Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мегардад

№19 - 20 (3449 - 3500) 13.02.2016

DSC_003010 феврали соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонқабул гардид:

1. Дар бораи пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини раъйпурсии умумихалқӣ»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъ­алаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Дар бораи пешниҳоди аъ­­­­з­ои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъи­ни раъйпурсии умумихалқӣ» масъалаи аввали рӯзнома мебошад. Дар ҷаласаи имрӯза раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд­зода Маҳкам Аъзам ва раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҳузур доранд.

Дар хусуси пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» 4 феврали соли 2016 Қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Қарори мазкур дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум» чоп шуд.

Ҳоло аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Баъди баррасии масъалаи мазкур Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шахс, фарогирии идомаи ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошад.

Бояд хотирнишон кард, ки пешниҳодҳо аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқат доштан ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид ва ягон масъалаи мавриди баҳс пайдо нашуд.

Тибқи Қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои ба ном ва матн, моддаҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.

ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Тағйирёбии босуръати вазъи ҷаҳони муосир, муноқишаҳои тезутунди сиёсӣ, буҳрони молиявию иқтисодӣ ва афзун гардидани хатару таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои террористиву экстремистӣ дар бисёре аз кишварҳои олам тақозо менамоянд, ки ҳар як давлат бо мақсади ҳифз ва таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, манфиатҳои милливу давлатӣ, мустаҳкамиву ободии ояндаи Ватан, рушди устувору бомароми иқтисодиву иҷтимоӣва муҳайёнамудани шароити муносиб барои некуаҳволии шаҳрвандон тадбирҳо андешанд.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт саъю талош карда истодааст.

Амалӣ намудани ин мақсад ба воситаи қавӣ гардонидани заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷомеа, такмил додани қонунгузорӣ вобаста ба талаботи замон имкон медиҳад, ки танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар заминаи сулҳу суботи ҷомеа таъмин карда шавад.

 

Барои ноил гардидан ба чунин ҳадафҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаднок ҳисобида, онро таҳия ва пешниҳод намудаанд. Пешниҳод масоили таҳкими асосҳои сох­тори конститутсионӣ, тақвияти мақоми конститутсионии рукнҳои ҳокимияти давлатӣ — қонунгузор, иҷроия ва судӣ, кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва рушди дигар муносибатҳои ҷамъиятиро фаро гирифта, дар маҷмӯъ аз 40 қисм иборат мебошад.

Қисмати тағйирот бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории кишвар ва услуби рушди забони давлатӣ бахшида шуда, хусусияти таҳририву имлоӣ дорад.

Қисмати дигар ҷиҳати аз байн бурдани ихтилофи истилоҳоти қонунгузорӣ ва мушаххасгардонии меъёрҳоро дар бар мегирад.

Дар баробари ин, дар 17 модда ва Муқаррароти интиқолӣ меъёрҳои нав пешниҳод шудаанд, ки ба ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони истиқлол, амнияти давлату миллат, пешгирӣ намудани низоъҳои байнимазҳабии дохиливу хориҷӣ равона гардидааст.

Тағйирот ҳамчунин возеҳу равшан нишон додани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мушаххас намудани салоҳияти сохторҳои давлатӣ, ҷалби ҷавонон дар идораи давлат, масъалаҳо оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, талабот нисбат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, судяҳо ва тартиби тафсири Конститутсияро фаро мегирад.

Мутобиқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 22 январи соли равон пешниҳод оид ба «Тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» барои муайян намудани мутобиқати тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд. Чоруми феврали соли равон Суди конститутсионӣ масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, ба хулоса омад, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.

Пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини раъйпурсии умумихалқӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №473 аз 11 январи соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили тағйиру иловаҳо 232 таклифу пешниҳод манзур намуданд.

Бо розигии субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз 232 таклифу пешниҳод 146 таклиф пурра ва қисман қобили қабул дониста шуд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо ифодагари раванди демократикунонӣ дар мамлакат, рушди босуботи Тоҷикистон, беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва инкишофи озодонаву фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як инсон арзёбӣ намуда, ҳамчун инъикоси ислоҳоти ҳуқуқии марҳилаи нави рушди қонунгузории кишвар истиқбол намуданд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Пешниҳоди аъз­ои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба раъйпурсии умумихалқӣ гузаш­тани масъалаҳои мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир дода мешавад.

МАҶИДЗОДА Ҷурахон Зоир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Пешниҳодоти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини раъйпурсии умумихалқӣ» аз талаботи ҳаётан муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии имрӯзаи ҷомеаи тозабунёди соҳибистиқлоли кишварамон бармеояд. Зеро Конститутсия низ дар баробари тараққиёт ва рушду нумуи ҷомеа бояд такмил ёбад.

Аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 21 сол гузаш­тааст ва маротибаи сеюм аст, ки ба он тағйиру иловаҳо ворид мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки: «Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъ­алаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад».

Вобаста ба таҳдиду хатарҳои нав ва торафт муташанниҷ гардидани авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, авҷи босуръати ҷиноятҳои муташаккил ва трансмиллӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ҳифзи якпорчагии давлату миллат, дар ҳақиқат масъалаҳои ҳаётан муҳими давлатӣ ва аввалиндараҷа ба шумор мераванд.

Дар ин раванд тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ворид мешаванд, ба масъалаи ҳифзи марзу буми кишвар низ дахл ва аҳамияти муҳими сиёсӣ доранд.

Тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, пеш аз ҳама, ба нақши созандагӣ ва фаъолияти пурсамару ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият бахшида, аз тамоми қишрҳои ҷомеа ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ масъулияти баланди давлатдориро тақозо менамояд.

Пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар мустаҳкам намудани вазъи ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии шохаҳои ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ, такмил ва рушди минбаъдаи низоми сиёсӣ ва давлатии кишвар, амиқ ва мукаммал гардонидани унсурҳои демократии ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушд ва такмили тартиби таъмини кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар, иштироки бевоситаи ҷавонон дар бунёди рукнҳои шохаҳои ҳокимияти давлати миллӣ, бартараф намудани сохторҳои такрорӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ба ин васила бо дарназардошти ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини суботу оромии баргаштнопазири давлати соҳибистиқлоламон ифода меёбад.

Ба ҳамин мақсад тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, мазмуну муҳтавои Конститутсияро такмилу тақвият бахшида, заминаҳои ҳуқуқии онро боз ҳам беҳтару хубтар мегардонанд.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дода мешавад.

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои аввал барои Тоҷикистоне, ки дар арсаи таърих ҳамчун давлати хеле ҷавон мустақилият ва соҳибихтиёрӣ ба даст овард, зарур буд, ки шакли давлатдорӣ, рукнҳои он ва роҳи тараққиёт ба сӯи ояндаро дар ҷаҳони мураккаби имрӯза муайян намояд. Яке аз мас­ъалаҳои муҳиме, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар мадди аввал меистод, ин қабули ҳуҷҷати тақдирсози миллату давлат – қабули Конститутсия буд.

Соли 1993 Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми шаш моҳ ду лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуд, ки ҳар кадом як намуди идоракунии давлатро дар бар мегирифт: идоракунии парламентӣ ва идоракунии президентӣ. Баъд аз муҳокимаҳои тӯлонӣ Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулияти таърихии хеш, таҳлили аслии воқеият ва талаботи ҷомеаи кишвар шакли ҷумҳурии президентиро пазируфт ва лоиҳаи омоданамударо ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд.

Мардуми шарифи Тоҷикис­тон низ хулосаи Комиссияи конститутсиониро қобили қабул дониста, шакли ҷумҳурии президентиро пазируфтанд ва таърихи 22 -солаи Конститутсия нишон дод, ки дар интихоби шакли ҷумҳурии президентӣ хато накардаем. Аз ин лиҳоз, ба моддаи 1 — уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани қисми дуюм, яъне «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад» комилан дуруст аст.

Боиси ифтихори мо — тоҷикону тоҷикистониён аст, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё низ баҳраи фаровон гирифтааст ва аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст. Аз рӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва озодиҳои инсон бошад, соли 1995 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви САҲА пазируфта шуд.

Бо гузашти муҳлати муайян зарурати илова намудани қисми шашум ба моддаи 8 ва дар таҳрири нав ифода намудани ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи 28  Конститутсия ба миён омад, зеро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир, моддаи 57-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қисми 4 моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон, моддаҳои 11 ва 28 — уми Конститутсияи Туркманистон, моддаи 14-уми Конститутсияи Федератсияи Россия, моддаҳои 7 ва 18-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин тибқи талаботи конститутсияҳои ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Туркия, Испания, Франсия, Япония ва дигар давлатҳо таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ, ки аломатҳои динӣ ё миллӣ доранд, манъ аст. Новобаста аз он ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ ва дунявӣ эълон кард, ба хотири сулҳу субот ва якпорчагӣ соли 1999 дар моддаи 28 барои ташкили ҳизбе, ки характери динӣ дорад, иҷозат дода шуд, вале вақт исбот намуд, ки аъзои ин ҳизб ба қадри тағйироти мазкур намерасанд. Аз ин рӯ, тағйиру иловаи зикргардида саривақтӣ мебошад.

Инчунин, тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 49, 65, 85 ва 89 имконият фароҳам меоранд, ҷавонони лаёқатманде, ки синнашон аз 30 кам нест, ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ пешниҳод карда шаванд. Илова намудани қисми панҷум ба моддаи 65 — уми Конститутсия меъёрест, ки он низ тибқи талаботи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодшударо  дастгирӣ намоед ва боварии комил дорем, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ин тағйиру иловаҳои саривақтиро ҷонибдорӣ менамоянд.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Мехостам якчанд нуктаро вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда баён намоям:

1. Пеш аз ҳама, бояд зикр намуд, ки пешниҳоди тағйиру иловаҳо аз тарафи субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мантиқан дуруст аст, зеро онҳо даҳ моҳ пеш дар асоси интихоботи умумихалқӣ бо иштироки намояндагони ҳашт ҳизби сиёсӣ интихоб шудаанд ва аз лиҳози ҳуқуқӣ салоҳиятнокии онҳоро зери шубҳа гузоштан мумкин нест.

2. Масъалаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои худро доранд ва онҳо дар заминаи таҳлилу пешгӯйиҳои равандҳои дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мавҷудбуда таҳия шудаанд. Иловатан он ифодагари фикру ақидаи на фақат як гурӯҳ вакилон, балки аксарияти шаҳрвандон, назари ҷомеа ва дидгоҳи мардуми Тоҷикистон мебошад, зеро баъзе таклифҳо дар ин хусус ҳанӯз зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар маъракаи пешаз­интихоботии соли 2015, сониян, дар нахустин вохӯрӣ пас аз интихобот бо онҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ, моҳи сентябри соли гузашта, садо дода буданд. Масалан, пешниҳодҳо вобаста ба моддаҳои 28 ва 41 — уми Конститутсия ҳанӯз дар он вохӯриҳо пешниҳод шуда буданд. Ҳарчанд ки пешниҳоди интихобкунандагон дар бораи ҳатмӣ намудани таълими миёнаи умумӣ бо дарназардошти вазъи молиявию имкониятҳои моддӣ — техникӣ дастгирӣ наёфта бошад ҳам, дархости онҳо бе баррасӣ намонд ва то ояндаи наздик мавқуф гузошта шуд.

3. Дар илми сиёсатшиносӣ масъалаи Конститутсия, қабули он ва алалхусус ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он нав нест ва баръакс, дар баъзе марҳилаи таърихӣ, давраҳои ҳассос барои миллат як унсури бисёр ҷиддӣ ва зарурии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳон муташанниҷ гашта, таҳдидҳои нави замонавӣ шиддатнок шуда истодаанд ва дар ояндаи наздик эҳтимоли аз байн рафтани онҳо вуҷуд надорад. Албатта, ҳамаи ин таъсири худро ба Тоҷикистон низ расонида истодааст. Вазифаи мо, қонунгузорон, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати қонунӣ ба ин зуҳуроти номатлуб ҷавоб додан мебошад.

Пешниҳодҳои субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, алалхусус вобаста ба моддаҳои 1, 8 ва 65-уми Конститутсия маҳз чунин ҳадаф доранд. Ин ҷо сухан на дар бораи шахс, балки дар бораи давлат, манфиатҳои давлатдории миллӣ меравад.

4. Як зуҳуроти номатлубе, ки солҳои охир бисёр мамлакатҳоро ба ташвиш оварда, вазъияти онҳоро нотинҷ кардааст, ин фаъолияти ғайриқонунии ҳизбу ҳаракатҳои характери динӣ, миллӣ, экстремистию террористидошта аст. Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъо­лияти чанде аз ин ҳизбу ҳаракатҳо дар ҷумҳурӣ манъ карда шудаанд. Таҳлили амалияи Конститутсия баъд аз ворид намудани тағйиру иловаҳои соли 1999, равандҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии ин давра на фақат ҷиҳатҳои мусбии Конститутсия, ҳамчунин ҷиҳатҳои манфии онро ошкор карданд.

Аз ин лиҳоз, тағйиру иловаҳо ба моддаи 8 — уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур ва ҳатмист. Манъ кардани фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо дар ҷумҳурӣ, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ мавқеи як зина баландтар намудани масъулияти ҳизбҳои сиёсиро дорад ва барои пешгирӣ кардани дахолат ба корҳои дохил аз хориҷи кишвар заминаи устувор хоҳад гузашт.

Ба изофа, ин ташаббус пурра ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Алалхусус ҷавобгӯйи меъёрҳои моддаи 22- юми Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (аз соли 1966) ва дигар санадҳои Созмони Аҳдномаи Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо мебошад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.

Бибидавлат Авзалшое­ва: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва субъекти фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому манзалати шоистаро соҳиб гардидааст. Маҳз дар шароити Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо имкон пайдо намуд, ки роҳи ҳалли масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии худро мустақилона амалӣ намуда, барои ҳамаҷониба таҳким бахшидани рукнҳои давлатдории миллӣ саъю талош варзад.

Вазъи ноором ва хеле мураккаби ҷаҳони имрӯза нишон медиҳад, ки Истиқлолияти давлатӣ аз иқдомҳои барҷастаи Роҳбари Олии кишвар ба хотири таъмини сулҳу субот ва ваҳдати мардуми Тоҷикистони азиз вобастагӣ дорад. Танҳо бо роҳи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ватандорӣ ва дарки амиқи хештаншиносӣ мо метавонем Истиқлолияти давлатии худро ҳифз намоем ва барои рушди ҳамаҷонибаи ҳокимияти конститутсионӣ дар Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон заминаи мустаҳкам гузорем.

Барои таҳкими сохти конститутсионӣ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки фарҳанги қонунгузориву қонунфаҳмиро дар ниҳоди қишрҳои ҷомеа ҷойгузин созем.

Ҳамзамон, рушди бомароми ҷомеа тақозо менамояд, ки вобаста ба он тағйироте, ки дар ҳаёти ҷомеа ба вуҷуд омадаанд, баҳри таъмини инкишофи босуботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия талаб менамояд.

Аз ин лиҳоз, тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда ба инъикоси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва равандҳои демократикунонӣ асос мегузорад.

Тибқи пешниҳоди мазкур ба 7 моддаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои нав илова мегардад, ки ин имкон медиҳад, такмили сохторҳои идоракуниии давлат, фаъолияти парлумони кишвар, ҳукумати мамлакат ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дигар самтҳои зарурии давлатдорӣ, ҷорӣ намудани принсипҳои демократикунонии низоми сиёсӣ, болоравии сатҳу сифати зиндагӣ таъмин гардида, фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва Истиқлолияти давлатӣ тақвият ёбанд.

Хусусан, барои Тоҷикис­тон, ки давлати мустақил буда, ояндаи он аз татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон вобастагӣ дорад, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудани мақоми ҷавонон дар амалигардонии ҳадафҳои стратегии мамлакат мувофиқи матлаб аст.

Ҳамзамон, талаботи тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон манфиатҳои ҷомеа, шаҳрвандонро аз ҳама гуна равандҳои ифротгаройиву бегонапарастӣ ҳимоя менамояд. Инчунин, тағйиру иловаҳо ҷиҳати роҳ надодан ба фаъолияти ҳизб­ҳои моҷароҷӯ, ки аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешаванд, дарки мақсад ва мароми рисолати давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Умуман, рисолати муҳими давлатдорӣ бо ҳамдастии мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар шароити сулҳу ваҳдат ва орому осудагӣ зиндагӣ менамоянд, аз боварӣ ва эъти­мод ба сохти конститутсионӣ вобастагӣ дорад.

Аз шумо хоҳиш менамоем, ки пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.

Бахтовар САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Дар ҳақиқат, ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ҷавобгӯй буда, ба сифати танзимгари асосии муносибатҳои ҷамъиятии бавуҷудомада баромад намояд. Сухан дар бораи санади асосии ҳуқуқӣ — сиёсӣ, яъне Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, ки на фақат танзимгари муносибатҳои ҷамъиятии имрӯзаи кишварамон мебошад, балки ба сифати сарчашмаи асосии ҳуқуқи Тоҷикистон, муайянкунандаи самти рушди минбаъдаи он, барномаи давлатсозии оянда, роҳнамои ояндаи кишварамон баромад мекунад. Аз ин рӯ, лоиҳаи тағйиру иловаҳое, ки аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, саривақтӣ буда, сазовори дастгирист.

Мехоҳам чанд нуктаро аз лоиҳа, ки мувофиқи онҳо самти рушди консепсияи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас карда мешаванд, махсус зикр намоям.

Пеш аз ҳама, дар Конститутсия дақиқ нишон додани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист. Чунки шакли идораи давлатро мо бояд аз меъёрҳои Конститутсия бевосита пайдо карда тавонем.

Тағйироти дигаре, ки мувофиқи қисми панҷуми лоиҳа ба моддаи 8 — уми Конститутсия ворид карда мешавад, ин дар Тоҷикистон манъ будани фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, маблағгузории ҳизб­ҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ин муқаррарот дар сатҳи Конститутсияи кишвар хеле муҳим ва зарурӣ аст. Хуб медонем, ки ҷаҳони имрӯзаро чӣ гуна равандҳо фаро гирифтааст. Дар шароити бениҳоят ҳассос ва пуртазоди ҷаҳони муосир маблағгузории ҳизб­ҳои сиёсии ҷудойихоҳ ва характери милливу динидошта яке аз воситаи асосии заиф гардонидани ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Таҷрибаи талхи баъзе аз давлатҳои муосир гувоҳи ин гуфтаҳост. Аз ин рӯ, ба сатҳи конститутсионӣ бардоштани ин меъёр муҳим мебошад.

Тағйироти дигари муҳим ба моддаи 14 — уми Конститутсия тааллуқ дорад, ки дар он сухан оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон меравад. Илова намудани категорияҳои «амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа ва сиҳатии аҳолӣ» метавонад садди роҳи воридшавии унсурҳои фарҳанги бегона гардад.

Моддаи 15, ки мансубият ба шаҳрвандиро муайян мекунад, мушаххас ва дақиқ мегардад ва гуногунфаҳмиро дар ин ҷода бартараф менамояд.

Муқаррароти дақиқкунандаи лоиҳа, инчунин дар таҳрири нав пешниҳод намудани қисми дуюми моддаи 34 мебошад, ки мувофиқи он падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.

Масъалаи дигари бениҳоят муҳим ҷорӣ намудани талаботи ягона нисбат ба шахсоне, ки дар се шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоянд, мебошад, яъне, онҳо танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бошанд. Мувофиқи ин талабот шахсоне, ки душаҳрвандӣ ё шаҳрвандии дигар давлатро доро мебошанд, ба вазифаҳои масъулияноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат ва судя интихоб ё таъин шуда наметавонанд. Шахсе, ки баъд аз интихоб ё таъин шудан ба ин вазифаҳо шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шуда бошад, ин ҳолат боиси аз вазифа рафтани ӯ мегардад.

Нисбат ба ҳамин категория­ҳои мансабдорони давлатӣ муқаррар намудани талабот оид ба ёд кардани савганд низ муҳим мебошад.

Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат мақоми конститутсионӣ дода шуда, вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои ӯро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Ҳамчунин, дигар тағйироте, ки ба мустаҳкам намудани ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судяҳо равона шудаанд, саривақтӣ буда, қобили дастгирӣ мебошанд.

Тағйироти характери таҳрирӣ, забонӣ, услубӣ ва истилоҳидошта низ мувофиқ ба талабот буда, онҳо бештар хусусияти дақиқкунанда ва дар амалияи ҳуқуқтатбиқсозӣ мавқеи муҳим доранд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки масъалаи пешниҳодшуда, яъне ба раъйпурсии умумихалқӣ гузоштани пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

Усмонзода Саидҷаъфар Усмон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси як гурӯҳ вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, талаботи замон ва қадами нав дар роҳи пойдории сулҳу ваҳдат ва рушди Тоҷикистон мебошад.

Тибқи тағйиру иловаҳои ба банди 8 — уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ҳизбҳои сиёсӣ бояд барои ба қудрат расидан дар асоси талаботи қонун муборизаи сиёсӣ баранд. Қонун дар фаъолият ва муборизаи сиёсӣ истифода ва дахолати ошкору пинҳони шахс ё неруҳои бегонаро манъ кардааст. Аммо дар кишвари мо таъсир ва дахолати неруҳои бегона дар фаъолияти баъзе гурӯҳу ҳизбҳо мушоҳида шуд. Аз тарафи дигар, фаъолияти пинҳонии баъзе гурӯҳҳо дар афкор ва андешаи насли ҷавони мо таъсири номатлуб гузошт, ки мисолаш ба «Давлати исломӣ» майл пайдо кардани баъзе аз ҷавонон мебошад.

Аз ин рӯ, қабули қонун дар бораи манъи таъсиси ҳизбу созмон дар заминаи иттиҳоди намояндагони миллати алоҳида (миллигаройӣ), ки метавонад ба ҷудоиандозӣ ва муноқишаи миллӣ оварда расонад, мувофиқи мақсад аст. Баъзе давлатҳо, мисли Булғористон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва чанде дигар ин гуна фаъолиятро дар сатҳи Конститутсия манъ кардаанд.

Инчунин, дар лоиҳаи номбурда таъсис додани ҳизбҳои дар асоси равияи динӣ амалкунанда низ манъ карда шудааст. Ин ба он маъност, ки ҳизби сиёсӣ дар фаъолияти худ набояд аз дину мазҳаб ва эҳсосоти динии мардум суиистифода кунад. Чунки эътиқод ба дин кори хусусии ҳар инсон аст ва шахс дар интихоби дин, иҷрои ибодат ва дигар расму оинҳои динӣ озод ва мустақил аст. Ҳизби сиёсӣ ва ё шахси алоҳида набояд ба эътиқоди динии шахси дигар таъсир расонад ва ё аз он суиистифода намояд. Дар Тоҷикистон мо шоҳид шудем, ки баъзе аз гурӯҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳамин гуна мардум суиистифода намуда, эҳсосоти динии мардуми камсавод ва ҷавонони ноогоҳро ба тарафи мухолифатҳои зиёновари башарӣ кашиданд. Аз ин рӯ, давлатҳое, ки дар онҳо таъсири дин зиёд аст, ташкили ҳизбҳои сиёсии вобаста ба динро дар конститутсияашон манъ кардаанд.

Оид ба тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 49 ва 85 ҳаминро гуфтаниам, ки тағйирот дар муқаррароти синну соли номзадҳои мақомоти болои ҳукумат ва ҷавонон ба мақомоти роҳбарии давлатӣ ба манфиати мардум ва Ҳукумати мамлакат аст. Бо дарназардошти он ки зиёда аз 70 фоизи қувваи кории соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд, қабули чунин қонун барои рушди кадрҳои роҳбарикунандаи насли нав заминаи хуб аст. Маълум, ки кадрҳо қувваи пешбарандаи фаъолияти ҷомеа ҳастанд, бинобар ин ба сохторҳои роҳбарии давлатӣ роҳ ёфтани онҳо боиси пешрафти кори давлат мешавад. Ҳар сол ҳазорҳо ҷавон донишгоҳу омӯзишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷи кишварро хатм мекунанд. Аз соли 2006 то имрӯз ба воситаи пешниҳоди стипендияи президентӣ бо номи «Дурахшандагон» беш аз 4000 нафар ҷавон дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар, инчунин дар донишгоҳҳои номдори Аврупову Амрико таҳсили илм мекунанд. Бояд зикр кунем, ки ин ҷавонон забондонанду аз асосҳои илмҳои замонавӣ бархӯрдоранд. Вақте чунин ҷавонон дар қатори шахсони калонсоли корозмуда кор мекунанд, онҳо аз неру, аз таҷрибаи ҳамдигар истифода мебаранд ва аз ин ҳисоб суръати тараққиёти кишвар афзоиш меёбад. Тавре маълум аст, вазифа ба шахсият неру ва обрӯ намебахшад, балки шахсият ба вазифа неру ва обрӯ мебахшад.

Ба ҳамин асос, лоиҳаи тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи поён овардани синну соли интихобшавандагон ба мақомоти интихобӣ ва роҳбарӣ заминаи хубро барои пешрафти ҷавонон ва тараққиёти мамлакат муҳайё мекунад.

Дар ҷомеаи мо касоне ҳастанд, ки мушкилоти умумии дунё, аз қабили мушкилоти иқтисодӣ, муҳоҷирати корӣ ва монанди инҳоро фақат хоси давлати Тоҷикистон медонанд. Аввалан, чунин мушкилот дар кишварҳои дунё ба андозаи каму беш мавҷуд аст. Вале ҳамин гуна одамон боре наандешидаанд, ки ҳангоми берун аз Ватан кор кор кардан, кафолати амнияти зану фарзанди онҳоро дар ин ҷо ҳукумат бар уҳда дорад ва ҳамин Ҳукумат аст, ки барои амнияту суботи мардум мубориза мебарад.

Кадом ҳукумат дар дунё чунин қудрат дорад, ки ин мушкилро пурра ҳал карда бошад? Мутаассифона, одамони ҷудогона ва гурӯҳҳои алоҳида ҳамин гуна мушкилоти умумиҷаҳониро ҳамчун силоҳ дар муқобили Ҳукумат истифода карда, мардуми камсавод ва ҷавонони ноог­оҳро ба гумроҳӣ мебаранд. Тоҷикистон дар давраи гузариш ба арзишҳои демократӣ ва мардуми он дар марҳилаи мутобиқшавӣ қарор доранд. Ҳар кор дар аввал мушкил аст ва камбудиву печидагиҳо дорад. Ин мушкилот дар ҷомеаи мо ҳастанд ва онҳоро мо, сиёсатмадорон, ташкилотҳои ҷамъиятию давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар якҷоягӣ бо мардуми кишвар ҳал менамоем.

Сари вақт ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ин дар назар гирифтани таклифу пешниҳодҳои мардум ва нишонаи рушди Тоҷикистон мебошад.

Вақте ки қонун дар ҷомеа кор намекунад, мо механизми иҷрои қонунҳоро бояд эҷод намоем. Тағйироту иловаҳо ба қонун як воситаи механизми иҷрои қонун мебошанд, зеро қонун ҷомеаро идора мекунад.

Аз шумо вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунем, ки ба тарафдории ин лоиҳа овоз диҳед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Амрихудои Дамдор дода мешавад.

Амрихудои ДАМДОР: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон талаби замон буда, барои тақвияти равандҳои демократикунонию дигаргунсозиҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як инсон мусоидат хоҳад намуд.

Мо хуб медонем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чораҳои муассир андешида, ҷалби бештари онҳоро дар идоракунии давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳим мешуморанд. Аз ин рӯ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 49 ва 65- уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон имкон медиҳад, ки дар интихобот ба мақоми олии намояндагию қонунгузор ва идораи ҷумҳурӣ фаъолона ширкат намоянд.

Таъмини амнияту суботи ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таъсири унсурҳои бегона, алалхусус, равандҳои характери ифротгаройиву бегонапарастидошта, ки ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад, дар давраи ҳозира ногузир ва айни муддаост. Бинобар ин, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 8 — уми Конститутсия, ки ташкил намудани ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо ва ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳо аз ҷониби давлатҳои хориҷиро манъ менамояд, талаботи замон мебошад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шудааст, аз ҷониби аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ пурра тарафдорӣ ёфт ва аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати дастгирӣ ва ба раъйпурсӣ пешниҳод намудани он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович дода мешавад.

Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва ифодагари азму иродаи мардуми кишвар буда, самти ояндаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.

6 ноябри соли 1994, яъне солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки дар мамлакат шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ, бесарусомонӣ ва ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ буд, мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ ба тариқи раъй­пурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул карда, ба давлатдории навини хеш асос гузошт.

Бо дарназардошти вазъи сиёсӣ ва талаботу пешрафти ҷомеа соли 1999 ва соли 2003 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар мамлакат устувор гардонда, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат заминаи мусоид фароҳам овард.

Тавре  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буданд, то имрӯз Тоҷикистон марҳалаи бисёр мураккаби эҳё ва барқарорсозии давлатдории хешро асосан ба анҷом расонидааст, вале мас­ъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ, ҳамчун масъалаи бениҳоят муҳими ҳаёт боқӣ мондааст.

Вазъи буҳронии геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат ёфтани бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ба мо имкон намедиҳанд, ки ҳатто як лаҳза аз масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ ва суботу амнияти кишвар ғофил бошем.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ва рушди ҷомеа таҳия шудааст.

Яке аз нуктаҳои ҷолиби лоиҳаи пешниҳодшуда ба моддаи 15 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад, ки масъалаи шаҳрвандиро танзим менамояд.

Тибқи он қисми якуми моддаи 15 дар таҳрири нав ифода меёбад ва матни пешниҳодшуда ба таври пурра эътирофи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) ва соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар қисми дуюми моддаи 15 пешниҳод мегардад, ки пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад. Яъне, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт метавонад тибқи қонунгузории амалкунанда ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шавад. Пайвандаки «ва» талаб менамояд, ки танҳо дар асоси ин ду санад шаҳрванди Тоҷикистон метавонад шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб гардад. Аммо дар амалия ҳолатҳое ба вуҷуд омаданд, ки дар асоси яке аз ин санадҳо (ё қонун ё шартномаи байнидавлатӣ) шаҳрванди Тоҷикистон бояд шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шавад.

Дар қисми сеюми модда тағйироти пешниҳодшуда хусусияти ҳаволакунанда дорад. Яъне, соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ба шаҳрвандӣ қабул шудан ва қатъ гардидани онро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Умуман, тағйиру иловаҳо тақозои замон буда, қобили дастгирианд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба дастгирии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.

Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ пешниҳод оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, баррасӣ ва онро ҷонибдорӣ намуд.

Аз нигоҳи мо, тағйиру иловаҳои мазкур тақозои замон буда, дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди неруи инсонӣ нақши арзанда мебозад.

Тағйиру иловаҳои мазкур, дар оянда имконият медиҳанд, ки қишри бонуфузи ҷомеа минбаъд низ дар тавсеаи худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва сулҳу субот ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро намояд ва ҳомии воқеии арзишҳои неки ин марзу бум бошад.

То кунун мардуми шарафманд ва баору номуси мо ба хотири иҷрои ин рисолати таърихӣ, ба хотири татбиқи сиёсати Давлату Ҳукумат корҳои назаррасро дар соҳаҳои мухталиф иҷро карда истодаанд.

Ба андешаи мо қабули «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буда, аз нуктаи назари манфиатҳои давлатию миллӣ ба нафъи ҷомеа мебошад.

Дар пешниҳоди мазкур ба масъалаи ташаккули ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст, ки хеле бамаврид аст. Аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз вазъи зиндагӣ ва фаъолияти ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Зеро Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.

Вохӯриҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар собит месозанд, ки Сарвари давлат ба неруи созанда ва пешбарандаи ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд дорад. Аз ин рӯ, ҳар мулоқот бо ҷавонони кишвар бо падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб оғоз меёбад.

Дар ин робита, Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардид ва шаш ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, Ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат ва меъморӣ, Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар самти ватанпарастӣ таъсис ёфт. Теъдоди квота ва стипендияҳои президентӣ зиёд ва барномаҳои соҳавии «Ҷавонони Тоҷикистон», «Тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон» ва рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардиданд.

Бузургтарин дастовард  дар бисту панҷ соли истиқлолияти давлатӣ куллан тағйир ёфтани мазмуну мундариҷаи зиндагӣ ва дарки мантиқии он ба шумор меравад. Аз баракати истиқлолият ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун миллати озод ва мустақил барои ободии Ватан ба меҳнати созанда оғоз намуд.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки пешниҳод ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дода мешавад.

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди устуворсозии заминаҳои ҳуқуқии сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, аз ҷумла фароҳам овардани имкониятҳои васеъ оид ба рушду такомули насли ҷавон саривақтӣ маҳсуб мегардад.

- Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлатанд. Гузашта аз ин, онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу амалҳои созандаи Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд, — иброз намуда буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013.

Дар ин робита, Котиби генералии Смм Пан Ги Мун иброз доштааст, ки: «Ҷавонон бояд дар маркази нақшаҳои миллии рушд қарор гирифта , дар таҳияи сиёсат ва барномаҳо иштироки фаъол дошта бошанд».

Дар ҳақиқат:

- бо ибрози он ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз шаш самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат муайян шудааст;

- Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз мамлакатҳои ҷавонтарин ба ҳисоб меравад;

- бо дарназардошти он ки аз панҷ чор ҳиссаи аҳолии фаъоли иқтисодӣ ва аз нисф зиёди шаҳрвандони қобили меҳнат ба ҷавонон рост меояд ва онҳо сарвату сармояи воқеии иқтисодиро ташкил медиҳанд;

- бо зикри он ки ҷавонон гурӯҳи фаъоли иҷтимоӣ буда, мутобиқат ва ҳамоҳангии иҷтимоии онҳо ҳамчун замина ба рушду равнақи ҷомеа боис мегардад;

- бо ба инобат гирифтани он ки насли ҷавон ҳамчун ояндаи миллат ва давлат посдоранда, ҳифзкунанда, меросдор ва талқинкунандаи фарҳанг, таърих, тамаддун ва арзишҳои миллӣ мебошад,  рӯ овардан ба ҷавонон ва фароҳам овардани шароит барои иштироки онҳо дар идораи ҳокимияти давлатӣ, бахусус, роҳбарӣ ва ишғоли мансабҳои сиёсӣ, айни муддао ва тақозои ҷомеаи муосир арзёбӣ мегардад. Зеро бо ин далел метавон ҳавасмандӣ ва завқмандии насли ҷавонро дар хизмат ва идоракунии давлатӣ баланд бардошт. Зимнан, қудрат ва неруи тоза, тобовару устувор ва навовари онҳоро дар рушду нумӯи ҷомеа ва давлат бомаром бояд истифода бурд.

Аз ин рӯ, аз вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаро вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намоянд.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Шашуми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии фарогири тамоми арзишҳои ҷомеаи демокративу адолатпарвар эътироф шуд.

Сарфи назар аз он ки Конститутсияи мамлакат дар замони хеле ҳассоси таърихӣ қабул гардид, тавонист тамоми қувваҳои сиёсии мамлакатро дар атрофи Сардори давлат муттаҳид ва сулҳи комилро дар кишвар барқарор намояд.

Табиист, ки дар заминаи рушди ҷомеа ва пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба қонунгузорӣ, аз ҷумла Конститутсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешавад.

Тағйироте, ки дар ҳаёти ҷомеа ба вуқӯъ пайваст, имрӯз такмили Конститутсияи мамлакатро ба миён овард.

Бинобар ин, як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки мақсади ниҳоии онҳо иборат аз такмилу мушаххасгардонии он мебошад.

Иловаи қисми 2 ба моддаи 1- уми Конститутсия шакли идораи давлатро муайян мекунад, ки Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ мебошад.

Бо мақсади боло бурдани  масъулияти узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумати кишвар дар моддаҳои 49, 73 ва муқаррароти интиқолӣ муқаррар карда мешавад, ки аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон баъд аз интихоб ё таъин шудан ба вазифа ба халқи Тоҷикистон ва аъзои Ҳукумат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Тағйирот ба қисми 3 моддаи 61 мушаххас мегардонад, ки тафсири Конститутсияро Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул мекунад ва онро Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ менамояд.

Бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, якпорчагӣ ва пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон дар мувофиқа бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» муқаррар карда мешавад, ки маҳдудият вобаста ба интихоб ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми 4 моддаи 65 — уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ки рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, татбиқ намегардад.

Лоиҳа ба Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонмутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо эҳти­ромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории лоиҳаи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

Мирзоанвар АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон пешниҳоди гурӯҳи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарурати таърихии мутобиқ гардонидани он дар иртибот ба рӯйдод ва таҳаввулоти солҳои охири ҷаҳон ва дохили кишвар медонад ва онро пурра ҷонибдорӣ мекунад.

Яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби имрӯзаи кишвар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва амнияту суботи ҷомеа аз таъсири омилҳои беруна мебошад. Ҳамаи мо хуб дарк мекунем, ки равандҳои хусусияти ифротгаройиву бегонапарастидошта ба мафкураи мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонон, ки аз бозиҳо ва фитнаҳои ғаразноки сиёсӣ ноогоҳанд, таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҳизби сиёсиро ба исломию ғайриисломӣ, ба ин ё он миллат мансуб донистан ва дар ин замина тафриқа андохтан миёни мардум дар ҳеҷ давру замон анҷоми нек надоштааст.

Инро мо дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ дар мисоли кишварҳои дуру наздик, ки аз ин фитнаҳо ва бозиҳои сиёсӣ давлатдориашон қариб ба нестӣ расида, мардумашон дар азияту саргардонӣ қарор доранд, дида истодаем.

Аз ин лиҳоз, ҳар як давлат кӯшиш менамояд, ки бо андешидани тадбирҳо, аз ҷумла бо таҷдиду таҳкими қонунгузорӣ камтарин хатари чунин таъсироти номатлубро аз байн барад.

Яке аз чунин тадбирҳо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ доштани фаъолияти ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз хориҷ мебошад, киҲизби аграрии Тоҷикистон онро пурра тарафдорӣ менамояд.

Таҷрибаи давлатдории ҷаҳон собит месозад, ки халқу миллатҳо дар тӯли таърихи худ ҳамеша ба роҳбари хирадманд ва фидокору ҷасур ниёз доштаанд. Чанде қабл мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» — ро қабул намудем, ки дар миёни мардуми кишвар ҳамовозӣ ёфт.

Аз ин лиҳоз, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудани иловаҳо оид ба Пешвои миллат зарурати воқеии таърихӣ буда, он аз маҳбубият, эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор донистани ин нобиғаи сиёсат ва давлатдории муосир аз тарафи халқ маншаъ мегирад.

Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ мавриди муҳокима қарор дода, онро маъқул донист. Аз ин рӯ, аз вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳанд.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон Давлатов Муродулло Исматович дода мешавад.

Муродулло ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони азиз!

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаматарафа баррасӣ намуда, онро ифодаи зарурат дар ҷомеаи демократӣ медонад ва бо арзёбии мусбат тағйиру иловаҳои ироашударо пурра қобили қабул меҳисобад.

Зимнан,вакилони муҳтарам, мехоҳам як нуктаро ба шумо шарҳ диҳам. Манзури ман мафҳуми «зарурат» аст, ки зери он ман чиро ба инобат гирифтаниам? Дар ин ҷо, калимаи «зарурат» бояд аз лиҳози ҳуқуқӣ дида баромада шавад. «Зарурат» ин дахолати юридикие мебошад, ки ба манфиат ва эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими ҷамъиятӣ асос ёфта, ба мақсади пайгиришавандаи ҳуқуқӣ мутобиқат менамояд.

Умуман, дар ҷомеа зарурат асли ҳаёт аст ва онро наметавон сарфи назар намуд. Дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла дар «Аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳравандӣ ва сиёсӣ» (16 декабри соли 1966) ва Конвенсия оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ (4 ноябри соли 1950) мафҳуми «зарурат дар ҷомеаи демократӣ» дарҷ гаштааст ва ба он тарҳу баррасии масъала оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагии зич дорад.

Мавзӯе, ки ман мехоҳам ба он таваҷҷуҳи шуморо ҷалб намоям, ин масъалаи муносибати дин бо ҳизбҳои сиёсии характери динидошта мебошад.

Барои мисол, дар пешниҳоди мазкур аз моддаи 28-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои «ҳизбҳои характери динидошта» хориҷ шуда, мавзӯи он дар қисми шашуми моддаи 8-уми лоиҳа бо калимаҳои «таъсиси ҳизбҳои хусусияти динидошта… роҳ дода намешавад» ба танзим дароварда мешавад.

Мафҳуми таъсиси ҳизбҳои сиёсии характери динидошта аз кадом зарурат маншаъ мегирад ва он ба дин ва Конститутсия чӣ рабт дорад? Умуман, масъалаи тағйиру иловаҳо ва бекор кардани меъёрҳои қонун чӣ маъно дорад? Оё мафҳуми манъи ҳизбҳои сиёсии характери динидош­та маънои манъи ҳуқуқу озодиҳои дину диндориро дорад? Ҳаргиз, чунин маъно надорад! Нахуст қобили таъкид аст, ки таърихан ва амалан байни дин ва сиёсат робитаи функсионалӣ вуҷуд дорад. Яъне, дин метавонад бо сиёсат ҳамроҳ бошад. Вале ин маънои онро надорад, ки дин бо сиёсат як аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки яксозии дину сиёсат ба зарари ҳар ду аст. Китоби муқаддаси мусалмонон — «Қуръон»-и карим метавонад ба ин масъала як андоза равшанӣ андозад.

Тавре маълум аст, калимаи «ҳизб» ба маънои луғавиаш аз қадим вуҷуд дорад, ки он маънои ҷамоат, умматро ифода мекунад. Масалан, дар «Қуръон»-и карим ба ҳамин маъно борҳо омадааст. Аммо ҳамчун мафҳум калимаи мазкур «уммати Муҳаммадӣ»-ро ифода менамояд. Ҳизби сиёсӣ дар ин маврид бо мафҳуми қуръонӣ ҳамчун «уммати Муҳаммадӣ» ягон робита надорад. Таърихи ислом бо оғоз ёфтани муноқишаҳои сиёсӣ барои хилофат (ҳокимияти сиёсӣ), хосатан баъди вафоти Паёмбар (с) шоҳиди хусусияти сиёсӣ пайдо кардани падидаи ҳизбӣ — динӣ мебошад. Вале «хусусияти сиёсӣ»-и ҳизб бо моҳияти динии он созгор набуд ва он унсури бегона дониста мешуд ва аз ин ҷиҳат, аз лиҳози шаръ, ҳамчун падидаи «мункар» мавриди танзим қарор мегирифт.

Ҳизб ба мафҳуми сиёсии калима, ки дар замони муосир маъмул гаштааст, бо мафҳуми динӣ — исломии он комилан мухолиф аст. Фиқҳи муосири исломӣ низ таносуби унсурҳои динӣ ва сиёсии мафҳуми ҳизби сиёсиро дуруст кор накардааст. Душвории масъала низ аз ҳамин холигоҳи илмӣ — назариявӣ маншаъ мегирад. Бо ин сабаб ҳизби сиёсӣ, чӣ аз лиҳози илмӣ ва чӣ аз лиҳози амаливу сохторӣ дар назарияҳои исломӣ ҷойгоҳи худро наёфтааст.

Аз ҳар ҷиҳат, агар мо ба мафҳуми муосири ҳизби сиёсӣ аз нуктаи назари «Қуръон»-и карим ва мероси исломӣ нигоҳ кунем, барои ҳизб ҳамчун як шакли сохтори сиёсӣ ва ниҳоди идеологӣ дар ҳаёти сиёсӣ — ҷамъиятии мусалмонон ҷойгоҳи мусбат ёфта наметавонем. Масалан, «Қуръон»-и карим ҳизбсозӣ ва ҳизбгароиро аз назари ваҳдати динии уммати исломӣ хатарнок ҳисобида, онро бо ширк як медонад. Дар сураи Рум, оятҳои 31-32 Худованд мефармояд: «Дар ҳоле ки ба сӯи Ӯ бозгашт мекунед, худро аз азоби Ӯ нигоҳ доред ва намозро барпо доред ва аз мушрикин набошед — аз ҳамон касоне, ки динашонро пароканда сохтаанд ва гурӯҳ – гурӯҳ (ҳизб ҳизб) гардиданд ва ҳар ҳизбе ба он чӣ назди он (яъне, бо ҳизбияти худ) мебошад, шодмонанд (мағруранд)». Дар дигар маврид «Қуръон»-и карим чунин мегӯяд: «Оё шариконе барои онон ҳастанд, ки чизе аз динро, ки Худо бад-он рухсат надодааст, барояшон ҳамчун шаръ (қонуни диндорӣ) муқаррар кардаанд» (42;21). Чунин ҳизбсозӣ дар асоси дин ба «шариатсозии ҳизбӣ» меанҷомад. Хуллас, «Қуръон»-и карим ҳизб ва амали сиёсӣ- ҳизбиро хилофи шаръи Худо меҳисобад.

Мутаассифона, таҷрибаи талху нангини Тоҷикистон исботи ин ҳақиқати қуръонӣ аст. Ба назари ман, яқин аст, ки ҳизби сиёсӣ бо «Қуръон»-и карим мухолиф аст. Албатта, ба истиснои ҳолатҳои тибқи зарурати шаръӣ муваққатан мубоҳ (маҷоз) донистани он.

Вале тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат пайдо кардани ҳизбҳои сиёсии характери динидошта ба зарурати таърихии ҳаёт вобаста буд. Манзури ман заруратест, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд омада буд. Ин зарурати бозгардонидани садҳо ҳазор гурезаи тоҷик, аз байн бурдани монеаҳои сунъии ҳизбии сиёсӣ (ҲНИТ), озод намудани тоҷикистониҳои дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гаравгонгашта ва хуллас, барои сулҳу ваҳдати миллӣ, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воридшавии ҳизби сиёсии характери динидошта ба низоми сиёсӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам шуд. Зарурати рушди давлатдории миллӣ барои ин ҳизб фазои сиёсиро эҷод намуд. Дар ҳақиқат, маҳз бо сабаби он ки ин ҳизб (ҲНИТ) метавонист монеи бозгашти тоҷикони гуреза ба Ватан гардад, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда, дар ихтиёри ин ҳизб имкони таърихӣ қарор дода шуд. Бо пайдо шудани чунин шароити муносиб гурезагони тоҷик баргаштанд. Аммо ҳизби мазкур, бинобар моҳияти бегонапарастӣ доштан, бо кишварҳои манфиатдор алоқаманд будан, аз ҷараёни миллатсозӣ худро канор гирифт ва дар ниҳоят, худро бо миллат муқобил гузошт.

Акнун ҷомеа ва давлати Тоҷикистон рӯ ба рӯи зарурати қонеъ намудани эҳтиёҷоти нави ҳаётан муҳим истодааст. Дар баробари ин, ниёз ба ваҳдати динии ҷомеа, озод сохтани дину диндорӣ аз гароишоти номатлуби ифротгаройӣ амиқтар гаштааст. Ҳизби сиёсии характери динидошта, бо дарназардошти мураккабшавии вазъияти байналмилалӣ, тавсеа ёфтани нуфузи ҳаракатҳои террористӣ бо эҳтимоли зиёд метавонад аз лиҳози сохторӣ ва идеологӣ мавриди истифодаи терроризми ҷаҳонӣ қарор гирифта, барои давлатҳои манфиатдор ҳалқаи пайвасткунанда гардад. Аз ин ҷиҳат, таъмини низоми устувори амнияти миллӣ душвор мегардад ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии характери динидошта ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ таҳдиди бевосита менамояд. Дар чунин ҳолат бояд хавфи теократизатсияи ҳизбӣ (ба монанди ДОИШ) ва кӯшишҳои тоталитаризатсияи динӣ — сиёсӣ бартараф карда шаванд. Бо манъ намудани ҳизби сиёсии характери динидошта дини мубини ислом, ҷомеа ва давлати миллӣ аз хатарҳои имрӯзу фардо эмин нигоҳ дошта мешавад. Ин меъёри нав динро аз шубҳаҳо ва хавфҳои сиёсӣ ва идеологӣ низ озод месозад ва имконият медиҳад, ки Тоҷикистони азизи мо имтиҳонҳои сиёсӣ ва геополитикии муосирро сарбаландона паси сар намояд.

Бо дарназардошти нуктаҳои зикршуда пешниҳоди мазкурро таъйид намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дода мешавад.

Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Хушбахтона, давоми 25 соли истиқлолият Тоҷикистон ҳамчун як давлати соҳибихтиёру демократӣ рушду такомул ёфта, дар арсаи байналмилалӣ мақоми хоса пайдо намуд. Чун ҷомеа пеш меравад, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ низ рӯи кор меояд.

Бинобар ин, зарурияти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахтномаи миллат аст, тақозои замон мебошад.

Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳои пешбинигардида, пеш аз ҳама, тақвияти равандҳои демократикунонӣ дар ҷомеа, мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими мақоми ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ мебошад.

Дар умум тағйироту иловаҳое, ки ба 36 модда пешбинӣ гардидааст, тақозои замон мебошад.

Дар ин раванд ҳамчун меъёри конститутсионӣ асоси ҷамъият эътироф шудани оила тибқи тағйиру иловаҳои ба моддаи 34 пешбинишуда масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнатро барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар баланд мебардорад.

Зарурияти ворид намудани ин тағйирот аз он иборат аст, ки солҳои охир аз ҷониби фарзандон ба хона — интернатҳо супоридани волидайн маъмул гардидааст, ки ин муносибат куллан ба суннату фарҳанги мо бегона аст.

Мутобиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар хона — интернатҳои ҷумҳурӣ 1017 нафар шаҳрванди аз 60 — сола боло, аз ҷумла 633 мард ва 384 нафар зан бо нигоҳубин фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 12 нафар зиёд мебошад. Чуноне ки мутахассисони соҳа мегӯянд, ин рақамҳо ҳар сол рӯ ба афзоиш доранд.

Ҳарчанд дар қонунҳои амалкунанда ин раванд танзим гардида бошад ҳам, вале ворид намудани ин меъёр ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ масъулияти тарафайнро боз ҳам тақвият мебахшад.

Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои пешбинишуда арзишҳои волои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳким бахшида, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

 РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон БОБОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини муҳтарам!

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба раъйдиҳии мардум пешниҳод мешавад, пеш аз ҳама, аз зарурияти таъмини рушди дарозмуддати иқтисодӣ ва пойдории давлат ва миллат бармеояд.

Пас аз охирин тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда дар ҷаҳони муосир тағйироти ҷиддӣ ва ғайричашмдошт ба вуқӯъ пайвастанд, ки тафаккур ва муносибати мардумро нисбат ба асосҳои илмӣ — назариявии инкишоф дигар намуд. Махсусан, татбиқи ин гуна модели инкишоф дар кишварҳои дар ҳоли гузариш қарордошта натиҷаи дилхоҳ надоданд.

Фарзияи инкишоф дар он шакле, ки дар ҷаҳони муосир талқин карда мешавад, наметавонад ба рушди дарозмуддати иқтисодии кишварҳои рушдёбанда мусоидат намояд, зеро яке аз принсипҳои асосии он муваққатӣ будани ҳокимият ва доимо ивазшавии он мебошад. Яъне, ҳокимият ба муҳлати маҳдуд интихоб мешавад, ки он ҳеҷ гоҳ наметавонад барномаи дарозмуддати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро пешниҳод ва онро татбиқ намояд.

Ин гуна механизми ивазшавии ҳокимият устувории ҷомеаро аз байн мебарад, зеро хизматчиёни ҳукумати муваққатӣ, ҳарчанд шахсони бовиҷдон ва сарсупурдаи миллату давлаташон бошанд ҳам, мавқеи муваққатӣ дош­танашон тақозо менамояд, ки онҳо ҳар чӣ бештар аз мансабҳои давлатӣ истифода намуда, захираю имкониятҳои иқтисодии кишварро бештар ба нафъи худ истифода кунанд. Аз ин ҷониби мухолифи ҳукумат истифода бурда, ивазшавии ҳокимиятро талаб менамояд. Агар имконият даст диҳад, боз ҳокимияти муваққатӣ дигар сари қудрат меояд. Масъулини он ҳам бинобар муваққатӣ буданашон, боз шадидтар ба азнавтақсимкунии имкониятҳои аз ҳукумати қаблӣ боқимонда мепардозанд.

Дар натиҷа, сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум поён рафта, мавҷудияти давлат ва миллат зери хатар қарор мегирад.

Итминони комил дорам, тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, имконият медиҳанд, ки пойдорӣ ва устувории миллат ва давлати тоҷикон таъмин карда шавад.

Аз вакилони арҷманд хоҳиш мекунам ба тарафдории ба раъйдиҳии мардум пешниҳод кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳанд.

РАИС: — Музокираҳо аз рӯи масъалаҳои баррасишаванда ба охир расиданд. Ба мо лозим аст ду лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва қабул намоем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

Масъалаи дигар – лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъини раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ баррасӣ шуд.

Дар ин хусус бо мазмуни зайл Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 22 майи соли 2016 таъин карда шавад.

Ба раъйпурсии умумихалқӣ масъалаи зерин пешниҳод карда шавад:

Оё шумо тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунед?

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирони гиромӣ!

 Даҳуми феврали соли 2016 дар таърихи парлумони тоҷик чун санаи муҳими таърихӣ сабт хоҳад шуд. Имрӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо қабули ин ду қарори сарнавиштсоз ҷиҳати такмили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои муҳим ва устувор гузошт. Парлумони кишвар, ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор, омодагии хешро дар мавриди гузариш ба давраи нави рушди низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва марҳилаи тозаи таърихи давлатдории миллӣ расман эълон дошт.

Аз омӯзиш ва таҳлили пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Суди конститутсионӣ дар мавриди ин пешниҳод метавон натиҷагирӣ кард, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, дар ҳақиқат, ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат равона гардида, ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ созгор мебошанд.

Қобили зикр аст, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аслан як таҷрибаи фарогири ҷаҳонист, ки дар ҳамаи мамлакатҳо бинобар ногузирии такмили асосҳои сохтори конститутсионӣ, мутобиқ намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди давлатдорӣ ба тақозои замон ва таъмини равнақи ҷомеа сурат гирифтааст ва минбаъд низ ба он рӯ хоҳанд овард. Мо дар таърихи навини давлатдориамон қаблан ду дафъа — солҳои 1999 ва 2003 ба чунин иқдом даст задаем. Ҳар як тағйиру иловаи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия  (Сарқонуни) воридгашта меъёрҳои ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллатро такмил бахшида,ҳамзамон вазифаи таърихии худро анҷом додааст.

Чунонки зикр шуд,тағйиру иловаҳои кунунӣ низ саривақтӣ буда, ба шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, талабот нисбат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, судяҳо, тартиби тафсири Конститутсия, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои дигари Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иртибот доранд.

Мо — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даъватҳои мушаххаси даврони муайяни таърихии миллатамон посух мегӯем. Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда қадами таърихии санҷидашудаи ҳуқуқист, ки ҳадаф аз он дифоъ аз манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз вазифаи парлумони касбӣ дарк, баррасӣ, пешниҳоди расмии зарурати ислоҳоти конститутсионӣ ва тарғиби оммавии он аст.Масъалаи ворид кардан ё накардани ин тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия (Сарқонун) халқи Тоҷикистон рӯзи раъйпурсӣ ҳал хоҳад кард. Ман шубҳа надорам, ки мардуми шарифи кишварамон ин дафъа ҳам бо дарки баланди зарурати таърихии ислоҳоти конститутсионӣ дар раъйпурсӣ фаъолона иштирок мекунад ва дар мавриди қабули тағйиру иловаҳо раъйи мусбат медиҳад.

Бовар дорам, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ барпо намудани ин маъракаи муҳими давлатӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Дар ҷамъбасти сухан бори дигар ба ташаббускорон – аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳамаи онҳое, ки дар баррасии ин масъала иштироки фаъолона доштанд, бахусус ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳотам Назрулло дода мешавад.

НАЗАРЗОДА Ҳотам Назрулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Тақвияти боз ҳам бештари ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар раванди мурофиаи ҷиноятӣ аз муҳимтарин вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура маҳсуб мешавад. Ин амр, бо назардошти амалияи назорати прокурорӣ ва таҷрибаи татбиқи қонунгузорӣ саҳм гирифтани мақомоти прокуратураро дар такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тақозо менамояд.

Таҷрибаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, назорати прокурорӣ ба иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоти таҳқиқу тафтиш ва иштироки прокуророн дар баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ нишон медиҳад, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиа, танзими ҳуқуқу вазифаҳои мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва расмиёти баамалбарории баъзе чораҳои мурофиавӣ ба такмили минбаъда ниёз дорад.

Аз ин лиҳоз, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Мақсад аз таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ бо муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва талаботи амалияи таҳқиқ, тафтиш ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ мебошад.

Лоиҳа дар навбати аввал ба татбиқи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи инсон дар мурофиаи ҷиноятӣ равона шудааст. Чунончӣ, принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ аз муҳимтарин кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи инсон буда, тибқи муқаррароти моддаи 20-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба шахсе, ки ба содиркунии ҷиноят алоқаманд дониста мешавад, новобаста аз мақоми мурофиавии ӯ, дахл дорад.

Дар моддаи 15-уми Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба амалӣ намудани принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ равона шудааст, дар ин маврид танҳо номи «айбдоршаванда» зикр шудааст, ки ин доираи татбиқи принсипи мазкурро маҳдуд менамояд.

Бинобар ин, лоиҳаи қонуни мазкур тавассути ба моддаи 15-уми Кодекс ворид намудани тағйирот паҳншавии принсипи эҳтимолияти бегуноҳиро на танҳо ба «айбдоршаванда», балки ба «гумонбаршуда» ва «судшаванда» низ муқаррар менамояд.

Ҳамин гуна, моддаи 12-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намудани зарари ҷабрдидаро кафолат диҳад ҳам, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ кафолатҳои мурофиавии онро пурра таъмин накарда, моддаи 39-уми Кодекси мазкур муфаттишро ба чораҷӯӣ ҷиҳати барқарор намудани зарари аз ҷиноят расонидашуда вазифадор накардааст.

Бинобар ин, бо ворид намудани илова ба моддаи мазкур ин холигии Кодексро бартараф менамояд.

Прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда дар парвандаи ҷиноятӣ ҳамчун тарафи айбдоркунанда баромад менамоянд. Аз ин лиҳоз, ҳамчун шоҳид пурсида шудани онҳо аз як тараф мустақилияти онҳоро халалдор ва аз тарафи дигар беғараз ва холисона будани далелҳои ҷамъовардашударо халалдор менамояд.

Бинобар ин, бо ворид намудани илова ба қисми 2 моддаи 56-уми Кодекс ҳамчун шоҳид пурсида шудани прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбарандаро, ба истиснои додани нишондод вобаста ба азназаргузаронии ҷои ҳодиса, манъ мегардад.

Фароҳам овардани шароит барои татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ дар рафти таҳқиқ, тафтиш ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ аз муҳимтарин принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ маҳсуб меёбад.

Дар ин раванд, иштирокчиёни ба синну соли шонздаҳсолагӣ нарасидаи мурофиаи ҷиноятӣ ба ғамхории махсус ниёз дошта, барои онҳо бояд имконияти озодона ва бидуни тарсу ҳарос дар иштироки омӯзгор ва равоншинос додани нишондод фароҳам оварда шавад.

Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ҳатмӣ будани иштироки равоншиносро дар пурсиши гумонбаршуда ва айбдоршавандаи ба ин синну сол нарасида пешбинӣ намуда бошад ҳам (моддаи 430), дар хусуси иштироки ҳатмии равоншинос ва омӯзгор дар рафти пурсиши ҷабрдида ва шоҳиди ба ин синну сол нарасида дар он ягон муқаррарот мавҷуд нест. Ҳол он ки ҷабрдида ва шоҳиди ноболиғ, ки аз ҷиноят зарар дидаанд, бештар ба хизмати равоншинос ва омӯзгор эҳтиёҷ дошта, ҳамзамон, нишондоди онҳо барои муайян намудани гунаҳгорӣ ё бегуноҳии гумонбаршуда ё айбдоршаванда аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Аз ин лиҳоз, бо роҳи дар таҳрири нав ифода намудани моддаи 203 ва қисми 1 моддаи 316-уми Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки ҳатмии омӯзгор ва равоншиносро ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида, ҳам дар рафти тафтиш ва ҳам мурофиаи судӣ, пешбинӣ мегардад.

Холигии дигари Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ бо он танзим нашудани тартиби ба айбдоршавандаи дар ҳабс қарордошта супоридани нусхаи фикри айбдоркунӣ мебошад, ки ин метавонад боиси халалдор шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои айбдоршаванда гардад. Аз ин лиҳоз, лоиҳаи қонун ба моддаи 250-уми Кодекс ворид намудани қисми 3-ро пешбинӣ мекунад, ки он ба танзими масъалаи мазкур бахшида шудааст.

Дар радифи таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои иштирокчиёни мурофиа, фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти таҳқиқу тафтиш дар пешгирии ҷиноятҳо ва танзими ҳодисаҳои ғайричашмдошти дар рафти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ рухдиҳанда аз вазифаҳои муҳими қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ мебошад.

Таҷрибаи татбиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати дар ин самтҳо низ такмил додани онро нишон медиҳад. Чунончӣ, аз натиҷаи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ба ташкилот, корхона ва муассисаи дахлдор ирсол кардани пешниҳод оид ба бартараф намудани шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мусоидаткунанда воситаи муҳими пешгирии ҷиноят ва қонуншиканиҳо мебошад.

Мутаассифона, қисми 1 моддаи 178-уми Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани чунин пешниҳод­ро ҳатмӣ наҳисобида, онро ҳамчун ҳуқуқи муфаттиш эътироф кардааст.

Бинобар ин, бо ворид намудани тағйирот ба моддаи 178-уми Кодекс ирсол намудани чунин пешниҳодро на танҳо ҳуқуқ, балки вазифаи муфаттиш эътироф менамояд.

Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки дар баъзе ҳолат бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои ҷинояткор ё офатҳои табиӣ биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо зарар дида, парвандаҳои ҷиноятӣ нобуд мешаванд. Ҳолатҳои бо сабаби хунукназарии кормандон гум шудани парвандаҳои ҷиноятӣ низ ҷой доранд.

Ин ҳолатҳо ҷиҳати идомаи тафтиш ё баррасии судӣ барқарор намудани парвандаҳои ҷиноятиро тақозо намоянд ҳам, Кодекси амалкунанда тартиби барқарор намудани парвандаҳои ҷиноятиро пешбинӣ намекунад.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаи қонуни мазкур ба Кодекс ворид намудани моддаи 1671-ро оид ба тартиби барқарор намудани парвандаҳои ҷиноятӣ пешбинӣ менамояд.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.

ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмил додани Кодекси мазкур таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла оид ба эҳтимолияти бегуноҳӣ, андешидани тадбирҳо бобати барқарор намудани зараре, ки аз ҷиноят расонида шудааст, тартиби супоридани фикри айбдоркунӣ буда, ворид намудани илова дар қисми 3 моддаи 15, қисми 1 моддаи 39, қисми 2 ба моддаи 250 дар назар дошта шудааст.

Боиси зикр аст, ки дар таҷрибаи солҳои охир дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳодисаҳои нобуд ва ё гум шудани парвандаҳои ҷиноятӣ ё маводи он ба назар мерасад ва масъалаи барқарор намудани парвандаи ҷиноятии нобуд ё гумшуда ва маводҳои он ба миён меояд, вале тартиби амалӣ намудани масъалаи мазкур ҳалли қонунии худро дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон наёфтааст. Аз ин сабаб ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ворид намудани меъёри нав, яъне моддаи 1671 «Барқарор намудани парвандаи ҷиноятӣ» пешниҳод карда мешавад.

Ҳамзамон, бо мақсади мукаммалсозии моддаи 203 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Хусусияти пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ»-ро фарогир аст, дар таҳрири нав ифода кардани меъёри мазкур бо ҷалб намудани омӯзгор ва ё равоншинос зимни пурсиши шоҳид ва ҷабрдидаи ноболиғ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ин шахсон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 485 аз 11 январи соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 24 таклиф манзур карданд, ки 14 адад пурра ё қисман қабул шуда, 10 адад дастгирӣ нагардид. Бо дарназардошти тавсияҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Кумитаи масъул 28 январи соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Дар натиҷа, аз лоиҳаи қонуни номбурда қисмҳои 3 ва 5 вобаста ба масъалаҳои муқаррар намудани маҳдудият оид ба сифати шоҳид, пурсиш намудани шахсони алоҳидаи мурофиавӣ ва ба пешниҳод равон намудани муфаттиш оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содири ҷиноят мусоидат намудаанд, хориҷ карда шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳо мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин дода мешавад.

Идрисзода Илёс Мумин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истанбулии Шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (Иқдоми минтақавии СХИР), созишномаҳо ва иқдомҳои минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТВ), Созмони ҳамкории иқтисодӣ, дигар санадҳои байналмилалӣ ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бармеояд, бо мақсади таъмини принсипи адолат, инсондӯстӣ ва пешгириву аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне моддаҳои 319, 320 ва 321- ро мувофиқи талаботи моддаи 43-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дар асоси моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия намуда, дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319, 320 ва 321-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба сифати ҷазои асосӣ ва ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайянро ба сифати ҷазои иловагӣ муқаррар кардааст.

Таҳлили таҷрибаи тафтишотӣ ва судии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки барои ҷамъият хавфнокии шахсони содиркунандаи ҷиноятҳои дар моддаҳои 319, 320 ва 321-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, баъди аз мансаби ишғолкарда озод ва ё аз ҳуқуқи ишғоли ин мансабҳо маҳрум кардани онҳо, аз байн меравад. Таъин намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва нигоҳ доштан дар муассисаҳои ислоҳӣ барои чунин ҷиноятҳо ба мақсад мувофиқ нест ва харҷи зиёди молиявиро аз Буҷети давлатӣ тақозо менамояд.

Амалияи татбиқи ҷазои ҷарима ба ин категорияи ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки таъини чунин ҷазо барои ислоҳи шахсони ҷиноят — содирнамуда ва пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав мусоидат карда, чунин таҷриба дар қонунгузории давлатҳои дигар, аз ҷумла Федератсияи Россия вобаста ба ҷиноятҳои мансабӣ, яъне ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ зикр намуданд, ки мақсади ҷазо додан танҳо маҳбас кардан набуда, бояд тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта, чораҳои таъсиррасоние таъин карда шавад, ки боиси пешгирии содир шудани ҷиноятҳо гардида, дар маҷмӯъ барои ислоҳи чунин шахсон мусоидат намояд

Тибқи қонунгузории ҷиноятӣ ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирӣ кардани содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ карда мешавад.

Бинобар ин, зарурият ба миён омад, ки дар санксияи моддаҳои 319, 320 ва 321-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба сифати ҷазои алтернативӣ ворид карда шавад.

Дар ҳамин асос лоиҳаи қонуни мазкур таҳия ва пешниҳод карда шуд.

Лоиҳаи пешниҳодшуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.

ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ду лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст, ки тибқи муқаррароти банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар дуи онҳо муттаҳид ва ҳамчун лоиҳаи ягона омода шуданд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир баъзеҳо ҳамчун мулло ва табиб дар байни мардум ном бароварда, бо роҳи фиреб аз ҳиссиёту боварии динии муроҷиаткунандагонашон суиистифода намуда, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шаҳвонии худ ҷиноятҳои хусусияти зиддиахлоқиро содир менамоянд.

Ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти номатлуб, ки ба арзишҳои дини мубини ислом иснод оварда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол менамояд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни номбурдаро таҳия намудааст, ки тибқи он такмил додани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид намудани моддаи 1421 алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ дар назар дошта шудааст.

Бояд зикр намуд, ки қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319 — 321 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба сифати ҷазои асосӣ ва ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайянро ба сифати ҷазои иловагӣ муқаррар кардааст.

Таҳлили таҷрибаи тафтишотӣ ва судии парвандаҳои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд, ки пас аз вазифаи ишғолкарда озод гардидан ё аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо маҳрум кардани шахсони барои ҷиноятҳои гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ гунаҳгор ба ҷамъият хавфнокии онҳо аз байн меравад. Таъини ҷазо танҳо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ва нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ аз рӯи ин ҷиноятҳо на ҳама вақт принсипҳои қонуни ҷиноятӣ, ба монанди адолат ва инсондӯстиро таъмин менамояд. Аз ҷумла ба шахси гунаҳгор бояд он чораи ҷазои ҷиноятӣ раво дида шавад, ки барои ислоҳи ӯ ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои нав зарур ва кофӣ буда, ҷазои таъиншуда ба кирдори содиршуда ва хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят мувофиқ бошад.

Бо дарназардошти ин меъёрҳо дар санксияҳои моддаҳои 319 — 321 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани ҷазои ҷарима ба сифати ҷазои алтернативӣ дар назар дошта шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, барои такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби кумитаҳо, дар маҷмӯъ 41 таклиф манзур гардид, ки аз онҳо 31-то қабул ва қисман қабул ва 10 адади он дастгирӣ наёфтанд.

Кумитаи масъул 28 январи соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон дода мешавад.

Каримзода Хуршед Абдураҳмон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Зикр кардан лозим аст, ки дар моддаи 4-уми Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки дар моҳи якум ва (ё) моҳи дуюми семоҳа расман нашр шудаанд, аз санаи 1- уми моҳи аввали семоҳа, ки баъди семоҳаи нашр шудани онҳо фаро мерасад, эътибори қонунӣ пайдо мекунанд».

Аз ин рӯ, бо мақсади мутобиқ намудани талаботи моддаи 4-уми Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» моддаи мазкур дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки мувофиқи он санадҳои меъёрии ҳуқуқии характери умумиҳатмидошта аз рӯзи нашр шуданашон мавриди амал қарор дода мешаванд.

Таҳлилҳои гузаронида­шудаи мақомоти гумрук оид ба фаъолияти мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ нишон медиҳад, ки онҳо дар бисёр ҳолат талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ риоя намекунанд.

Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ моддаи 148-уми Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки мувофиқи он мақомоти гумрук тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи мутахассиси барасмиятдарории гумрукиро муайян менамояд.

Зикр кардан лозим аст, ки моддаи пешниҳодгардида ба талаботи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии Киото, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҷавобгӯй мебошад.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади иҷрои уҳдадориҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, моддаи 360 «Усули эҳтиётии муайян намудани арзиши гумрукӣ» Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия шудааст.

Бо мақсади муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар мақомоти гумрук ба моддаи 462-юми Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 13 ворид шудааст.

Ғайр аз ин, ба мақсади мутобиқ намудани талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 66 муҳлати даъво, баргардонидани пардохтҳои гумрукӣ) ба моддаи 394 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шудааст, ки мувофиқи он мақомоти гумрук метавонад ба пардохткунанда дар муҳлати панҷ сол аз рӯзи ба анҷом расидани барасмиятдарории гумрукии мол даъво оид ба пардохт намудани маблағи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳоро пешниҳод намояд, инчунин дар моддаи зикршудаи Кодекси гумрук қисми 9 пешниҳод шудааст, ки мувофиқи он тартиби беэътимод эътироф намудани қарзи пардохткунанда оид ба маблағи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон, ба қисми 2 моддаи 396-уми Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он пардохткунанда метавонад маблағҳои пардохтҳои гумрукии барзиёд супорида ё супоридашударо дар муҳлати панҷ сол аз мақомоти гумрук талаб намояд.

Аз моддаи 483-юми Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 14 ихтисор шудааст, чунки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» пешниҳод намудани уҳдадории хаттӣ пешбинӣ нагардидааст.

Моддаи 492-юми Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки он ба талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Мувофиқи қисми 1 моддаи 492-юми Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин карда мешаванд.

Ваколати ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани шахсони мансабдори мақомоти гумрук ба роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ вогузор шудааст.

Инчунин, дар моддаи мазкур масъалаи ҷойивазкунии шахсони мансабдори мақомоти гумрук, тартиби дар ихтиёри кадрҳо нигоҳ доштани онҳо, гузаронидани аттестатсияи кормандони мақомоти гумрук низ пешбинӣ гардидаанд.

Бо мақсади мутобиқ намудани талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 1 моддаи 497-уми Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки мувофиқи он мақомоти гумрук метавонад фонди манзили идоравӣ дошта бошад ва тартиби истифодабарии онро муайян намояд.

Ғайр аз ин, хатоҳои имлоие, ки дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд буданд, рафъ карда шуданд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро дастгирӣ намоед.

Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баррасии масъалаи мазкур ҷиҳати такмил то ҷаласаи навбатӣ мавқуф гузошта шуд.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дода мешавад.

Қодири ҚОСИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон, ки 14 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таҳия шудааст.

Бояд зикр кард, ки бо мақсади ҷалби низоми давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, алалхусус ассосиатсияҳои соҳавӣ ба раванди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфт.

Гурӯҳи корӣ таҷрибаи муваффақи кишварҳои дигар, ки меъёр ва принсипҳои қонунгузории сармоягузориро самаранок татбиқ менамоянд, мавриди омӯзиш қарор дода, лоиҳаи қонуни мазкурро бо дарназардошти таклифҳои мақомоти марбутаи давлатӣ, ташкилотҳои ҳавасманди ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ тарҳрезӣ намуд.

Бо мақсади беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба хоҷагии халқ дар он мафҳум ва муқаррароти нав оид ба сармоягузорӣ, баҳсҳои сармоягузорӣ, механизми татбиқи экспроприатсияи бавосита ва бевосита, шаклҳои амалӣ намудани сармоягузориҳои хориҷӣ, таъсиси «Равзанаи ягона барои сармоягузорон», кафолати баробарҳуқуқии сармоягузор, пешниҳоди кафолатҳои иловагӣ ва тадбирҳои ҳимояи сармоягузорон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сармоягузор оид ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ ва дигар паҳлуҳои муҳим мушаххас ва васеъ инъикос шудаанд, ки дар қонуни амалкунанда пешбинӣ нашудааст.

Қобили зикр аст, ки ҷорӣ намудани «Равзанаи ягона барои сармоягузорон» баҳри беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти сармоягузорӣ дар кишвар тавассути дастгирии иттилоотӣ, техникӣ ва вокуниши саривақтӣ ба дархостҳои сармоягузорон, инчунин дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатии соҳавӣ ва маҳаллӣ ҳалли мушкилоти онҳо дар раванди пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар лоиҳаи қонуни зикршуда ҷиҳати устувор гардонидани фаъолияти сармоягузорӣ ва пешниҳоди кафолати иловагии ҳуқуқӣ ба сармоягузор, муқаррарот оид ба интихоби шароити барои сармоягузорон мусоид дар мавриди ворид гаштани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда ба муҳлати даҳ сол, ҳимояи ҳуқуқҳои сармоягузор ҳангоми милликунонӣ, экспроприатсия ва реквизитсия, ҳамчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сармоягузор оид ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки аз 23 моддаи қонуни амалкунанда ба 14 моддаи он тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» пурра дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст. Ҳамзамон, аз қонуни амалкунанда се модда хориҷ карда шуда, шаш модда бе тағйир ва нуҳ моддаи нав илова гардидааст.

Бояд гуфт, ки Кумита ҳамкории судмандро бо кумитаҳои марбутаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, лоиҳаи ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти таклифҳои мушаххаси аъзои онҳо такмил дода шуд.

Дар маҷмӯъ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» дар таҳрири нав баҳри боз ҳам беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, зиёд намудани ҳавасмандии сармоягузорон барои фаъолият дар кишвар, сода, возеҳ ва ба талаботи замон мутобиқ намудани заминаи ҳуқуқии соҳа таҳия шудааст.

Қабули қонуни мазкур ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сармоягузорони потенсиалӣ паёми мусбии ҳавасмандии кишвари мо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ хоҳад гашт.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунем, ки лоиҳаи қонуни манзургаштаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015 таҳти № 358 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонун аз 5 боб ва 31 модда иборат буда, баҳри боз ҳам беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонии сармоягузорон барои фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби бештари маблағҳо ба Буҷети давлатӣ дар таҳрири нав таҳия гардидааст.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳо ва муқаррароти нав, шаклҳои амалӣ намудани сармоягузории хориҷӣ, кафолати баробарҳуқуқии сармоягузорон, ҳуқуқ, уҳдадориҳои сармоягузор ва дигар паҳлуҳои муҳими соҳа ба таври мушаххас дарҷ гардидаанд.

Махсус бояд зикр кард, ки барои боз ҳам бештар ҷалб гаштани сармоягузорон ба иқтисодиёти кишвар, осон намудани бақайдгирӣ, сари вақт дастрас кардани иттилоот ва маълумоти зарурӣ дар қонун ташкили равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон, баҳри такмили он 122 таклифу эрод пешниҳод намуданд.

14 январи соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумитаи мас­ъул бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, аз таклифу дархостҳои воридшуда 64-тояш қабул, 11-тояш қисман қабул ва 47-тояш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шуданд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои манзургардида лоиҳаи қонун такмил дода шуд. Махсус бояд зикр кард, ки дебоча мавриди таҳрир қарор гирифта, дар тамоми матни лоиҳаи ин қонун калима ва ҷумлаҳо таҳрир ва мазмунан содаю фаҳмо карда шуданд.

Сархатҳои ҳафтум ва ҳабдаҳуми моддаи 1, моддаҳои 6, 8, 9, 10, 11, 13, 14, қисми 3 моддаи 15, номи моддаи 19, моддаи 21 ва моддаи 29 аз нав таҳрир шуданд.

Дар сархатҳои ҳафтум ва даҳуми моддаҳои 1, 6, 23 калимаҳои «мақоми давлатӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ», ки ин мақомот бевосита фаъолияти сармоягузоронро назорат ва ҳамоҳанг месозад, иваз карда шуданд.

Аз моддаи 4 калимаи «тавассути» хориҷ карда шуд.

Як қатор навгониҳо дар ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, кафолат ба онҳо, ҷалби кормандони хориҷӣ, муомилот бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, кафилӣ ба моликият ҳангоми ҳолатҳои фавқулода дохил карда, мухолифатҳо дар моддаҳои қонун аз байн бурда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 25 январи соли 2016 дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров як қатор эродҳо гирифта, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2016 таҳти № 503 барои такмил ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия бозпас гардонида шуда буд.

Баъди бозпас гардонидани лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаи масъул, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовирони калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифт ва дар мувофиқа бо иштирокдорон аз дебочаи лоиҳаи қонун калимаи «одилона», аз моддаи 3 калимаҳои «ва дигар объектҳои ҳуқуқи гражданиро», аз моддаи 7 калимаҳои «инчунин кишвари аслии баромади сармоягузор ва ё сармоягузорӣ» хориҷ карда шуданд. Сархатҳои панҷум, шашум ва шонздаҳуми моддаи 1, моддаи 6, моддаи 8, қисми 2 моддаи 9, моддаи 14, қисми 3 моддаи 15 аз нав таҳрир карда, дар тамоми матни лоиҳаи қонун калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди», дар сархати ёздаҳуми моддаи 1 калимаи «мақоме» ба калимаҳои «мақоми давлатие», дар қисми 2 моддаи 17 калимаи «гузаштани» ба калимаҳои «ба даст овардани», дар қисми 3 моддаи 23 калимаи «тасдиқ» ба калимаи «муқаррар» иваз карда шуданд.

Ба моддаи 1 сархати нав: «- милликунонӣ — ба моликияти давлат даровардани молу мулки сармоягузор бо пардохти арзиши онҳо ва ҷуб­рони дигар зиёне, ки вобаста ба милликунонӣ ба соҳибмулк расидааст;» ворид, дар ном ва қисми 2 моддаи 12 пас аз калимаи «хусусигардонӣ» калимаҳои «моликияти давлатӣ», дар қисми 8 моддаи 14 ва қисми 2 моддаи 28 пас аз калимаҳои «суди байналмилалии арбитражӣ» калимаҳои «арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» илова карда, моддаи 14 ба боби 5 моддаи 27 гузаронида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Доир ба ин масъала савол доред? Марҳамат.

Ҷамшед САИДОВ: — Оё ҳангоми таъсиси корхонаҳои муштарак, ки бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ сохта мешаванд, барои бештар бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон тадбирҳо андешида мешаванд?

Баъдан, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кафолати ҳуқуқии истифодаи даромадҳо, бахусус сармоягузорӣ аз рӯи муомилоти асъори миллӣ, ҷиҳати ҳимояи сармоягузорон чӣ гуна чорабиниҳоро амалӣ мекунад?

Қодири ҚОСИМ: — Дар ин маврид Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» амал мекунад. Мувофиқи ин қонун ҳар ду ҷониб кафолатҳоро бар уҳда мегиранд, ки ширкат ё муассиси ташкилкунандаи истеҳсолот бояд на камтар аз 80 фоизи кормандони одии истеҳсолиро аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гардонад.

Ҳар сол бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон квотаи муҳоҷирони хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Дар қарори мазкур барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ квотаи муайян ҷудо мегардад.

Дар мавриди саволи дуюм ҳаминро гуфтаниам, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон Кумита дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ба миёномадаро ҳал менамояд.

Хайрулло СУФИЕВ: — Қабули қонуни мазкур ба сармоягузорон чӣ имтиёз ва сабукиҳоро пешбинӣ менамояд?

Қодири ҚОСИМ: — Ба мақсади беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонии сармоягузорон ва саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар лоиҳаи қонуни мазкур як қатор кафолату имтиёзҳоро пешбинӣ иенамояд, махсусан дар коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, алюминий, истеҳсолоти ба самти содиротӣ нигаронидашуда, коркарди маҳсулоти бахши агросаноатӣ ва ғайра.

УСМОНЗОДА Саидҷаъфар: — Соли 2015 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар сармоя ворид шуд ва бо қабули қонуни нав оё вориди сармоя афзоиш меёбад?

Қодири ҚОСИМ: — Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 воридоти сармояи хориҷӣ дар ҷумҳурӣ 977 млн. доллари ИМА ё 7 млрд. 597 млн. сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба соли 2014-ум 28 фоиз бештар буд. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ давоми солҳои 2013 -2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 корхонаи истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Тибқи нақша солҳои 2015 ва 2016-ум сохтмони 16 корхонаи истеҳсолӣ бо таъсиси 4,5 ҳазор ҷойи корӣ ва ҷалби як млрд. доллари ИМА дар назар аст.

Абдулғаффор РАҲМОНЗОДА:  — Дар бораи милликунонӣ миёни Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи қонуни мазкур мухолифат вуҷуд надорад? Зеро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон милликунониро иҷозат медиҳад, аммо он дар лоиҳаи қонуни мазкур манъ карда шудааст.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА: - Ин қонун маҳз ба он хотир қабул мешавад, ки сармоягузор бовар дошта бошад, ки сармояи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардааш таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Агар чунин кафолат набошад, ягон сармоягузор ба иқтисодиёти ҷумҳурии мо сармояи худро намегузорад.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Яке аз рукнҳои асосии рушди иқтисодиёт ҷалби сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. Сармоя дар мавриде гузошта мешавад, ки вазъи сиёсӣ муътадил, муҳити солими иқтисодии ҷалбкунанда, аз ҷумла низоми андозбандӣ ҳукмфармо ва кафолати устувори давлатӣ нисбати сармоягузорон таъмин бошад. Ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» дар таҳрири нав маҳз барои расидан ба ин мақсад равона шудааст. Имрӯз вазъи ноустувори иқтисодӣ- молиявии ҷаҳон, давлатҳои шарики стратегии мо, шиддатнок гаштани таъсири он ба Тоҷикистон зарурати қабули онро дучанд мегардонанд. Ба илова мувофиқи нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазифаҳои минбаъда баҳри рушди соҳаи саноат қонуни мазкур аҳамияти хоса пайдо менамояд.

Бояд зикр намуд, ки дар ду соли наздик дар кишвар 16 корхонаи саноатӣ барои 4500 ҷойи кор бояд ба истифода дода шавад. Барои ин 200 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб мегардад. Сониян, нақшаҳои зиёд нисбат ба рушди соҳаи саноат мавҷуданд, ки ҷалби сармояҳоро талаб менамоянд. Ҳамчунин, соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат низ ба сармояҳо ниёз доранд.

Пеш аз ҳама, дар лоиҳаи қонуни мазкур кафолатҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқии сармоягузор ва устуворӣ дар ҳолати тағйир ёфтани қонунгузорӣ, аз ҷумла дар давоми даҳ сол (пеш панҷ сол буд) кафолат додан ба сармоягузорон барои интихоби шароити ба онҳо мусоид, дар моддаи нав пешбинӣ шудани кафолатҳо ва тадбирҳои иловагии ҳифз барои сармоягузорон, алалхусус сармоягузороне, ки ҳаҷми умумии сармояи онҳо на камтар аз 5 млн. доллари ИМА — ро ташкил медиҳад, мушаххас ва васеъ намудани шаклҳои амалисозии сармоягузориҳои хориҷӣ иқдомҳоянд, ки сармоягузоронро ба худ ҷалб менамоянд.

Ҳамчунин, меъёрҳои пешбинишуда вобаста ба дастгирии давлатии сармоягузор ва сармоягузорӣ ва махсусан пешбинӣ шудани таъсиси равзанаи ягона ба манфиати сармоягузор ва ҳам ба сармоягузорӣ равона карда шудаанд. Акнун вазифаи мақоми ваколатдори давлатӣ аз он иборат аст, ки чунин тартиби ташкил ва фаъолияти равзанаро ба роҳ монад, ки сармоягузоронро ба худ ҷалб созад, расмиятро сода ва дастрас гардонад, содир кардани кирдорҳои характери коррупсионидоштаро пешгирӣ намояд.

Агар барои сармоягузорон шароитро муҳайё намоему низоми хуби ҷалбкунандаи андозро муқаррар накунем, сармоягузоронро ба Тоҷикистон ҷалб карда наметавонем. Низоми андозбандӣ яке аз монеаҳои асосии кам ҷалб шудани сармоягузорони хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Мутобиқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки мақоми ваколатдори давлатӣ вобаста ба масъалаи мазкур дар асоси таҷрибаи имрӯза барои беҳтар кардани имтиёзҳои андозбандӣ ва гумрукӣ нисбати сармоягузорони хориҷӣ, алалхусус, онҳое, ки ба соҳаи саноат сармоягузорӣ мекунанд, таклифҳои мушаххаси худро пешниҳод намояд.

Боварии комил дорам, ки қабули қонуни мазкур барои ҷалби сармоягузорони ҳам ватанию ва ҳам хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон кумак мерасонад. Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки лоиҳаи қонунро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Лоиқзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Маҷидзода ва А. Тағоймуродов ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2015 таҳти № 238 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва аният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ намудан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ба ин васила бартараф сохтани мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххаси ҳамин қонун таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба 11 қисми моддаи 1 –уми қонуни амалкунанда ворид намудани зиёда аз 20 тағйиру илова пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи лоиҳаи ин қонун мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ҳамчун субъекти амният эътироф шудаанд, дар моддаҳои 7, 18, 20, 21, 23 ва 29 ҷой дода шудаанд. Бо мақсади мутобиқати дохилии матни лоиҳаи қонун ба моддаи 1 мафҳуми «манфиатҳои ҳаётан муҳим», ки дар матни қонуни амалкунанда истифода гардидааст, илова шудааст. Ба моддаи 5 тағйирот ворид карда шуда, мисли дигар меъёрҳо бар ивази калимаҳои «устувории сиёсӣ» калимаҳои «суботи сиёсӣ» истифода гардидааст. Дар замони муосир аз ҷумлаи унсурҳои ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда ҷиноятҳои трансмиллӣ ва савдои одамон, инчунин номуътадил гардонидани вазъи молиявии кишвар ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, иловаи дахлдор ба моддаи 6 пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, бо илова ба моддаҳои 10 ва 12 пешниҳод шудааст, ки минбаъд тасдиқи консепсия ва стратегияи амнияти миллӣ дар салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқи муҷозот нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шавад. Дар моддаи 28 муқаррарот нисбати Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода, пешбинӣ шудааст, ки роҳбарони мақомоти мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб метавонанд аъзои Шӯрои амният бошанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо дар маҷмӯъ онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 таклиф пешниҳод гардид, ки 14 таклиф қабул, се таклиф қисман қабул ва 13 таклифи дигар рад карда шуд.

Тазаккур бояд дод, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2016 таҳти №491 барои такмил ба кумита пас гардонида шуда буд.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» баъди барои такмил пас гардонидани он ба кумитаи масъул бо дарназардошти таклифу эродҳои манзуршуда мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Ҳоло ҳамин лоиҳаи такмилдодашудаи қонун барои баррасӣ пешниҳод шудааст.

Кумитаи масъул таклифу пешниҳод ва эродҳоеро, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ва кумитаҳои дахлдор ба лоиҳаи қонуни номбурда манзур шуда буданд,  ба инобат гирифт.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ