӣ пешбинӣ шудаст, ки сархатҳои ҳафтум ва бисту шашуми қисми 1 моддаи 37 қонуни конститутсионии амалкунанда масъалаҳо вобаста ба такмил додани ваколатҳои раиси Суди Олӣ вобаста ба таъин ва аз вазифа озод намудани сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва масъалаҳо вобаста ба шумораи судяҳо, машваратчиёни халқӣ ва кормандони дастгоҳҳои судҳо такмил дода шавад.
Дар ҳамин замина ваколатҳои раисони судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳо оид ба таъин ва озод намудани кормандони дастгоҳ, ҳайати техникӣ ва хизматрасон мушаххас карда шуданд.
5. Ҳамчунин, сархати нуҳуми моддаи 38, сархати ҳафтуми қисми 2 моддаи 39 ва сархати бисту нуҳуми қисми 1 моддаи 53 қонуни конститутсионӣ такмил дода шуда, ваколатҳои раиси Суди Олии иқтисодӣ оид ба ирсол намудани пешниҳод ба мақомоти дахлдор, аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судӣ ва барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардиданд.
6. Ҳамчунин, ба қонуни конститутсионӣ тағйиру иловаҳои дигар бо мақсади такмил додани он, аз ҷумла хусусияти таҳриридошта, пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда мутобиқ буда, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ҳамин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад. Марҳамат.
МИРЗОЗОДА
Мавлудахон Зайнӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Он барои иҷрои банди 4 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
Мувофиқи қисми 1-уми лоиҳа ба моддаи 14 талабот нисбат ба судя бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ пешбинӣ гардидааст.
Моддаи 17 қонун, ки савганди судя ном дорад, дар таҳрири нав ифода мегардад, ки дар он матни савганди судя, тартиби савганд ва дигар масъалаҳои марбут ба он муқаррар шудааст.
Инчунин, дар моддаи 18 (бозхонд ва озод намудани судя номгузорӣ шудааст), сархати панҷум, ки яке аз асосҳои озод гардидани судяҳо «бо сабаби тағйир додани ҷои истиқомат» буд, аз моддаи зикршуда хориҷ карда шуда, сархатҳои сенздаҳум ва чордаҳум илова карда мешаванд, ки минбаъд судяе, ки нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад ё дар бораи даромад ва вазъи молумулкиаш маълумоти бардурӯғ пешниҳод намояд, асос барои озод намудани судя аз вазифа мегардад.
Бояд ёдовар шуд, ки аз лоиҳа қисми 7 хориҷ гардид, ки он масъалаи дар таҳрири нав ифода намудани қисми 1 моддаи 46 (ҳайати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон) — ро пешбинӣ менамуд.
Дар умум, мувофиқи лоиҳа дар моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки он бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни зикршуда расмиётро, тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузашта, кумитаҳо ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили лоиҳа 25 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо 13 таклиф пурра ва се таклиф қисман қабул гардид.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии зикршуда ба моддаҳои 14, 19, 20, боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонуни конститутсионӣ қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Шермуҳаммад дода мешавад. Марҳамат.
ШОҲИЁН Шермуҳаммад
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» таҳия гардидааст.
Мақсади пешниҳоди он аз идомаи мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда дар самти риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дастгиршуда ва ё таҳти ҳабс қарордошта, инчунин, маҳкумшудагон, мушаххассозии ҳуқуқҳои онҳо ҷиҳати овардани шикоят аз амал ё беамалии шахсони масъули мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, тартибу муҳлати ирсол намудани шикояти шахсони номбурда ба мақомоти дахлдор, ҳамчунин, мушаххасгардонии ҳолатҳо оид ба супурдани парвандаи ҷиноятӣ аз як суд ба суди дигар иборат мебошад.
Дар лоиҳаи қонуни баррасишаванда ворид намудани тағйиру иловаҳои зерин пешниҳод гардидааст:
1. Дар қисми 3 моддаи 9 илова намудани ҷумлаи якум бо матни «Қарори суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда бояд қонунӣ ва асоснок бошад.» пешбинӣ шудааст. Мақсади ин тағйирот аз баланд бардоштани масъулияти касбии шахсони мансабдори мурофиавӣ зимни қабули қарорҳо ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ мебошад, зеро тибқи қонун эҳтиромона, одилона ва бовиҷдонона кор намудан ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, ки арзиши олӣ эътироф шудаанд ва таъмини риояи адолати иҷтимоӣ зимни қабули қарорҳо вазифаи асосии ҳар як шахси пешбарандаи мурофиаи ҷиноятӣ мебошад.
2. Зарурати илова намудани қисми 5 ба моддаи 11 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ба фавран озод намудани шахсони ғайриқонунӣ дастгиршуда ё аз озодӣ маҳрумшуда баҳри таъмини принсипи конститутсионии дахлнопазирии шахсият ва риояи қатъии муқаррароти қонунгузорӣ оид ба муҳлати дар ҳабс ва муассисаҳои тиббӣ ё рӯҳӣ нигоҳ доштани шахсони дастгиршуда ва ё аз озодӣ маҳрумшуда равона гардидааст.
Бо илова кардани ин муқаррарот ба кодекс бори дигар қайд мегардад, ки ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест (моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ). Бояд аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд қатъиян таъмин ва риоя карда шавад. Дар ягон маврид ғайриқонунӣ дастгир кардан ва аз муҳлат зиёд нигоҳ доштани шахсони дастгиршуда ё аз озодӣ маҳрумшуда дар муассисаҳои тиббӣ ё рӯҳӣ ё ҳабс иҷозат дода намешавад.
3. Ба матни моддаи 14 пас аз калимаи «танҳо» илова кардани калимаҳои «бо қарори суд» бо мақсади мутобиқ кардани муқаррароти моддаи зикршуда ба моддаи 35 кодекс (салоҳияти суд) пешниҳод шудааст. Таъкид мегардад, ки маҳдудкунии ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд танҳо дар асоси қарори суд имконпазир мебошад.
4. Ба матни қисми 1 моддаи 22 пас аз калимаи «лаҳзаи» илова кардани калимаи «воқеан» бо мақсади мувофиқ кардани муқаррароти моддаи зикршуда ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ба моддаҳои дигари кодекс пешбинӣ шудааст. Мушаххас мегардад, ки ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии ҳимоятгар истифода барад.
5. Дар таҳрири нав ифода намудани қисми 1 моддаи 23 бо мақсади таҳкими ҳуқуқи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ оиди овардани шикоят аз амал ва беамалии шахсони масъули пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ё аз болои қарори суд, судя, прокурор, сардори воҳиди тафтишотӣ, муфаттиш, сардори воҳиди таҳқиқ ва таҳқиқбаранда пешниҳод шудааст. Бо баррасии шикоят мақомоти болоӣ ё суд метавонанд ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандро, ки халалдор гардидааст, барқарор намоянд.
6. Ба матни моддаи 351 пас аз калимаи «мутобиқи» илова кардани калимаҳои «ҳамин Кодекс ва» баҳри амалӣ гардидани муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ зимни баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пешниҳод гардидааст. Тартиби баррасии ин масъала мутобиқи моддаи 35 кодекс ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» ба роҳ монда мешавад.
7. Дар таҷрибаи пешбурди амалҳои тафтишотӣ ҳолатҳое мушоҳида мегарданд, ки аз ҷониби муфаттишон талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ вайрон карда мешавад, аммо дар ин ҳолат аз ҷониби шахси мансабдор нисбат ба ӯ андешидани чора сарфи назар шудааст. Аз ин рӯ, дар моддаи 38 кодекс сархати панҷум дар бораи ба зиммаи сардори воҳиди тафтишотӣ гузоштани ваколати дур сохтани муфаттише, ки аз ҷониби ӯ талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ вайрон гардидааст, пешбинӣ шудааст. Ин муқаррарот, ҳамчунин, барои баланд бардоштани масъулияти муфаттиш ҷиҳати софдилонаву поквиҷдонона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аҳамияти муҳим дорад.
8. Маврид ба зикр аст, ки дар амалияи пешбурди таъқиби ҷиноятӣ, гарчанде шахсони аз рӯи вазифаи хизматиашон ба пешбурди парванда ё мавод алоқаманд ба сифати шахсони холис ҷалб карда нашаванд ҳам, аммо дар қонунгузории мурофиавӣ чунин манъкунӣ пешбинӣ нашудааст.
Бо дарназардошти ин ҳолат ҷиҳати холисона ва воқеъбинона ба анҷом расонидани амалҳои тафтишотӣ сархати чоруми қисми 2 моддаи 60 дар таҳрири нав пешниҳод карда шуд, ки тибқи он, иштироки шахсоне, ки бевосита ё бавосита дар амалӣ намудани вазифаҳои хизматии мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ алоқамандӣ доранд, коромӯзон, ёрдамчиёни ғайривоҳидӣ (ҷамъиятӣ) ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба сифати шахси холис ҷалб намуданашон истисно гардидааст.
9. Дар моддаи 85 ҳолатҳое, ки оид ба парвандаи ҷиноятӣ бояд исбот карда шаванд, мушаххасан оварда шуда бошанд ҳам, вале мафҳуми «исбот кардан» муайян нашудааст. Аз ин лиҳоз, ба мақсад мувофиқ дониста шудааст, ки моддаи 85 кодекс ба ду қисм тақсим шуда, дар қисми 1 мафҳуми ибораи «исбот кардан» шарҳ ёбад.
10. Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордошта, инчунин, бо роҳи овардани шикоят аз амалҳои ғайриқонунии нисбаташон аз ҷониби шахсони ба таҳқиқу тафтишот алоқаманд содиршуда, дар лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст, ки ба кодекс моддаи 1191 бо матни зерин илова карда шавад:
«1. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ухдадор аст фавран ба мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордоштаро, ки ба унвони он ирсол гардидааст, супорад.
2. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ухдадор аст шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордоштаро оид ба шиканҷа, дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин, оид ба амал ва қарори корманди мақомоти таҳқиқ ва муфаттиш на дертар аз се шабонарӯз ба прокурор ё суд, шикоят оид ба амал ва қарори прокурорро ба прокурори болоӣ ё суд супорад. Дигар шикоятҳо бояд дар ҳамин муҳлат пас аз ворид шудани онҳо ба маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ба шахс ё мақоме, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди он қарор дорад, супорида шаванд».
11. Ворид намудани илова ба қисми 1 моддаи 259 бо мақсади мушаххас намудани ҳолатҳои аз як суд ба суди дигар супурдани парвандаҳои ҷиноятӣ ва пешгирии ҳолатҳои беасос ба баррасии суди дигар супурдани парванда пешниҳод шудааст.
12. Дигар кардани матни ҷумлаи сеюми қисми 1 моддаи 369 хусусияти таҳрирӣ дошта, тартиби пешбурди баррасии парвандаи ҷиноятиро дар марҳилаи кассатсионӣ пурра менамояд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда мутобиқ буда, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб дорад. Аз ин рӯ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ҳамин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Усмонов Мансур Саломович дода мешавад. Марҳамат.
УСМОНОВ
Мансур Саломович:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Он аз ду модда иборат буда, моддаи аввал фарогири 12 қисм мебошад. Мувофиқи лоиҳа, ба зиёда аз 10 моддаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Чунончӣ, ба моддаи 11, ки дахлнопазирии шахсият ном дорад, дар таҳрири нав қисми 5 илова мегардад, ки мутобиқи он суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда уҳдадор мегарданд, ки дар доираи ваколат шахси ғайриқонунӣ дастгиршуда ё аз озодӣ маҳрумшуда ё ин ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё рӯҳӣ ё дар ҳабс ё ҳабси хонагӣ зиёда аз муҳлати дар кодекс пешбинигардида нигоҳдошташударо фавран озод намоянд.
Ҳамчунин, ба кодекси амалкунанда илова намудани моддаи нав – моддаи 1191 (Тартиби ирсол намудани шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордошта) пешбинӣ гардидааст, ки дар асоси он маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан уҳдадор мешаванд, ки ба мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордоштаро, ки унвонии он ирсол гардидааст, фавран супорад.
Аз ҷониби кумитаҳо ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳа ҷонибдорӣ гардида, барои такмили он 33 пешниҳод манзур гардид, ки аз онҳо 17-тояш пурра ва чортояш қисман қабул шуд. Инчунин, дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳо, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Суди Олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҷонибдорӣ ёфт.
Зеро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа ба моддаи 10, боби дуюм — моддаҳои 14, 17, 19, 20, моддаи 42 ва моддаи 83 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ аст.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ дода мешавад. Марҳамат.
ХОҶАЗОДА Ориф Ашӯрӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 100 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки сардори раёсати назорати давлатии замин, сардорони шуъбаҳои ҳамин раёсат ҳуқуқи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмуриро аз номи мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ доранд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 таҳти №272 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 таҳти №225» раёсат ба сарраёсати назорати давлатии замин иваз карда шуда, айни ҳол аз ду раёсат иборат мебошад. Аз ин хотир, бинобар тағйир ёфтани сохтори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, зарурати ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.
Тибқи муқаррароти ҳамин моддаи кодекс, сардори Раёсати назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ваколати баррасии ҳафт моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад. Танҳо ба як шахс вобаста будани ваколати баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ, ҳангоми бо сабабҳои узрнок дар кор набудани сардори раёсат, имконияти амалӣ намудани қонунгузориро ғайриимкон мегардонад. Аз ин лиҳоз, барои самарабахш гардонидани санҷишҳои геодезӣ иловаи пешниҳодшуда ба сархати дуюми қисми 2 моддаи 100 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бобоҷониён Ранохон дода мешавад . Марҳамат.
БОБОҶОНИЁН Ранохон:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади асосии ворид намудани тағйиру илова аз мутобиқгардонии кодекси зикршуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат мебошад.
Лоиҳаи қонун аз ду модда ва моддаи якуми он аз ду сархат иборат аст:
- ба сархати якуми қисми 2 моддаи 100, ки ба ваколати мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ тааллуқ дорад, калимаҳои «раёсати» ва «раёсат» мувофиқан ба калимаҳои «сарраёсати» ва «сарраёсат» иваз карда шуда;
- ба сархати дуюм қисми 2 моддаи зикршуда пас аз калимаи «сарҳад» калимаҳои «ва муовини ӯ» илова карда шаванд.
Минбаъд, дар баробари сардори раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, ҳамчунин, ба муовини ӯ дар бораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ ҳуқуқ дода мешавад.
Кумитаҳо ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, он дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ мавриди баррасӣ қарор ёфта, пурра ҷонибдорӣ гардид.
Зеро ба моддаҳои 1 ва 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ дода мешавад. Марҳамат.
ЗИЁЗОДА Сулаймон Ризоӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва хозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» 2 январи соли 2020 қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии парвариш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабзро танзим ва барои пешрафти соҳа мусоидат менамояд. Пас аз қабули он ҷиҳати иҷрои моддаи 5 зарурати қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ» ба миён омад.
Ваколатҳо оид ба сертификатсияи ниҳолҳо баъди таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри он кумита вогузор шуданд. Ҳамчунин, ваколатҳои дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» пешбинигардида, ба истиснои сархати сенздаҳум, ба доираи фаъолияти Вазорати кишоварзӣ мансуб мебошанд.
Ваколат оид ба «таъмини назорати сифати ниҳолҳои сертификатсияшуда», ки дар сархати сенздаҳуми моддаи 6 қонун омадааст, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ба ихтиёри Кумитаи бехатарии озуқаворӣ гузошта шудааст. Аз ин лиҳоз, пешниҳод гардидааст, ки сархати сенздаҳуми моддаи 6 аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» хориҷ карда шавад.
Лоиҳаи қонуни таҳиягардида имкон медиҳад, ки меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» пурра гардонида, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ ва назорати ниҳолҳои сертификатсияшуда мушаххас ва татбиқи он дар амалия пурра ба роҳ монда шавад. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати мушаххас намудани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ ва ташкили фаъолияти бонизом дар соҳа зарурати ворид намудани тағйирот ба қонуни зикршуда ба миён омад. Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида хориҷ намудани сархати нуҳуми моддаи 1 ва сархати сенздаҳуми моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» пешниҳод шудааст. Хориҷ намудани сархати нуҳуми моддаи 1 аз қонун бо асосҳои зерин пешниҳод мешавад:
- дар сархати зикршуда ниҳолҳои сертификатсияшуда ҳамчун ниҳолҳое, ки мутобиқати онҳоро ба аломат ва хусусиятҳои навъ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои рустанӣ тасдиқ менамояд, муқаррар гардидааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, №281 мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои рустанӣ Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзӣ муайян гардидааст, ки ҳангоми мутобиқати навъ шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионӣ медиҳад.
Бинобар ин, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Юсуфӣ Муҳаммадраҳим дода мешавад. Марҳамат.
ЮСУФӢ Муҳаммадраҳим:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мушаххас намудани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сертификатсияи ниҳолҳо бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» таҳия шудааст.
Дар он хориҷ намудани сархатҳои нуҳуми моддаи 1 «ниҳолҳои сертификатсияшуда – ниҳолҳое, ки мутобиқати онҳоро ба аломат ва хусусиятҳои навъ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ тасдиқ намудааст» ва сархати сенздаҳуми моддаи 6 «таъмини назорати сифати ниҳолҳои сертификатсияшуда» пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳаи қонуни таҳиягардида имкон медиҳад, ки пас аз ворид гардидани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ», тибқи талаботи моддаи 5 қонун, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ ва мақоми ваколатдор дар соҳаи назорату сертификатсияи ниҳолҳо мушаххас ва меъёрҳои қонун дар амал татбиқ карда шаванд.
Кумитаҳо ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон лоиҳаи қонунро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин масъаларо 22 январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба талаботи моддаҳои 58, 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ», «Дар бораи тухмипарварӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Аз ин рӯ, хоҳишмандем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Замимаи №2 оид ба басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 дар таҳрири нав» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.
МУРТАЗОЗОДА
Ҷамшед Сайдалӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 таҳти №297 сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 тасдиқ гардид. Бо дарназардошти мутобиқ намудан ба низоми ягонаи воҳидҳои сохтории мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015 таҳти №590 «Дар бораи тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории Дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2020 таҳти № 1624, Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор якҷо бо Кумита оид ба иқтисод ва молия, Замимаи №2 оид ба басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 дар таҳрири навро мавриди омӯзиш ва таҳлили иловагӣ қарор дод.
Зимни баррасии он зарур дониста шуд, ки сохтори таркибӣ ва номгузории бархе аз воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои мутобиқгардонӣ бознигарӣ карда шаванд. Мувофиқи мақсад ҳисобида шуд, ки ба Замимаи №2 оид ба басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 тағйиру иловаҳои зерин ворид гарданд:
- калимаҳои «Раёсати коргузорӣ, ташкили кор ва назорат», «Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ ва протоколӣ» ба калимаҳои «Раёсати коргузорӣ, назорат ва қабули шаҳрвандон», «Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор» иваз карда шаванд;
- аз басти вазифаҳои «Раёсати коргузорӣ, назорат ва қабули шаҳрвандон» сатри «мудири бахши ташкилӣ» хориҷ карда шавад;
- дар басти вазифаҳои «Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор» пас аз сатри «Муовини сардори раёсат» сатри нав бо мазмуни зерин «Мудири шуъба» илова карда шавад;
- дар басти вазифаҳои «Раёсати хоҷагӣ ва хизматрасонӣ» пас аз сатри «Муовини сардори раёсат» сатри нав бо мазмуни зерин: «Мудири шуъбаи нақлиётӣ» илова карда шуда, сатри «Мудири бахши нақлиётӣ» хориҷ карда шавад.
Тағйироти пешниҳодгардида сохтори таркибии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро мукаммал намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти он мусоидат хоҳад кард.
Илова бар ин, он ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи қарорро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Замимаи №2 оид ба басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 дар таҳрири нав» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.
Ба шумо, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ баён карда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ