Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тағйиру илова ба якчанд қонун бинобар вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ

№124 (4707) 13.10.2023

СЕССИЯ НАВ копия11 — уми октябри соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад­тоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар Собир, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамадзода Зулфия ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа чордаҳ ­масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аълоҳазрат Султони Бруней Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андоз­бандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз даромад ва молу мулк

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»

12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

13. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»

14. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аълоҳазрат Султони Бруней Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз даромад ва молу мулк» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар Собир дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аълоҳазрат Султони Бруней Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз даромад ва молу мулк» тибқи расмиёти муқарраршуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 — юми марти соли 2010 таҳти №157 маъқул дониста шуда, 3 — юми апрели соли 2010 аз тарафи намояндагони сатҳи олии ду ҷониб дар шаҳри Бандар Сери Бегаван ба имзо расонида шудааст. Қобили қайд аст, ки муқаррароти созишномаи мазкур дар доираи модели Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя (OECD) таҳия гардида, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мутобиқат менамояд.

Мақсад аз қабули созишнома, бартараф намудани андозбандии дукарата нисбат ба фаъолияти резидентҳои ҳар ду давлати аҳдкунанда, беҳтар намудани фазои мусоиди сармоягузорӣ, афзун гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ ва таъсисёбии корхонаҳои нави муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аълоҳазрат Султони Бруней Доруссалом мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори пешниҳодшударо ҷонибдорӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Абдусаломзода Мунаввар дода мешавад. Марҳамат.

Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аълоҳазрат Султони Бруней Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз даромад ва молу мулк 3 — юми апрели соли 2010 дар шаҳри Бандар Сери Бегаван ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя, ки аз номи яке аз давлатҳои аҳдкунанда ё воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, сиёсӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, сарфи назар аз шакл ситонида мешаванд, татбиқ карда мешавад. Ҳамчунин, нисбат ба ҳама гуна андозҳои ба ҳамин монанд ва аз рӯи хусусияташон якхела баъди санаи ба имзо расидани созишномаи зикршуда ба иловаи андозҳои мавҷуда ё бар ивази онҳо ситонида мешаванд, мавриди амал қарор мегирад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи зикргардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома тамоми расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мутобиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аълоҳазрат Султони Бруней Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз даромад ва молу мулк» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини вазири ­молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар Собир дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» сифатан таъмин намудани иҷрои талаботи банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 — юми июни соли 2023 таҳти рақами 586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» мебошад.

Мусаллам аст, ки ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар суръатбахшии ҷараёни гардиши воситаҳои пулӣ, шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, кам намудани ҳаҷми пули нақд дар муомилот ва хароҷот вобаста ба эмиссияи он, инчунин, содагардонии раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими молиявию иқтисодӣ дорад. Бинобар ин, тибқи талаботи фармони мазкур, дар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда масъалаҳои механизми ба таври нақдӣ пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ тағйир дода шуда, минбаъд пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд. Чунончи тибқи лоиҳа, ба моддаи 5 қонуни мазкур тағйирот ворид гардида, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад. Дар робита ба ин, ба меъёри мазкур ба моддаҳои 22, 29, 54, 55 низ тағийрот ворид гардида, пардохти нақдии маблағи хироҷ ва пардохтҳо тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд. Лоиҳаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Обидзода Фозил дода мешавад. Марҳамат.

Фозил ОБИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар суръатбахшии ҷараёни гардиши воситаҳои пулӣ, шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, кам намудани ҳаҷми пули нақд дар муомилот ва хароҷот вобаста ба эмиссияи он, инчунин содагардонии раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими молиявӣ — иқтисодӣ дорад. Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ ва ҳамзамон ду таклиф пешниҳод намуданд, ки ба назар гирифта шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳаед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохт­ҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» оғоз менамоем.

Сухан ба муовини вазири ­молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар Собир дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» давоми мантиқии лоиҳаи қаблӣ буда, тибқи талаботи он, минбаъд боҷи давлатӣ тариқи ғайринақдӣ аз ҳисоби боҷсупоранда бо истифода аз низоми иттилоотии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфра­сохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ амалӣ мегардад.

Бо дарназардошти таъсиррасон будани қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба раванди иҷрои сифатнок ва саривақтии қисми даромади буҷети давлатӣ аз шумо, вакилони арҷманд, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Дӯстмуродзода Сурайё дода мешавад. Марҳамат.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бинобар ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави иқтисодии ҷамъияти муосир, барои сарфа намудани вақт, ҳифзи маблағҳо ва назорати шаффофияти хароҷот, низоми мавзуни раванди пардохтҳо муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар лоиҳаи пешниҳодгардида низоми нақдӣ пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ тағйир дода шуда, минбаъд пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ ҳамчун меъёри ҳуқуқӣ ворид карда шуда, амалӣ мегардад.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон ду таклиф аз ҷониби Раёсати ҳуқуқ пешниҳод гардид, ки онҳо ба назар гирифта шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини вазири ­молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар Собир дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмат­расониҳои давлатӣ» бо мақсади тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизмат­расониҳои давлатӣ барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст. Тағйироти воридшуда имкон медиҳанд, ки маб­лағи пардохтҳои хизматрасониҳои давлатӣ сари вақт ба суратҳисобҳои дахлдори буҷетӣ ворид карда шуда, инчунин, раванди ҳисоботдиҳӣ танзим шавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи пешниҳодшуда овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Дӯстмуродзода Сурайё дода мешавад. Марҳамат.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бинобар ба вуҷуд омадани муносибатҳои муосири ҷамъиятӣ (ё иқтисодӣ), яъне гузариш ба низоми ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мондани пардохтҳои хизматрасониҳои давлатӣ, барои аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ва коррупсионӣ, шаффофияти ҷараёнҳои молиявӣ ва пурра ворид гардидани пардохтҳои хизматрасониҳои давлатӣ ба буҷети давлатӣ, суратҳисобҳои ташкилотҳои давлатии хизматрасон заминаи мустаҳкам фароҳам меоварад ва аҳамияти муҳими молиявӣ — иқтисодӣ дар татбиқи сиёсати пулии кишвар дорад. Бинобар ин, дар лоиҳаи пешниҳодгардида масъалаҳои низоми ба таври нақдӣ пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ тағйир дода шуда, минбаъд пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ амалӣ мегардад.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ гардид. Дар ин раванд ду таклифи аз ҷониби Раёсати ҳуқуқ пешниҳодгашта ба назар гирифта шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Хоҳишмандам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини вазири ­молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар Собир дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» дар баробари дигар лоиҳаҳои қаблан баррасишуда бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар низоми хизматрасонии давлатӣ таҳия карда шудааст. Лоиҳа амалӣ намудани масъалаҳои пардохоти нақдии мақоми бақайдгирандаро мавриди танзим қарор медиҳад. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро қабул намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ашӯрзода Ғиёсиддин дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин АШӮРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои талабот «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва ҳамчунин, барои танзими муносибатҳо вобаста ба тартиби пардохтҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки гузариш ба низоми пардохти ғайринақдии андозҳо, боҷҳои давлатӣ, аз ҷумла барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ минбаъд тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» тағйирот ворид гардида, дар ҷумлаи якуми қисми 6 моддаи 29 ва ҷумлаи якуми қисми 2 моддаи 35 калимаи «пардохти» ба калимаҳои «ба суратҳисоби мақоми бақайдгиранда пардохт намудани» иваз карда мешавад, яъне ба таври мушаххас муқаррар мегардад, ки пардохт бевосита ба суратҳисоби мақомот пардохт карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, тамоми расмиёти дохилиро ­гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳаед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» оғоз менамоем.

Сухан ба муовини вазири ­молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар Собир дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» бо мақсади мутобиқ намудани низоми пардохт намудани хизматрасониҳои нотариалӣ ба талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 — юми июни соли 2023 таҳти №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, ба моддаи 22 ва 50-и қонун тағйирот ворид гардида, масъалаи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани маб­лағи амалиётҳои нотариалӣ муқаррар ва хориҷ намудани пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҷид­зода Сарвиноз дода мешавад. Марҳамат.

Сарвиноз МАҶИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои талаботи банди 6-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 — юми июни соли 2023 таҳти № 586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 — юми декабри соли 2022 зикршуда, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 — уми январи соли 2023 таҳти рақами № АП-321 тасдиқ шудааст, барои ба таври ғайринақдӣ амалӣ намудани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Зимнан, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар суръатбахшии ҷараёни гардиши воситаҳои пулӣ, шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, кам намудани ҳаҷми пули нақд дар муомилот ва хароҷот вобаста ба эмиссияи он, инчунин, содагардонии раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими молиявӣ-иқтисодӣ дорад.

Бинобар ин, тибқи талаботи фармони зикргардида, дар лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда масъалаҳои механизми ба таври нақдӣ пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ тағйир дода шуда, минбаъд пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, мутобиқи лоиҳаи пешниҳодшуда минбаъд пардохти хизматрасониҳои ­нотариалӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

 Бо ин ҳадаф тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» пас аз калимаи «ҳуқуқӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда мешаванд. Ҳамчунин, ба қисми 4 моддаи зикргардида пас аз калимаи «маблағ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шуда, аз қисми 4 — уми моддаи 50 калимаҳои «ба нотариуси давлатӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи» хориҷ карда мешаванд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намудаанд. Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти дахлдорро гузаштааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лои­ҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноя­тии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини вазири ­молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар Собир дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тариқи ғайринақдӣ амалӣ намудани пардохт­ҳои ҳатмӣ ба буҷет, аз ҷумла ҷаримаҳо таҳия гардидааст. Минбаъд маблағи ҷарима ба буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии ­молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад. Аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бобоҷониён Раънохон дода мешавад. Марҳамат.

Раънохон БОБОҶОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар шароити муосир, ки рушди технологияҳо ва интернет босуръат идома дорад, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ як амали муқаррарӣ гардидааст. Аз як тараф, муомилоти нақдии воситаҳои пулӣ кам шавад, аз тарафи дигар, шаффофияти амалиётҳои молиявӣ таъмин мегардад. Барои муштариён раванди пардохт осон мегардад, ки ҳамчунин, аҳамияти муҳими хизматрасонӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои механизми ба таври нақдӣ пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ тағйир дода шуда, минбаъд пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин замина ба қисми 1) моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаи дахлдор ворид гардида, минбаъд маблағи ҷарима ба буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми расмиётро гузаштааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боби 2-и Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.

Сухан ба муовини вазири ­молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар Собир дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» коҳиш додани пардохтҳои нақдӣ дар низоми гумруки кишвар буда, раванди мазкур ба таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ ва қабул намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ашӯрзода Ғиёсиддин дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин АШӮРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар содагардонии раванди пардохтҳои аҳамияти муҳими молиявӣ-иқтисодидошта мебошад.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ ва ҳамзамон, се таклиф пешниҳод намуданд, ки ба назар гирифта шуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида дар кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, тамоми расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини вазири ­молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Қурбониён Сарвар Собир дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» давоми мантиқии санадҳои қаблан баррасишуда буда, тибқи он, пардохти хароҷоти таҳсил дар муассисаҳои таълимии давлатӣ минбаъд тариқи ғайринақдӣ бо истифода аз воситаҳои иттилоотии пардохтӣ амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба дода мешавад. Марҳамат.

Насиба СОДИҚӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои талаботи банди 6-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 — юми июни соли 2023 таҳти № 586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст. Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» механизмҳои ба таври нақдӣ пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои давлатиро ба танзим медарорад. Мувофиқи тағйироти сархати панҷуми қисми 7-и моддаи 55 калимаҳои «ворид мешаванд» ба калимаҳои «ба суратҳисоби бонкии муассисаи таълимӣ ворид мегарданд» иваз карда, инчунин, иловаҳо ба моддаи 58 ворид мешаванд, ки минбаъд қабули пардохти ҳаққи хизматрасонии таълимии давлатӣ дар асоси шартнома ба таври ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 — уми октябри соли 2023 таҳти №1840 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд. 9 — уми октябри соли 2023 дар ҷаласаи васеи кумита ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёса­ти ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» оғоз менамоем.

Сухан ба муовини вазири мо­лияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қур­бониён Сарвар Собир дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» давоми лоиҳаи пеш аз ин баррасишуда мебошад.

Тибқи тағйирот, механизми пардохти маблағи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ ба суратҳисоби бонкии муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешаванд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Маликзод Парвина дода мешавад. Марҳамат.

Парвина МАЛИКЗОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои талаботи банди 6-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 22 — юми июни соли 2023 таҳти №586 «Дар бораи тадбирҳои ­вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 — уми октябри соли 2023 таҳти №1843 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Вакилони муҳтарам, бо назардошти гуфтаҳои боло, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дода мешавад. Марҳамат.

Завқӣ ЗАВҚИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» бо мақсади мутобиқ намудан бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» таҳия гардидааст. Инчунин, лоиҳаи қонуни мазкур барои мувофиқ намудан ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 — юми ноябри соли 2007 таҳти №546 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 — уми октябри соли 2011 таҳти №497 «Дар бораи тасдиқи андозаҳои пардохтҳои корбарӣ, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд» омода карда шуд. Мақсад аз ворид намудани тағйирот иваз намудани истилоҳоти соҳавӣ, яъне ивази калимаи «боҷ» ба калимаҳои «пардохт­ҳои ҳатмӣ ва корбарӣ» мебошад.

Бояд қайд намуд, ки калимаи «Боҷ» мафҳуми умумӣ буда, ҳам пардохтхои ҳатмӣ ва корбарӣ ва ҳам дигар пардохтҳоро дар бар мегирад. Аммо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа танҳо калимаи «пардохт» истифода мешавад.

Аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»- ро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода дода мешавад. Марҳамат.

Даринг РАҲМОН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» бо мақсади мутобиқ намудан ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи боҷи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин, мутобиқ намудани ифодаҳои имлоӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо қарори №412 аз 31- уми августи соли 2023 барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 — уми сентябри соли 2023 таҳти №1823 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, инчунин дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ барои пешниҳоди хулосаҳо супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он панҷ таклиф пешниҳод намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Обидзода Фозил Саид дода мешавад. Марҳамат.

Фозил ОБИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонзода, Азиз Гиёзода ва Ғиёсиддин Ашӯрзода пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба муқаррароти як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», такмили механизмҳо, истифодаи дурусти истилоҳу мафҳумҳои ҷавобгӯи талаботи муосир, инчунин, бартараф намудани номутобиқатии байниҳамдигарии меъёрҳои танзимкунандаи ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мутобиқи қисмҳои 1, 2, 3, 9, 10, 11, 12, 13, 15, 19, 21, 23 ва 24 лоиҳа пешбинӣ мегардад, ки дар робита ба талаботи техникаи қонунэҷодкунӣ ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», баъзе аз истилоҳоти дар моддаҳои гуногуни қонун истифодашаванда аз лиҳози услуби баён дар таҳрири нав ифода карда шаванд.

Тибқи талаботи қисмҳои 20 ва 22 лоиҳа пешниҳод аст, ки меъёрҳои муайянкунандаи даврияти банақшагирии буҷетӣ аз лиҳози мантиқи ҳуқуқӣ боз ҳам дақиқтар ифода карда шаванд.

Бо мақсади бартараф намудани номутобиқатии байниҳамдигарии меъёрҳои танзимкунандаи ҳуқуқӣ тибқи тағйироти пешниҳодгардидаи қисмҳои 4, 5, 6, 16 ва 17 лоиҳа пешниҳод мегардад, ки истилоҳоти дар сархатҳои якуми қисми 2-и моддаи 10, қисми 3-и моддаи 11, сархати панҷуми моддаи 25, сархати якуми қисми 1 моддаи 39 ва қисми 1-и моддаи 41 қонун истифодашаванда якхела ифода карда шаванд.

Бо мақсади ба талаботи моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани меъёрҳо оид ба додугирифти қарзи давлатӣ тибқи қисмҳои 7 ва 8 лоиҳа пешниҳод мегардад, ки ба сархати чоруми қисми 1-и моддаи 26 ва сархати шашуми моддаи 27-и қонун тағйироти дахлдор ворид карда шаванд.

Мувофиқи қисми 14-и лоиҳа пешниҳод мегардад, ки меъёри қисми 3-и моддаи 36 қонун вобаста ба ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» мутобиқ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ ва ҳамчунин, 60 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 25-то қабул, 16-то қисман қабул ва 19-то қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳаед.

РАИС: — Сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар Собир дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мукаммалгардонӣ ва идоракунии босамари низоми молияи давлатӣ таҳия гардида, тағйироту иловаҳои тибқи он воридшаванда раванди низоми идоракунии молияи давлатиро танзим менамояд.

Дар ин раванд, яке аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии асосие, ки соҳаи молияи давлатиро фаро гирифта, ҳар як меъёри раванди буҷетиро дар низоми таҳияи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Бинобар ин, таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур, ки барои мукаммалнамоии муқаррароти алоҳидаи он равона гардидааст, иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ ва қабул намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Дӯстмуродзода Сурайё дода мешавад. Марҳамат.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ш. Ҷумъазода, А. Вализода ва С. Абдураҳмонзода пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади истифодаи истилоҳот, бо назардошти услуби ягонаи забони давлатӣ, бартараф намудани норасоию мухолифатҳо, такмили мазмуни меъёрҳо мутобиқ ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ таҳия ва пешниҳод шудааст. Дар лоиҳаи қонун пешниҳодҳо вобаста ба муқаддима, қисмҳои дахлдори моддаҳои 1, 3, 6, 7, 13, 17 ва 58 пешниҳод гардиданд, ки хусусияти муайянкунанда дошта, калимаҳо саҳеҳ ва якхела гардонида шудаанд. Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ ва ҳамчунин, 39 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 22-то қабул, 9-то қисман қабул ва 8-тоаш қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» оғоз менамоем.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холмаҳмадзода Солеҳа дода мешавад. Марҳамат.

Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Р. Муқимӣ, Ф. Додхудо, М. Мирзозода ва Ҳ. Раҷабзода бо мақсади мукаммалгардонии қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он ба талаботи қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи забони давлатӣ» таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми июни соли 2023 таҳти №1728 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ барои баррасӣ, барои пешниҳод намудани хулосаҳо ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, барои такмили он 14 таклиф  манзур кардаанд, ки 8 таклиф пурра қабул гардида, 1 таклиф қисман ва 5 таклифи дигар қабул нагардид.

Дар асоси тағйиру иловаҳои пешниҳодгардидаи лоиҳа ба ном, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 9 ва матни моддаи 11, мутаносибан вазифаҳо, ҳуқуқҳо ва кафолатҳои собиқадорону ташкилотҳои онҳо муқаррар гардида, дар баробари дигар субъектони ҷойдошта, иштироки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар чунин муносибатҳо низ пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади таъмини мутобиқгардонии меъёр ба қонунгузории амалкунанда дар сархати дуюми қисми дуюми моддаи 13 ва матни қонун калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шудааст. Дар ин радиф, барои аз байн бурдани камбудҳои ҷойдошта ва минбаъд ҳамчун собиқадорони хизмати ҳарбӣ эътироф намудани хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 19 пас аз калимаҳои «қӯшунҳои дохилӣ» аломат ва калимаҳои «,Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудаанд. Ба ин монанд, барои собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътироф намудани шахсоне, ки дар вазифаи қаторӣ ё ҳайати роҳбарӣ (аз рӯи аттес­татсия) дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия адои вазифа кардаанд, бархӯрдор гардидани онҳо ва аъзои оилаашон аз кафолату ҷуброноти давлатӣ буда, ба қисми якуми моддаи 20, матни моддаи 38 ва қисми сеюми моддаи 43 калимаҳои «мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» илова карда шудаанд.

Ҳамзамон, барои аз байн бурдани мухолифат дар қисми якуми моддаи 23 рақами «12» ба рақами «13» иваз карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 39 боби 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат наменамояд. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамадзода Зулфия дода мешавад. Марҳамат.

Зулфия АБДУСАМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро бо мақсади бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдоштаи қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи забони давлатӣ» зарур медонад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев