Тибқи он ҳангоми набудани аломати ҷиноят дар кирдори шахс нисбат ба ӯ ҷавобгарии маъмурӣ татбиқ мешавад
Чордаҳуми октябри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 56 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯриён Музаффар Қурбонмуҳаммад иштирок доранд.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»
2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Дар хусуси Созишнома оид ба амалӣ намудани фаъолияти муштараки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таҳқиқ ва истифодабарии фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта.
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.
ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» дар асоси тавсияҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ вобаста ба аудити дохилӣ ва бо дарназардошти аҳамияти дигаргуниҳои институтсионалии соҳа таҳия гардидааст.
Мақсад аз он мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳаммаъно намудани истилоҳот ва оммафаҳм гардонидани мафҳумҳои дар он ҷойдошта, инчунин, такмили вазифаву функсияҳои аудити дохилӣ, ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба иҷро намудани тавсияҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 1 қонуни амалкунанда, ки намудҳои супориши аудиторӣ, аз ҷумла аудити низом, аудити мувофиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аудити молиявӣ, аудити фаъолият ва аудити технологияи иттилоотиро пешбинӣ намудааст, тағйироти дахлдор ворид карда шуд. Тибқи тағйироти мазкур, ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархатҳои иловагӣ ҷиҳати дар алоҳидагӣ муайян намудани мафҳуми намудҳои аудит илова гардид.
Инчунин, тибқи иловаҳои ба моддаи 8 воридшуда, ба Вазорати молия ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ ваколатҳои иловагӣ аз қабили:
- таҳия ва тасдиқи кодекси одоби касбии аудиторони дохилӣ ва стандартҳои миллии аудити дохилӣ;
- муқаррар намудани тартиб ва қоидаҳои гузаронидани супоришҳои аудиторӣ;
- таҳия ва тасдиқи низомнома ва дастурамалҳои намунавии мансабии аудиторони дохилӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти аудити дохилӣ бо аудити беруна ва мақомоти назоратию санҷишӣ;
- таъмини фаъолияти низоми аудити дохилӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар моддаи 12 қонуни мазкур муқаррарот дар бораи тартиби таъсис ва барҳам додани воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, ки бояд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шавад, ворид шудааст.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи таҳиягардида ба мукаммал намудани қонунгузории соҳаи аудити дохилӣ нигаронида шуда, барои тақвият бахшидани рушди соҳа заминагузор мебошад.
Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гиёзода Азиз Қодир дода мешавад.
ГИЁЗОДА Азиз Қодир: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он аз чор қисм иборат буда, ба 11 моддаи қонуни амалкунанда тағийру иловаҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст, ки ба тақвият бахшидани соҳаи аудити дохилӣ, идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ нигаронида шудааст.
Инчунин, дар қонуни амалкунанда ба таври умумӣ мафҳумҳои аудити низом, аудити мувофиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аудити молиявӣ, аудити фаъолият ва аудити технологияи иттилоотӣ баён гардидаанд, ки ин мафҳумҳо дар қисми 1 лоиҳаи қонуни мазкур возеҳ шарҳ дода шудааст.
Қисми 2 лоиҳа бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои имлоии қонуни мазкур ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудааст.
Инчунин, бо мақсади фаъолияти мустақил, татбиқи сиёсати ягона ва низоми идоракунӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор вобаста ба таҳия ва тасдиқи санадҳои дахлдор дар қисми 3 лоиҳа пешбинӣ гардидааст, ки ба моддаи 8 қонуни амалкунанда иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 22 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 9 — тоаш пурра ва 4 — тоаш қисман қабул гардид.
Лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад. Марҳамат.
АШӯРИЁН Музаффар Қурбонмуҳаммад: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2017 дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти амнияти миллӣ баён намуданд, бо мақсади ба роҳ мондани усулҳои пешгирикунандаи муқовимат ба экстремизм тавассути ҷорӣ ва татбиқи ҷазои маъмурӣ таҳия шудааст.
Дар амалия ҳолатҳое ҷой доранд, ки шахс барои баён кардани суханҳои ноҷо, ки метавонад боиси барангехтани адовати миллӣ, динӣ ё мазҳабӣ гардад, бо моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Дар бисёр маврид шахсе, ки ба чунин кирдор даст мезанад, бинобар надоштани дарки дуруст оқибати ҳуқуқии амали худро пешбинӣ намекунад ва дар натиҷа, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Ҷорӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои бори аввал содир намудани ин гуна кирдор боиси огоҳсозии шаҳрвандон аз оқибатҳои ҳуқуқии чунин кирдорҳо ва пешгирии экстремизм гардида, далели сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.
Бо дарназардошти ин, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 4621 илова гардида, мутобиқи он ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла, интернет, содир шуда бошанд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад. Ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима ва ҳабси маъмурӣ, аз ҷумла, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ шабонарӯз таъин карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷот талаб намекунад.
Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дода мешавад. Марҳамат.
Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ҳамчунин, лоиҳа дар ҳамбастагӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, барои татбиқи ҷавобгарии маъмурӣ нисбат ба кирдори шахсе, ки ҳангоми набудани аломати ҷиноят дар кирдораш муқаррар мекунад, таҳия шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2020 таҳти №210 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ ва ҳамчунин, ҷиҳати такмил 11 таклиф ироа карданд, ки аз онҳо шаш ададаш пурра ва яктоаш қисман қабул гардид.
Дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таклифҳои пешниҳодгардида баррасӣ гардида, бо дарназардошти онҳо лоиҳаи қонуни зикршуда такмил дода шуд.
Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад. Марҳамат.
- АШӯРИЁН Музаффар Қурбонмуҳаммад: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни мазкур дар иртибот ва ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муайян кардани тобеияти баррасии парвандаҳо таҳия шудааст.
Тибқи лоиҳаи қонун, ба қисми 1 моддаи 93 кодекси амалкунанда, ки тобеияти баррасии парвандаҳоро аз ҷониби суд муайян менамояд, пас аз рақами «460» рақами «4621» илова карда шуд. Дар асоси тағйироти мазкур, минбаъд суд дар доираи салоҳияташ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки дар моддаи 4621 (Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, баррасӣ менамояд.
Бо дарназардошти тағйир ба моддаи 93 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қисми 1 ва сархати якуми қисми 2 моддаи 98 ҳамин кодекс ҷобаҷогузории моддаҳо вобаста ба тобеияти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тартиб дароварда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷот талаб намекунад. Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ҳамин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҷидова Сарвиноз дода мешавад. Марҳамат.
Сарвиноз МАҶИДОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Он дар ҳамбастагӣ бо ворид намудани моддаи нав ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мақоми баррасикунандаи парвандаҳои маъмурии дар моддаи мазкур пешбинигардидаро аз ҷониби суд барои таъини ҷазо дар баробари ҷаримаи ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ муқаррар мекунад, таҳия шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2020 таҳти №211 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад. Марҳамат.
АШӯРИЁН Музаффар Қурбонмуҳаммад: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2017 дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти амнияти миллӣ баён намуданд, бо мақсади ба роҳ мондани усулҳои пешгирикунандаи муқовимат ба экстремизм тавассути татбиқи ҷазои ҷиноятӣ таҳия шудааст.
Солҳои охир барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ аз ҷониби шаҳрвандон бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла, интернет, бештар ба назар мерасад. Аммо дар моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо чунин тарз содир намудани ин ҳаракатҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар нашудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» 2 январи соли 2020 қабул гардида, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Бо дарназардошти ин, ба моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ворид карда шуда, мутобиқи он ном ва қисми 1 моддаи мазкур бо мақсади пешгирии фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» экстремистӣ ҳисобида мешавад, такмил дода шуд.
Мутобиқи тағйироти мазкур, минбаъд ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳоро ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла, интернет, дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ хароҷот талаб намекунад. Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода дода мешавад.
БОБОҶОНИЁН Ранохон Маҳмудзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он бо мақсади иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2017 зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти амнияти миллӣ баён гардида буд, таҳия шудааст.
Дар асоси қисми 1 моддаи 189 лоиҳаи қонуни мазкур минбаъд ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмили он 12 пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 7- тоаш пурра ва 2- тоаш қисман қабул гардид.
Дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таклифу пешниҳоди ироагардида баррасӣ шуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил ёфт. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Қабули он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба амалӣ намудани фаъолияти муштараки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таҳқиқ ва истифодабарии фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта» оғоз менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад дода мешавад. Марҳамат.
ФАТТОҲЗОДА Саидмурод Самад: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба амалӣ намудани фаъолияти муштараки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таҳқиқ ва истифодабарии фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта 2 ноябри соли 2018 дар шаҳри Остона (ҳоло Нурсултон) ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2020, созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд, ки онро, дар маҷмӯъ, ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳадафҳои созишнома муқаррар намудани заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии ҳамкории бисёрҷониба дар самти таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта ва мусоидат ба бунёди заминаи ҳуқуқии таҳия ва бастани созишномаҳо байни тарафҳо ва иштирокчиёни фаъолияти муштараки созишномаҳо ва дигар шартномаҳо дар самтҳои мушаххаси фаъолияти муштараки кайҳонӣ мебошанд.
Ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии созишномаи мазкур, бо дарки аҳамияти илм ва техникаи кайҳонӣ, барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию техникии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар асоси идроки муҳимияти рушди иқтидори илмию техникӣ ва саноатии давлатҳои иштирокчӣ, ки ба азхудкунии фазои кайҳонӣ равона шудаанд, бо таваҷҷуҳ ба муқаррароти Шартнома оид ба принсипҳои фаъолияти давлатҳо дар бораи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ, аз ҷумла, Моҳ ва дигар ҷирмҳои осмонӣ аз 27 январи соли 1967, инчунин дигар шартномаҳои байналмилалӣ оид ба таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ, ба мувофиқаи зерин расиданд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.Он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба амалӣ намудани фаъолияти муштараки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таҳқиқ ва истифодабарии фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.
Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам.
Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ