16 феврали соли равон вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ оид ба фаҳмонидани зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Гурӯҳи корӣ, ки аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд, моҳияти тағйиру иловаҳоро ба сокинон фаҳмониданд. Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки кишвари мо дар марҳилаи рушд қарор дорад ва вобаста ба инкишофи ҷомеа Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд меъёрҳояшро ба он мувофиқ кунад. Аз ин рӯ, зарурати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид кардан пайдо шудааст. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода гуфт, ки ҷиҳати мутобиқ намудан ба стандартҳои байналмилалӣ ва такмил додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Пас аз хулосаи Суди конститутсионӣ оид ба мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, он ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Номбурда зикр кард, ки лоиҳаи мазкур 72 тағйиру иловаро ба 36 моддаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар гирифта, як қисми он хусусияти меъёрэҷодкунӣ дорад. Зикр гардид, ки мақсади ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими сулҳу субот, ҷалб намудани ҷавонон ба сиёсат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод тағйиру иловаҳои ба мақомоти судӣ дахлдоштаро шарҳ дода, гуфт, ки яке аз тағйироти дар лоиҳа пешниҳодшуда барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро сохторе, ки фаъолияти ҳокимияти судиро ба танзим медарорад, дар низоми ҳокимияти иҷроия фаъолият дорад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, аз ҷумла зикр кард, ки зимни пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳое, ки барои рушди кишвар заруранд, ба инобат гирифта шудааст. Бино ба гуфти Абдуҷаббор Раҳмонзода, тағйиру иловаҳо ба қоидаҳои нави имло мувофиқ шуда, баъзе калимаҳо бинобар ифода накардани мақсад, ба дигар вожаҳо иваз карда мешаванд. Дар ин росто, гирифтани калимаи «Сарқонун»-ро аз номи Конститутсия бинобар ифода накардани маънои истилоҳи умумибашарии конститутсия арзёбӣ кард.
Номбурда оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки чанде пеш қабул гардида буд, андешаронӣ намуда, минҷумла гуфт, ин қонун мақом ва мартабаи шахсеро муайян мекунад, ки барои Ватанаш сулҳ овардааст. Бино ба гуфти ӯ, ҳодисаҳое, ки дар давлатҳои Ховари Миёна ба вуқӯъ пайвастанд бинобар надоштани пешвои миллӣ ба вуҷуд омадаанд.
Аз истиқболи гарму самимии иштирокчиён ва суханрониҳо аён буд, ки тағйиру иловаҳоро якдилона дастгирӣ менамоянд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев