Сулҳу субот ва ободии Ватан аз фаъолияти мақоми қонунгузор вобастагӣ дорад

№131(3432) 02.10.2015

Якуми октябри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи якуми Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: - Ассалому алайкум, вакилони Маҷлиси намояндагон! Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред!

Дар толор 62 нафар вакилон ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи якуми Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

РАИС:- Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз парлумони тозаинтихоби даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи дуюми худро оғоз намуд. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик ва таҳният мегӯям.

Муҳтарам вакилон, дар вазъияти ноороми ҷаҳони муосир, зарурати ҳифзи рушди босуботи ҳаёти иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва такмили раванди муътадили давлатдории Тоҷикистон назди мо  вазифа ва масъулиятҳои бузурги таърихиро вогузор кардааст.

Тавре Роҳбари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, дар чунин шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ «таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, ободии ояндаи Ватан, пешрафти соҳаҳои ҳаёти мамлакат, ҳимояи манфиатҳои олии давлатӣ аз фаъолияти бомароми мақоми қонунгузори кишвар вобастагӣ дорад».

Дарки ин масъулият вазифаи муқаддаси ҳар вакил ва намояндаи халқ аст. Қувват ва неруи парламенти муосир, созанда, эҷодкор ва мутобиқ ба набзи ҷомеа ва ҷаҳон фаъолияткунанда на дар шумораи қонунҳои қабулкарда, на дар баҳсу мунозираҳои бемавқеъ, балки дар донишу  маърифат, поквиҷдонию масъулиятшиносии ҳар вакил, ташаббуси созанда, эҷодкорона, эҳтироми якдигар ва муттаҳидии фикрӣ атрофи манфиатҳои умумии халқ ва давлат зоҳир меёбад.

Парламентаризм дар кишвар ба марҳилаи сифатан нави рушди худ қадам ниҳод, мақсад ва ҳадафи вакил дар шароити кунунӣ танҳо иҷрои ташаббуси қонунугузорӣ набуда, балки мусоидат ба қабули қонунҳои устувор аст, ки дар доираи манфиатҳои имрӯзу фардои миллат тавонад аз имтиҳони вақт бидуни тағйирпазирӣ гузашта, ба ҳукми одат ва анъанаи халқ табдил ёбад. Қонун вақте ба ҳукми одат ва анъана табдил меёбад, ки вай ба дарди мардум даво бахшад, ҷиҳати ҳалли мушкилии онҳо кумак намояд, зиндагии халқро осон созад.

Бо ин мақсадҳо қонуну кодексҳои қабулшударо ба талаботи замон мувофиқ кунонидан, қонунгузории амалкунандаро аз лиҳози манфиатҳои умумидавлатӣ таҷдиди назар сохтан, кодификатсия намудани соҳаҳои қонунгузории мураккаб ва пайгирӣ намудан аз вазифаҳои дар паёмҳои Президенти кишвар муайяншуда аз вазифаҳои аввалиндараҷаи даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон ба шумор меравад.

Аз ин рӯ, мо бояд фаъолияти худро дар парлумони кишвар ҳамчун мақоми намояндагӣ ва қонунбарор бо масъулият дар назди дирӯз, имрӯз ва фардои миллат роҳандозӣ намуда, бо фарҳанги волои қонунэҷодкунӣ баҳри бартараф намудани мухолифат миёни санадҳои қонунгузорӣ, такроршавии меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ваколатҳои худ самаранок истифода намуда, фазои ҳуқуқии кишварро ғанӣ, роҳи рушди ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро бо неруи қонунҳо ҳамвор, сода ва мутобиқ ба манфиатҳои халқ намоем.

Моро дар пеш ташаббусҳои бузург, созандагию эҷодкории раванди фаъолияти қонунгузорӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқии шакли идорӣ ва ислоҳоти низоми ҳуқуқӣ  интизор аст.

Дар ин ҷода ба шумо муваффақият мехоҳам.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Котиботи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори зерин пешниҳод карда мешавад:

Лоиҳаи   Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи интихоб намудани ҳайати Котиботи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор  мекунад:

Котиботи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Раиси Котибот:

Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович — вакил аз ҳавзаи интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ №28

Аъзои Котибот:

Бобоева Гулнора Исломовна — вакил аз ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2

Ахмедов Мирзоанвар — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Оид ба лоиҳаи қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандам оид ба лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро дар ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб намоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори зерин пешниҳод карда мешавад:

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Барои баҳисобгирии овозҳо дар ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Комиссия дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Раиси Комиссия:

Муртазоқулов Ҷамшед Саидалиевич — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ваҳдат №10

Аъзои Комиссия:

Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна — вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд №13

Ҳакимов Ориф Марифович — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Оид ба лоиҳаи қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандам оид ба лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи бандҳои 246 ва 247 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро интихоб намоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори зерин пешниҳод карда мешавад:

Лоиҳаи   Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси лии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи интихоб намудани урӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мутобиқи бандҳои 246 ва 247 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Роҳбари Гурӯҳ:

Асозода Хайрулло — вакил аз ҳавзаи интихоботии Файзобод №11

Аъзои Гурӯҳ:

Салимзода Комил — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16

Амрихудои Дамдор- вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Оид ба лоиҳаи қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон,хоҳишмандам оид ба лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз вакилоне, ки ба ҳайати Котибот, Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш мекунам, ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки дар асоси банди 137 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби инъикоси рафти Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро дар воситаҳои ахбори омма муайян намоем.

Оид ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, вакил аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22 Салимзода Олим дода мешавад.

Марҳамат.

Олим САЛИМЗОДА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба чунин тартиб пешниҳод карда мешавад:

1. Рафти кори Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи кори Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шавад.

3. Маводи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

РАИС: - Оид ба ин масъала ягон пешниҳоди дигар ҳаст?

Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.      

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандам оид ба лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро тасдиқ намоем.

Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ба рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум масъалаҳои зерин дохил карда шуданд:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани Низом Қосим»

3. Дар бораи  ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ

4. Дар бораи Созишномаи грантӣ (№36826) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба ҷудо кардани гранти сармоягузорӣ аз ҷониби Фонди махсуси саҳомии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»

5. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (рақами амалиёт 46782) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади ӯзбекистон

6. Дар бораи Созишномаи №2 оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи қарзӣ аз 9 ноябри соли 2007 бо тағйирот аз 21 апрели соли 2009 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»

7. Дар бораи Созишномаи грантӣ (№1460300) оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ

8. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (гранти №D030-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – РАОМ»

9. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи №5593-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – РАОМ».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем.

Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим».

РАИС:- Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!

Низом Қосим ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати пешин ва даъвати ҳозира аз ҷумлаи вакилони сермаҳсул буданд ва барои ғанӣ гардонидани фазои ҳуқуқии кишвар хизмати босазо ва арзанда карданд. Бо ташаббуси қонунгузории Низом Қосим ба як қатор қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки муҳтавои қонунҳоро боз ҳам бой гардониданд.

Муҳтарам Низом Қосим дар таҳкими робитаҳои парламентӣ бо парламентҳои кишварҳои дигар, ҳаёти сиёсии ҷомеа ва корҳои ҷамъиятии Маҷлиси намояндагон саҳми муносиб гузоштанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Низом Қосим чанде пеш раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуданд. Ба ин муносибат мо муҳтарам Низом Қосимро табрик намуда, барояшон саломатӣ ва муваффақият дар иҷрои вазифаи басо масъул таманно дорем.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон! Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим барои хизматҳои арзандаашон дар фаъолияти қонунгузорӣ, саҳми муносиб дар таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд ва бо иҷозати шумо, Ифтихорномаи мазкурро ба Низом Қосим тақдим менамоям.

Низом Қосим ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамаи онҳое, ки дар давраи вакили Маҷлиси намояндагон буданаш ҳамкорӣ дошт, изҳори сипоси беандоза намуда, солҳои фаъолияташ дар мақоми олии қонунгузори кишварро айёми фаромӯшнопазири ҳаёти хеш унвон кард. ӯ афзуд, ки таҷрибаи андӯхтааш дар ин даргоҳи муътабар барои фаъолияти минбаъдааш ҳамчун дарси ибрат хизмат хоҳад намуд.

РАИС: — Чӣ гуна таклиф доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим»-ро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи дигари рӯзнома — Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани Низом Қосим» мебошад.

Чӣ гуна таклиф доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани Низом Қосим»-ро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа — Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ном дорад.

Сухан аз рӯи ин масъала ба сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб дода мешавад.

Абдуфатоҳи ҒОИБ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ дар Киото 18 майи соли 1973 қабул гардида буд. Иштирокчиёни Конвенсияи мазкур зиёда аз 70 давлат, аз ҷумла кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ба шумор мераванд.

Аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии гумрук 26 июни соли 1999 дар шаҳри Брюссел таҳрири нави Конвенсия маъқул дониста шуд. Мақсади таҳияи Конвенсия дар таҳрири нав ин содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва қоидаҳо мебошад. Конвенсия барои ҳавасмандгардонии фаъолияти тиҷорати хориҷӣ бо роҳи содагардонӣ ва тезонидани марҳилаи барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ, бе маҳдуд намудани манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар мавриди ситонидани боҷ ва андозҳо, ҳимояи бозори дохилӣ, шароити мусоид фароҳам меорад.

Конвенсияи Киото, ҳамчун асоси умумиэътирофшуда, барои ҳамоҳанг сохтани қонунгузории гумрукии давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии гумрук ба шумор меравад.

Бояд зикр намуд, ки баъзе масъалаҳои фаъолияти гумрукии дар Конвенсияи Киото пешбинишуда дар моддаи 5-уми Созмони Умумиҷаҳонии Савдо низ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла «Транзити мол» ва «Ситонидани хироҷҳо».

Сохтори Конвенсия аз Протокол дар бораи тағйироти Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ аз 26 июни соли 1999, матни Конвенсия бо тағйирот ва замимаҳои ба он дохилкардашуда — замимаи генералӣ ва замимаҳои махсус иборат мебошад.

Замимаи генералӣ принсипҳои базавӣ ва қоидаҳои барасмиятдарории гумрукӣ, назорат, низомҳо ва пардохтҳои гумрукиро дар бар мегирад. Қабули замимаи генералӣ, инчунин дар баробари матни Конвенсия, бо тағйироти дохилкардашуда, барои ба Конвенсия ҳамроҳ шудан ҳатмӣ мебошад. Он чӣ ки ба замимаҳои махсус марбут аст, Тарафҳои созишнамуда ҳуқуқ доранд онҳоро пурра ё кадоме аз бобҳои замимаи махсусро қабул намоянд.

Конвенсияи Киото аз замимаҳои махсуси зерин иборат мебошад:

А – ворид шудани мол ба қаламрави гумрукӣ;

В – воридот;

С – содирот;

D – анборҳо ва минтақаҳои озоди гумрукӣ;

E – транзит;

F – коркард;

G – иҷозати муваққатӣ;

H – ҳуқуқвайронкуниҳо;

J – расмиёти махсус;

K – истеҳсоли мол.

Қобили зикр аст, ки бо қарори мазкур боби 3 «Боркашонии каботажии молҳо», замимаи махсуси E «Транзит ва боби 3 «Баргардонидан», замимаи махсуси F «Коркард» истисно карда шудаанд, ки онҳо айни ҳол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур намебошанд, аз ҷумла бандарҳои обӣ.

Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Киото, дар таҳрири нав, имконият медиҳад, ки ҳамоҳангсозии қонунгузории гумрук бо стандартҳои байналмилалӣ ва қоидаҳои умумиэътирофшуда мувофиқ гардад.

Ҳамоҳангсозӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ дар доираи Конвенсия барои бартараф намудани монеаҳои беруна дар муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо давлатҳои хориҷи дуру наздик мусоидат менамояд.

Ҳамроҳ шудан ба Конвенсияи Киото, дар таҳрири нав, ягон оқибати манфии сиёсӣ надошта, баръакс, иштироки ҷумҳуриро дар баробари дигар давлатҳои мутараққии ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои байналмилалии гумрук фаъол менамояд. Инчунин ин иқдом боиси баланд шудани нуфузу эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Зикр кардан лозим аст, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2010 №255 ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (Конвенсияи Киото) дар таҳрири нав тасдиқ шуда буд.

Бо қарори мазкур замимаҳои махсуси боби 3 «Боркашонии каботажии молҳо», замимаи махсуси E «Транзит» ва боби 3 «Баргардонидан», замимаи махсуси F «Коркард» тасдиқ гардид, ки онҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур набуданд.

Қобили зикр аст, ки Кодекси амалкунандаи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳо ва принсипҳои Конвенсияи Киото асос ёфтааст ва ба он ҷавобгӯй мебошад.

Хароҷоти молиявӣ ба мақсади ҳаққи аъзогӣ ва дигар намуди хароҷотҳо дар Конвенсия муқаррар карда нашудааст. Ин аст муҳтавои мухтасари Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукии Киото. Аз ин лиҳоз, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумо, муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конвенсияи Киото, дар таҳрири нав, дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ дар таҳрири нав 26 июни соли 1999 дар шаҳри Брюссел ба имзо расидааст ва ҷиҳати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Сохтори Конвенсия аз матни он, замимаи асосӣ ва даҳ замимаи махсус иборат мебошад. Дар бораи ҳадафу мақсади Конвенсия сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуфатоҳи Ғоиб дар суханрониашон возеҳу фаҳмо маълумот доданд ва такрори онро лозим намешуморам.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Конвенсияи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ҳамроҳшавии ҶумҳурииТоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукиро дастгирӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Дар бораи Созишномаи грантӣ (№36826) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба ҷудо кардани гранти сармоягузорӣ аз ҷониби Фонди махсуси саҳомии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дода мешавад.

Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» ба маблағи 2 540 000 доллари ИМА санаи 23 декабри соли 2014 ба имзо расидааст.

Мақсади асосии лоиҳа харидории техника ва таҷҳизот бо мақсади азнавкунонии базаи техникии соҳаи нақлиёт бо техника ва таҷҳизоти махсуси замонавии нигоҳдории роҳҳо ва пулу нақбҳо мебошад.

Дар ҳолати имрӯза 80 фоизи техникаи роҳдории соҳа, ки истеҳсоли замони шӯравӣ мебошанд, муҳлати истифодаи техникиашон пурра ба анҷом расидааст ва барои таъмиру тармим намудани онҳо ҷиҳати истифодабарии такрорӣ маблағи зиёди буҷетӣ хароҷот карда мешаванд.

Айёми даврони Истиқлолият дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1790 км роҳ ва 200 адад пул, 28,3 км нақб ва 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд, сохта, ба истифода дода шудаанд, ки барои таъмини нигоҳдории босифат ва саривақтии онҳо техника ва таҷҳизоти махсуси замонавӣ, ба монанди автомашинаҳои барфтозакунии роҳ, сӯхторхомӯшкунӣ ва автокранҳо барои истифода дар дохили нақб ниҳоят зарур мебошанд.

Роҳҳою пулҳо ва нақбу долонҳои зиддитармавии сохташуда дар баробари аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштан, аҳамияти байналмилалӣ низ доранд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созишномаҳо, конвенсияҳо ва барномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт мебошад ва ҳар кадоме аз он санадҳо ва барномаҳо коридорҳои алоҳидаи байналмилалии нақлиётии худро доранд.

Ҳамзамон яке аз шартҳои санадҳои байналмилалӣ ин рушди қисматҳои коридорҳои байналмилалии нақлиётие мебошад, ки қаламрави кишварҳои аъзои онро убур мекунанд.

Бо дарназардошти он ки муқаррароти моддаи 7-уми Созишномаи мазкур зарурияти гузаронидани расмиётҳои дохилидавлатӣ ҷиҳати эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани Созишномаро талаб менамояд, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа карда шудааст.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ (№36826) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба ҷудо кардани гранти сармоягузорӣ аз ҷониби Фонди махсуси саҳомии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намоядагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Хайрулло АСОЗОДА:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи Созишномаи грантӣ (№36826) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба ҷудо кардани гранти сармоягузорӣ аз ҷониби Фонди махсуси саҳомии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард», ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2015 таҳти №205 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишномаи грантии мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 23 декабри соли 2014 ба имзо расонида шудааст.

Мақсади лоиҳа ин беҳтар намудани ҳолати роҳҳои Тоҷикистон буда, арзиши созишномаҳо тақрибан 5,1 млн.доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он Созишномаи грантӣ ба маблағи 2,54 миллион доллари амрикоӣ ва 2,54 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун қарз илова ба созишномаи қарзӣ, ки соли 2007 ба имзо расонида шудааст, аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва фондҳои махсуси Бонк маблағгузорӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, маблағи лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон», бо дарназардошти маблағҳои созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ, ки дар ҳаҷми 6,0 миллион доллари амрикоӣ соли 2007 ба имзо расонида шудааст, дар маҷмӯъ бештар аз 11,0 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар Созишномаи грантӣ ҳама шартҳои татбиқи лоиҳа оварда шудаанд, ки онҳо бо шартҳои Созишномаи қарзӣ як хел мебошанд. Маблағҳои грантӣ барои харидории техника ва нигоҳдории роҳҳо равона карда мешавад. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта, то соли 2016 идома хоҳад ёфт.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушдро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумита рӯзи 26 августи соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи грантии мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, бо назардошти нукоти зикргардида, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Созишномаи грантӣ (№ 36826) байни ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд   вобаста ба ҷудо кардани гранти сармоягузорӣ аз ҷониби Фонди махсуси саҳомии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аз шумо, муҳтарам вакилони мардумӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи мазкурро тарафдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ (№36826) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба ҷудо кардани гранти сармоягузорӣ аз ҷониби Фонди махсуси саҳомии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Дар бораи Созишномаи қарзӣ (рақами амалиёт 46782) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — сарҳади ӯзбекистон шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дода мешавад.

Ганҷалзода Шералӣ РАҲМОН:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!

Созишномаи қарзӣ (рақами амалиёт 46782) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд  оид ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — сарҳади ӯзбекистон» 27 июли соли 2012 ба маблағи 35 миллион доллари ИМА ба имзо расид.

Дар ҳаҷми корҳои лоиҳавӣ таҷдиди 4,6 км роҳ аз ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе, азнавсозии чорроҳаҳои назди ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино ва шаҳраки 82 дар сатҳи гуногун пешбинӣ шудааст. Бинобар сабаби норасоии маблағ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки то дарёфт гардидани маблағи иловагӣ корҳои сохтмонӣ дар чорроҳаи шаҳраки 82 дар доираи маблағи ҷудошуда оғоз карда мешаванд.

Дар ин маврид, тибқи розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 23 майи соли 2014 Созишномаи грантӣ ба маблағи 1434150 евро ба имзо расид ва дар заминаи он 2 июни соли 2014 Қарордод байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати машваратии «SAI» (Ҳиндустон) барои лоиҳакашии муфассал, омодасозии ҳуҷҷатҳои озмуни интихоби паймонкор ва назорати корҳои сохтмонӣ ба имзо расид. Машваратчӣ 14 июни соли 2014 ба корҳои лоиҳавӣ оғоз намуда, лоиҳаи муфассал ва харҷномаи иншоотро таҳия намуда, аз ташхиси давлатӣ гузаронид.

Аз ҳамин лиҳоз, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни татбиқи лоиҳа, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ (рақами амалиёт 46782) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади ӯзбекистон» таҳия  гардида, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа шуд.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Созишномаи қарзӣ (рақами амалиёт 46782) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — сарҳади ӯзбекистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия  Муҳиддиниён Пӯлод Муҳиддин дода мешавад.

Пӯлод МУҲИДДИНИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи Созишномаи қарзӣ (рақами амалиёт 46782) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади ӯзбекистон, ки 27 июли соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2015 таҳти №206 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишномаи қарзии мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 27 июли  соли 2015 дар ҳаҷми 35,0 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст.

Барқароркунии қитъаи роҳ аз чорроҳаи назди ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе – аз километри 0 то километри 4,6 бо паҳноии 68 метр ҳаракати 8-хатаи нақлиёт ва чор хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти мусофирбарро  дар бар мегирад. Инчунин азнавсозиии чорроҳаҳои назди ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино  ва шаҳраки 82 дар сатҳи гуногун пешбинӣ шудааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта, то соли 2017 иидома хоҳад ёфт.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи қарзӣ (рақами амалиёт 46782) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади ӯзбекистонро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 26 августи соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани Созишномаи қарзӣ (рақами амалиёт 46782) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд                                                                                  оид ба лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи қарзии мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, бо дарназардошти нукоти зикргардида, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Созишномаи қарзӣ (рақами амалиёт 46782) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд  оид ба лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади ӯзбекистонро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аз ин лиҳоз аз шумо, муҳтарам вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ кардани Созишномаи мазкурро тарафдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ (рақами амалиёт 46782) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади ӯзбекистон»-ро ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Оид ба масъалаи навбатии рӯзнома – Дар бораи Созишномаи №2 оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи қарзӣ аз 9 ноябри соли 2007 бо тағйирот аз 21 апрели соли 2009 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дода мешавад.

Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!

Созишномаи №2 оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи қарзӣ аз 9 ноябри соли 2007 тағйирот аз 21 апрели соли 2009 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» ба маблағи 2 540 000 доллари ИМА санаи 23 декабри соли 2014 ба имзо расидааст.

Тибқи Созишномаи қарзӣ аз 9 ноябри соли 2007 бо тағйиру иловаҳо аз 21 апрели соли 2009 байни Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд  маблағи қарзии 4 000 000 доллари ИМА-ро ҷудо намуд, ки дар доираи он 100 адад техникаю таҷҳизоти роҳдорӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур низ харидории техника ва таҷҳизот бо мақсади азнавкунонии базаи техникии соҳаи нақлиёт бо техника ва таҷҳизоти махсуси замонавии нигоҳдории роҳҳо ва пулу нақбҳо мебошад. Зеро дар ҳолати имрӯза, 80 фоизи техникаи роҳдории соҳа, ки истеҳсоли замони шӯравӣ мебошанд, муҳлати истифодаи техникиашон пурра ба анҷом расидааст ва барои таъмиру тармим намудани онҳо, ҷиҳати истифодабарии такрорӣ, маблағи зиёди буҷетӣ хароҷот мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки дар даврони Истиқлолият дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1790 км  роҳ ва 200 адад пул, 28,3 км нақб  ва 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ бо ҷалби сармояи  хориҷӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд, сохта, ба истифода дода шудаанд, ки барои таъмини нигоҳдории босифат ва саривақтии онҳо техника ва таҷҳизоти махсуси замонавӣ, ба монанди автомашинаҳои барфтозакунии роҳ, сӯхторхомӯшкунӣ ва автокранҳо барои истифода дар дохили нақб, ниҳоят зарур мебошанд.

Роҳҳою пулҳо ва нақбу долонҳои зиддитармавии сохташуда дар баробари аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштан, аҳамияти байналмилалӣ низ доранд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созишномаҳо, конвенсияҳо ва барномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт мебошад ва ҳар кадоме аз он санадҳо ва барномаҳо коридорҳои алоҳидаи байналмилалии нақлиётии худро доранд.

Ҳамзамон яке аз шартҳои он санадҳои байналмилалӣ ин рушди қисматҳои коридорҳои байналмилалии нақлиётие мебошад, ки қаламрави кишварҳои аъзои онро убур мекунанд.

Бо дарназардошти он ки муқаррароти моддаи 3-юми Созишномаи мазкур зарурияти гузаронидани расмиётҳои дохилидавлатӣ ҷиҳати эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани Созишномаро талаб менамояд, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи №2 оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи қарзӣ аз 9 ноябри соли 2007 бо тағйирот аз 21 апрели соли 2009 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа шудааст.

Бинобар ин, аз шумо муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи №2 оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи қарзӣ аз 9 ноябри соли 2007 бо тағйирот аз 21 апрели соли 2009 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.

Баҳром  АБДУАЛИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи Созишномаи №2 оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи қарзӣ аз 9 ноябри соли 2007 бо тағйирот аз 21 апрели соли 2009 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард», ки 23 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2015 таҳти №207 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.

Маблағи лоиҳаи Созишномаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон» бо дарназардошти тағйиру иловаҳои воридгардида дар солҳои 2007 ва 2009-ум 11,0 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, барои беҳтар намудани ҳолати роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон равона гаштааст.Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта, соли 2016 идома хоҳад ёфт.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи мазкурро пурра ҷонибдорӣ намудаанд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ кардани Созишномаи мазкурро тарафдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи №2 оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи қарзӣ аз 9 ноябри соли 2007 бо тағйирот аз 21 апрели соли 2009 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Оид ба масъалаи навбатии рӯзнома — Дар бораи Созишномаи грантӣ (№1460300) оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ сухан  ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дода мешавад.

Ганҷалзода Шералӣ РАҲМОН:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (№1460300) оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ 29 сентябри соли 2014 ба маблағи 17,5 миллион доллари ИМА ба имзо расидааст.

Лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS)-ро дар бар мегирад.

Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ширкати машваратчии японии «Ниппон Коэй»-ро барои корҳои лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонӣ ҷалб намуд. Имрӯзҳо аз ҷониби ширкати машваратчӣ ҳуҷҷатҳои озмунӣ барои озмуни интихоби паймонкор таҳия шуда истодааст.

Яке аз шартҳои ба расмият даровардани Созишномаи грантӣ ин аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани он мебошад.

Дар ин замина, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа карда шуд.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ (№ 1460300) оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани  фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ (№1460300) оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ мегузарем. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (грантӣ №D030-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – РAOM» сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дода мешавад.

Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – РAOM» таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд- Исфараро дар бар мегирад. Бо дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Умумиҷаҳонӣ дар соли 2014 кумаки техникӣ дар ҳаҷми 400 ҳазор доллари ИМА-ро барои корҳои тадқиқотӣ ва асосноккунии пешакии техникӣ — иқтисодии роҳи автомобилгарди Хуҷанд — Исфара ҷудо намуда, ширкати машваратчии олмонии «Кокс»-ро барои корҳои тадқиқотӣ ва асосноккунии пешакии техникӣ – иқтисодӣ ҷалб намуд.

Ширкати машваратчии олмонии «Кокс» корҳои тадқиқотӣ ва асосноккунии пешакии техникӣ — иқтисодиро моҳи ноябри соли 2014 ба анҷом расонид.

Бо дарназардошти маҳдудиятҳои молиявӣ, бо пешниҳоди Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқа гардид, ки дар доираи маблағи ҷудошуда дар ҳаҷми 54 миллион доллари ИМА (45 миллион доллари ИМА саҳми Бонк ва 9 миллион доллари ИМА  саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон) қитъаҳои Гулистон – Исфара, Исфара – Ким, Конибодом – Патар, Ким – Кучкак, Деҳмой – Пролетарск – Маданият таҷдид карда шаванд.

Дар заминаи гуфтушунидҳои тарафайн 16 апрели соли 2015 Созишномаи маблағгузорӣ (гранти D030 – ТJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои  алоқа дар Осиёи Марказӣ – РAOM» ба имзо расид.

Тибқи муқаррароти моддаи 4-уми Созишномаи грантӣ, барои эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани Созишномаи грантӣ тасдиқи Созишнома аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад.

Дар ин замина лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки зарурияти оғози корҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд — Исфара дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015  махсусан таъкид карда шуд.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (гранти D030-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – РAOM»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия  Мансурова Дилрабо Сайдуллоевна дода мешавад.

Дилрабо МАНСУРОВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи Созишномаи маблағгузорӣ (гранти №D030-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – РАОМ», ки 16 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2015 таҳти №208 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Маблағи умумии лоиҳа  54,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аз ҷумла 38,25 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзноки Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, 6,75 млн. доллари амрикоӣ гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва 9,0 млн. доллари амрикоӣ саҳми ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мақсади он беҳтар намудани алоқаи нақлиётии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ва тавассути қитъаҳои роҳи афзалиятноки байнисарҳадӣ дар вилояти Суғд, ҳамзамон дастгирии такмил додани таҷрибаи истифодабарии роҳҳо ва идоракунии дороиҳои марбут ба роҳ мебошад.Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз гардида, то соли 2020 идома хоҳад ёфт.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи маблағгузорӣ (гранти №D030-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – РАОМ»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул санаи 26 августи соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати молия ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани Созишномаи маблағгузорӣ (гранти №D030-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – РАОМ»-ро  мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия , бо дарназардошти нукоти зикргардида, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Созишномаи маблағгузорӣ (гранти №D030-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – РАОМ»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ кардани Созишномаи мазкурро тарафдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи маблағгузорӣ (гранти №D030-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ –РАОМ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома — Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи №5593 — TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ — РАОМ» мегузарем.

Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дода мешавад.

Ганҷалзода Шералӣ РАҲМОН:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – РАОМ» таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Исфараро дар бар мегирад.

Бо дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Умумиҷаҳонӣ дар соли 2014 кумаки техникӣ дар ҳаҷми 400 ҳазор доллари ИМА-ро барои корҳои тадқиқотӣ ва асосноккунии пешакии техникӣ – иқтисодии роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Исфара ҷудо намуда, ширкати машваратчии олмонии «Кокс»-ро барои корҳои тадқиқотӣ ва асосноккунии пешакии техникӣ – иқтисодӣ ҷалб намуд.

Ширкати машваратчии олмонии «Кокс» корҳои тадқиқотӣ ва асосноккунии пешакии техникӣ – иқтисодиро моҳи ноябри соли 2014 ба анҷом расонид.

Бо дарназардошти маҳдудиятҳои молиявӣ, бо пешниҳоди Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқа гардид, ки дар доираи маблағи ҷудошуда дар ҳаҷми 54 миллион доллари ИМА (45 миллион доллари ИМА саҳми Бонк ва 9 миллион доллари ИМА саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон) қитъаҳои Гулистон – Исфара, Исфара –Ким, Конибодом – Патар, Ким- Кучкак, Деҳмой – Пролетарск – Маданият таҷдид карда мешаванд.

Дар заминаи гуфтушунидҳои тарафайн, 16 апрели соли 2015 Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи №5593 – TJ)  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – РАОМ» ба имзо расид.

Тибқи муқаррароти моддаи 4-уми Созишномаи қарзӣ, барои эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани Созишномаи қарзӣ тасдиқи Созишнома аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад.

Дар ин замина, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки зарурати оғози корҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Исфара дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 махсусан таъкид карда шуд.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи №5593 – TJ)  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – РАОМ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуназар Хисрав дода мешавад.

Хисрав АБДУНАЗАР:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!

Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи № 5593- TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – PAOM аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 16 апрели соли 2015 дар ҳаҷми 38,25 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа 54 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 38,25 миллион доллари америкоӣ қарзи имтиёзноки Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, 6,75 миллион доллари амрикоӣ гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва 9 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии соҳаи нақлиёт ва беҳтар намудани ҳаракати мунтазами нақлиёт тавассути қитъаи роҳҳои Кучкак – Ким –Исфара – Гулистон, Деҳмой – Пролетарск – Маданият ва Ким – Конибодом – Патар бо дарозии тақрибан 70 км роҳ мебошад, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи №5593-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – PAOM»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул санаи 26 августи соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи №5593-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – PAOM»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, бо дарназардошти нукоти зикргардида, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи № 5593 – TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ — PAOM»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ кардани Созишномаи мазкурро тарафдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи №5593- TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ-РАОМ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

Кори ҷаласаи якуми Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 

Ҷумъахон НАБОТОВ,

Абдулмаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ