Ҷаҳонишавӣ ва фазои босуръат тағйирёбандаи ҷаҳон, ки дар ҳар гӯшаву канори олам муноқишаҳои мусаллаҳона ва амалҳои террористиро ба вуқӯъ меоранд, ҳушдор месозанд, ки беш аз пеш ҳомии сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем ва муттаҳиду тифоқ гардем. Чун мегӯянд, сӯхтан саҳл асту сохтан душвор.
Солҳои нобасомони 90-уми асри XX-ро ба ҷуз насли аз сисола боло дар хотир доранд. Садоҳои даҳшатафкани тиру туфанг фазоро печида, Тоҷикистон оғуштаи хун гардида, фиғони ҷонкоҳи ғуррамаргон гӯшро кар мекард. 150 ҳазор шаҳрванди кишвар кушта, ҳазорҳо нафари дигар бедарак, бехонумону бесарпаноҳ гаштанд. Ин фоҷиаи хунин барои миллат саҳифаи сиёҳи таърих гардид. Ҳазорҳо модар фарзанд гум кард, ҳазорҳои дигар падару модар, ҳазорҳои дигар хоҳару бародар. Ин мусибати сангини миллатро ҳама бо чашми сар дида, гуруснагиҳо, аз ҳам фурӯпошии давлату миллат, авҷи маҳалгароӣ, фалаҷ гардидани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ ва маънавӣ будем. Дар саҳифаи таърихи кишвар он рӯзҳои барои миллат даҳшатбор боқӣ мемонад.
Хушбахтона, бо талошҳои ҷонфидоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даҳҳо фарзанди сарсупурдаи тоҷик ниҳоят, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо шуда, оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷикро шоҳид шудем.
Аммо ҳоло хатарҳои дигар пешорӯи миллати мост. Чандин сол боз минтақаи Осиёи Марказӣ бо таҳдиду хатарҳои нав рӯ ба рӯ шудааст, ки ҷалби ҷавонон ба сафи созмону ҳаракатҳои террористӣ ва ташвиқи онҳо ба иҷрои амалҳои террористӣ, аз он ҷумла мебошанд.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон зиёда аз 1400 километр сарҳад дорад, хатару таҳдиди вуруди террористонро наметавон аз ин байн истисно кард. Бахусус, дар чунин шароити ҳассосе, ки бо пайомадҳои пандемияи ҷаҳонии COVID — 19 дар дунё гароншавии арзиши молу ашё ба назар мерасад, норозигии мардумро барангехта, боиси он мегардад, ки ҷавонон, ҷавондухтарон низ ба суханони иғвоангезе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, ҳамовоз шаванд ва ба камбудии ночизе дар ҷомеа хӯрдагирӣ намоянд ва билохира, ба сафи гурӯҳҳои ифротию террористӣ пайваста, бар зидди низоми давлатӣ баромад кунанд. Ҳар ҷое кор ҳаст бе камбудӣ намешавад, гуфтаанд. Камбудиро ислоҳ кардан имконпазир аст, аммо кишвари ободу рӯ ба тараққиро ба хотири нуқсони ҷузъӣ набояд, ки ба макони низову кашмакашиҳои сиёсӣ табдил дод. Боварӣ дорам, ки агар шахс, воқеан ҳам, ватандӯст бошад, ҳеҷ гоҳ ба Ватан, наздикон, ҳаммеҳанон хиёнат намекунад. Вазифаи ҷонии ҳар яки мост, ки ҳувияти миллии фарзандонро баланд бардорем, то ба Ватан, модар, арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд.
Мутаассифона, ҷавононе ҳам ҳастанд, ки ба наворҳои тафриқаангез мароқ зоҳир намуда, дар зери онҳо шарҳҳои иғвоангез мегузоранд. Аммо намедонанд, ки аксари он нафароне, ки аз хориҷи мамлакат ба сӯи кишвар санги маломат мезананд, дар асл ҳеҷ муқаддасоте надоранду бо супориши хоҷагони хориҷиашон аз ҳама усулу васоит истифода мебаранд, то вазъи сиёсиро дар кишвар ноором кунанд.
Онҳо бо истифода аз вожаи муқаддаси ислом бо роҳи фишор овардан ба ирода ва зеҳни мардум ҳадаф доранд, ки нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохти конститутсионии давлат ва арзишҳои миллӣ эҳсоси нобовариро ба вуҷуд оранд. Давлатҳои абарқудрат аз нигоҳи ҷуғрофиёи сиёсӣ бо ҳадафҳои худхоҳона ва дурнамо лоиҳаи зиёдро тарҳрезӣ намудаанд, ки барои аз байн бурдани аксар миллату халқиятҳои дунё бо ҳар восита кор мегиранд, бахусус тавассути мухолифини он давлатҳо, аммо ҷавонони гумроҳи ҷомеа инро дарк намекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо иродаи мустаҳками сиёсӣ, дараҷаи баланди ватандӯстӣ ҷиҳати таҳкиму таъмини сулҳу субот дар кишвар созишу ризоятро фароҳам оваранд. Бо шарофати ӯ сулҳу истиқрор дар Тоҷикистон пойдор гардид ва мардум дар марҳилаи осоишу амният ва созандагию бунёдкорӣ умр ба сар мебаранд.
Ин, ки осуда шаб ба болин сар мегузорем, фарзандонро бағал мегирем, табассуми ширин ва хандаҳои беғаши онҳоро мешунавем, далели бебаҳс аст, ки бояд аз он чӣ ки дорем, ҷонибдорӣ кунем ва шукр гӯем. Зиндагӣ дар ҳеҷ давру замон ба касе осон даст надодааст, инсон аз қадим дар талоши ҳаёт дар талоши зиндагии сазовор аст. Мушкиле нест, ки гиреҳи он кушода нашавад. Ва агар ҷавонон бо ҷаҳд илм омӯзанд, ҷаҳонбиниро васеъ намоянд, ба ихтироот рӯ оранду ҳамқадами замон бошанд, боварӣ дорам, ки ҳеҷ гоҳ пойбанди ақидаҳои ифротию хурофотӣ намешаванд ва неруро ба созандагӣ равона хоҳанд кард.
Танҳо кишвари амну осуда метавонад рушд кунад ва калиди фатҳу музаффариятро ба даст орад.
ОДИНАЗОДА Шоҳона,
вакили ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе